Тибқи иттилоъи расмӣ, феълан дар вилояти Хатлон 1015 нафар ҷавонон мақомҳои роҳбарикунандаро ба дӯш доштаанд.
Вале бахши аъзами онҳо танҳо раиси хоҷагии деҳқонии худ буда, аз сӯйи мақомоти ҳукумат «ҷавонони мансабдор» шумурда мешудаанд.
МОНЕАҲО ДАР РОҲИ РУШДИ ҶАВОНОН
Одатан, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ аъзои танҳо як ё ду хонавода кор мекунанд ва яке аз онҳо расман раҳбарии хоҷагиро ба дӯш мегирад. Аммо бар асоси қонунгузорӣ, раиси хоҷагии деҳқонӣ ходими давлатӣ буда наметавонад.
Рустам Насриддинов, муовини сардори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, мегӯяд, дар ҳоле, ки шумораи ҷавонони донишманду шоиста ва кордон кам нест, иддае аз мақомоти расмӣ дар қабули онҳо ба кор дар муассисаҳои давлатӣ худдорӣ мекунанд: «Ин масъаларо ҳатто президенти кишвар ҳам дарк карда, дар паёмаш ба парлумон қайд кард, ки ҷавононро роҳ намедиҳанд, ягон дастури асосие нест, ки ба ҷавонон роҳ кушояд ба мансабҳои давлатӣ. Баҳона мекунанд, ки ҷавонон таҷриба надоранд, дар хизмати давлатӣ кам кор кардаанд, бояд ақаллан 2-3 сол собиқаи корӣ дошта бошанд. Ҳамин хел ҷавонони хуберо аз даст медиҳему онҳо ба корхонаҳои ғайриҳукуматӣ мераванду барнамегарданд. Ҷавонони лаёқатманд бисёранд…»
ЛАЁҚАТМАНДОН ДАР МУҲОҶИРАТ ВА ШИРКАТҲОИ ХУСУСӢ
Зимнан, ба гуфтаи ҷаноби Насриддинов, ҳоло ҳазорҳо ҷавонони донишманд ё дар муҳоҷирати корӣ ба сар мебаранд ё дар ширкату муассисаҳои хусусӣ ва ғайриҳукуматӣ ба кор ҷалб шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, ба назари Рокия Абдуллоева, сардабири радиои вилояти Хатлон, бархе аз мансабдорон, ки аз усулҳои консервативии идораи давлатӣ кор мегиранд, бо ҳар баҳона аз даъвати ҷавонони навҷӯ ва тозаназар парҳез мекунанд, чун аз нерӯи зеҳнӣ ва корбарии мудерни онҳо то ҷое чашми тарс доранд: «Чӣ қадар ҷавонон донишгоҳҳоро бо ихтисосҳои хуб хатм мекунанд. Ҳатто онҳое ҳам, ки бо дипломи аъло ба идораҳои давлатӣ ба кор мераванд, маъюс бармегарданд. Монеаҳо эҷод мекунанд, вазифаҳои роҳбарикунандаро ба ҷавонони ҳушманд бовар намекунанд. Намегузоранд, ки ҷавонон навоварӣ кунанд, қолабшиканӣ кунанд. Дастгирӣ, ки нест, дилмонда мешаванду аз кор дар идораҳои давлатӣ даст мекашанд…»
"...МАҲДУДИЯТЕ ВУҶУД НАДОРАД"
Ва аммо масъулони ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Хатлон иддао доранд, ки дар қабули ҷавонон ба кори давлатӣ ҳеҷ гуна маҳдудият вуҷуд надорад, танҳо шарти аслӣ ин аст, ки ҷавони довталаб бояд мутахассиси хуби соҳаи худ бошад. Абдуламин Исмоилов, раиси ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон мегӯяд, ҳоло дар ин ноҳия 24 ҷавони то 35-сола мақомҳои роҳбарикунандаро ба зимма доранд, ки низ аксарият роҳбари хоҷагии деҳқонӣ будаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати ноҳия омода аст, дар 50 воҳиди нави корӣ, ки ахиран дар ниҳодҳои ҳукуматӣ таъсис дода шудааст, ҷавонони лаёқатмандро ба кор қабул кунанд: «Мо бояд боварӣ дошта бошем, ки ҳамин ҷавони корҷӯ дар ҳақиқат саводи мукаммал, гуфтори дипломатӣ, ҳунари муошират, ҷаҳонбинии васеъ дошта бошад. Забонҳои хориҷиро донад, бо компютер кор кунад. Озмунҳо доир мекунем, мебинем, ки он қадар донишҳои лозимӣ надоранд. Мутаассифона, донишгоҳу донишкадаҳо кадрҳои баландихтисосро тарбия накарда истодаанд. Аз ин рӯ, ҷавонеро ҳамчун кадри арзандаи роҳбарӣ пайдо кардан мушкил аст…»
ҶАВОНОНИ ФАЪОЛИ ВАХШУ БОХТАР
Бо ин вуҷуд чаҳор нафар аз 40 вакили маҷлиси маҳаллии ноҳияи Бохтарро ҷавонон ташкил медодаанд, ки ба бовари раиси ин ноҳия, нишондиҳандаи бад нест.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар маҷлиси вакилони ноҳияи Вахши вилояти Хатлон шумораи вакилони ҷавони то 35-сола ба 30 нафар мерасидааст, ки аксарияти куллро ташкил медиҳад. Дар сохторҳои давлатии ноҳияи Вахш низ беш аз 40 дарсади вазифаҳои роҳбарикунандаро ҷавонон ба дӯш доштаанд. Шодӣ Мӯсоев, раиси ноҳияи Вахш, мегӯяд: «40 дарсад ин нишондиҳандаи хуб аст. Аксари вакилони ноҳия низ ҷавононанд. Хеле фаъоланд ҷавонони мо. Роҳбарони аввал ҳам дорем, директорони мактабҳо, роҳбарони ширкатҳои тиҷоратӣ ва ғайра. Мо аз кори ҷавонон розием, онҳоро тарбия мекунем, то ба вазифаҳои баландтаре бирасанд…»
Вале бо ин ҳам, ҷавонони Хатлонзамин дар мақомҳои баланди роҳбарӣ, мисли раиси шаҳру ноҳия ё муовинони раис ва идораҳои давлатии вилоятӣ дида намешаванд. Дар беҳтарин маврид, мутахассиси ҷавонро дар мақомҳои ёвари раиси ноҳия ё мудири бахши ҷавонон дар ҳукуматҳои маҳаллӣ метавон вохӯрд.