Вазири амнияти Чин тайи сафари дурӯзааш ба Душанбе, бо мақомоти Тоҷикистон гуфтугӯ анҷом дод.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси як тавофуқ Чин ба маблағи 3 миллион юан, муодили 450 ҳазор доллари амрикоӣ барои ин вазорат таҷҳизот кӯмак хоҳад кард.
Вай афзуд, "ин як кӯмаки бузурги амал ба нерӯҳои амниятии Тоҷикистон аст. Онҳоро дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, мубориза бо ҷиноёт ва гурӯҳҳои тундрав мешавад истифода кард. Ҷониби Тоҷикистон муайян мекунад, ки ҷониби Чин кадом таҷҳизотро бояд дар ихтиёри мо гузорад."
Мавзӯи калидии мулоқоти Мен Ҷянҷу, узви Шӯрои давлатӣ ва вазири амнияти ҷамъиятии Чин дар Душанбе амнияти минтақа буд.
ЧИН: НА ТАНҲО ИҚТИСОД...
Тибқи гузориши маркази матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири чинӣ вазъи кунунии минтақаву ҷаҳон, тавсеаи ҳамкориҳои муштарак барои мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир чун терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ баррасӣ кардааст.
Сафари Мен Ҷянҷу, узви Шӯрои давлатӣ ва вазири амнияти ҷамъиятии Чин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон баъд аз ҳаводиси олами араб ва афзудани тахмину гумонзаниҳо дар бораи такрори ин ҳаводис дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат мегирад.
Иддае аз коршиносон мегӯянд, аз ин ба баъд Пекин ба ҷуз тарҳҳои иқтисодӣ, ҳамкориҳояшро дар соҳаи амният низ тақвият хоҳад бахшид.
Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон мегӯяд, фарқи Пекин аз Брюсселу Вашингтон ин аст, ки "инқилобҳои ранга"-ро хуш надорад ва аз вазъи олами араб хеле дар ташвиш аст.
НИГАРОНӢ АЗ ШИНҶОН, УЙҒУР ВА ТИБЕТ?
Вай афзуд, Чин кайҳо ба ин сӯ як ислоҳотеро бо ширкати кишварҳои ҳамсояаш ба хотири безарар кардани атрофи худ пиёда мекунад, ки мисоли барҷастааш аз миён бурдани баҳсҳои марзӣ аст ва ҳоло низ мехоҳад Осиёи Марказиро як минтақаи амн бинад.
"Онҳо зиёд таҳлил мекунанд. Яке аз манбаъҳои ноамнӣ фақру бекорӣ метавонад шавад. Барои ҳамин, Пекин ҳам нигарон аст, ки дар Тоҷикистон ё кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ягон ноамнӣ ба вуҷуд ояд ва сарҳадро рахна карда, ба Чин гузарад. Сухан дар бораи ду вилояти ин кишвар - Шинҷон - Уйғур ва Тибет меравад, ки ҳанӯз пурра ба Пекин интегратсия нашудаанд. Ин аст, ки онҳо моро аз мо ҳам хуб меомӯзанд ва мекӯшанд, ки амнияти мо таъмин бошад",-илова кард ӯ.
Бо он вуҷуд ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Чинро дар соҳаи амният нақши Амрикову Русия камранг мекунад, аммо Пекин барои артиши Тоҷикистон қаблан ҳам кӯмакҳои зиёд карда, мутахассисони низомии тоҷикро омӯзиш додааст.
ЧИН АЗ НОАМНИҲО ҶИЛАВГИРӢ МЕКУНАД?
Иддае аз коршиносон мегӯянд, бархӯрди на фақат Чин, балки тамоми қудратҳо дар доираи манфиатҳои худашон ва хеле сатҳӣ аст. Абдунабӣ Сатторзода, аз Маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, як гуна таваҷҷӯҳи хоси Пекинро ба амнияти Тоҷикистон ҳис накардааст.
Ӯ гуфт, "иллаташ ҳам ин аст, ки мутаассифона, дар Осиёи Марказӣ қабл аз ин ҳам ба назар мерасид ва ҳоло бештар ба назар мерасад, масъалаи таъмини амният ҳал нагардидааст. Борҳо гуфта мешавад, ба миён гузошта мешавад, дар сатҳу ҷамъомадҳои гуногун, дар чаҳорчӯби созмонҳои гуногун, вале мутаассифона, ҳоло аз пайи дарёфти роҳҳали таъмини амният дар минтақа нестанд. Манзури ман давлатҳо ҳастанд."
Абдуғанӣ Мамадазимов мегӯяд, Пекин аз пеш омадани ноамниҳо дар Осиёи Марказӣ бармаҳал хулосаҳои худро бароварда, ба хотири ҳалли мушкилсармояашро ба минтақа сарозер кардааст ва ин ҳам як гуна ба хотири ҷилавгирӣ аз ноамниҳо ва низ устувор кардани ҷои пой аст.
САРМОЯГУЗОРИ РАҚАМИ 1
Чин имрӯз сармоягузори рақами аввали иқтисоди Тоҷикистон аст. Ҳоло беш аз 1 миллиард доллар дар бахшҳои стратегии иқтисоди кишвар - энержӣ, нақлиёту мухобарот, кишоварзӣ ва сохтмон сармоягузорӣ кардааст. Ҳаҷми сармоягузориҳои ваъдашудаи Чин ба Тоҷикистон беш аз 2 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Ба тахмини коршиносон, солҳои наздик Чин ба шарики аслии ҳамсояи ғарбиаш табдил хоҳад ёфт, ки ҳоло гардиши мол миёни кишвар ба ҳадди як миллиард доллар расидааст.
Дар ҳамин ҳол, дар пайи сафари Мен Ҷянҷу, вазири амнияти ҷамъиятии Чин қазияи се уйғуртабори шаҳрванди Туркия, ки бо дархости Пекин моҳи январ дар Душанбе боздошт шуда буданд, норӯшан монд. Худи вазири чинӣ аз ҳар гуна мулоқот бо хабарнигорон канораҷӯӣ кард ва мақомоти Тоҷикистон низ дар ин маврид нахостанд сӯҳбат кунанд.
Иддае аз коршиносон мегӯянд, аз ин ба баъд Пекин ба ҷуз тарҳҳои иқтисодӣ, ҳамкориҳояшро дар соҳаи амният низ тақвият хоҳад бахшид...
Вай афзуд, "ин як кӯмаки бузурги амал ба нерӯҳои амниятии Тоҷикистон аст. Онҳоро дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, мубориза бо ҷиноёт ва гурӯҳҳои тундрав мешавад истифода кард. Ҷониби Тоҷикистон муайян мекунад, ки ҷониби Чин кадом таҷҳизотро бояд дар ихтиёри мо гузорад."
Мавзӯи калидии мулоқоти Мен Ҷянҷу, узви Шӯрои давлатӣ ва вазири амнияти ҷамъиятии Чин дар Душанбе амнияти минтақа буд.
ЧИН: НА ТАНҲО ИҚТИСОД...
Тибқи гузориши маркази матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири чинӣ вазъи кунунии минтақаву ҷаҳон, тавсеаи ҳамкориҳои муштарак барои мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир чун терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ баррасӣ кардааст.
Сафари Мен Ҷянҷу, узви Шӯрои давлатӣ ва вазири амнияти ҷамъиятии Чин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон баъд аз ҳаводиси олами араб ва афзудани тахмину гумонзаниҳо дар бораи такрори ин ҳаводис дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат мегирад.
Иддае аз коршиносон мегӯянд, аз ин ба баъд Пекин ба ҷуз тарҳҳои иқтисодӣ, ҳамкориҳояшро дар соҳаи амният низ тақвият хоҳад бахшид.
Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон мегӯяд, фарқи Пекин аз Брюсселу Вашингтон ин аст, ки "инқилобҳои ранга"-ро хуш надорад ва аз вазъи олами араб хеле дар ташвиш аст.
НИГАРОНӢ АЗ ШИНҶОН, УЙҒУР ВА ТИБЕТ?
Вай афзуд, Чин кайҳо ба ин сӯ як ислоҳотеро бо ширкати кишварҳои ҳамсояаш ба хотири безарар кардани атрофи худ пиёда мекунад, ки мисоли барҷастааш аз миён бурдани баҳсҳои марзӣ аст ва ҳоло низ мехоҳад Осиёи Марказиро як минтақаи амн бинад.
"Онҳо зиёд таҳлил мекунанд. Яке аз манбаъҳои ноамнӣ фақру бекорӣ метавонад шавад. Барои ҳамин, Пекин ҳам нигарон аст, ки дар Тоҷикистон ё кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ягон ноамнӣ ба вуҷуд ояд ва сарҳадро рахна карда, ба Чин гузарад. Сухан дар бораи ду вилояти ин кишвар - Шинҷон - Уйғур ва Тибет меравад, ки ҳанӯз пурра ба Пекин интегратсия нашудаанд. Ин аст, ки онҳо моро аз мо ҳам хуб меомӯзанд ва мекӯшанд, ки амнияти мо таъмин бошад",-илова кард ӯ.
Бо он вуҷуд ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Чинро дар соҳаи амният нақши Амрикову Русия камранг мекунад, аммо Пекин барои артиши Тоҷикистон қаблан ҳам кӯмакҳои зиёд карда, мутахассисони низомии тоҷикро омӯзиш додааст.
ЧИН АЗ НОАМНИҲО ҶИЛАВГИРӢ МЕКУНАД?
Иддае аз коршиносон мегӯянд, бархӯрди на фақат Чин, балки тамоми қудратҳо дар доираи манфиатҳои худашон ва хеле сатҳӣ аст. Абдунабӣ Сатторзода, аз Маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, як гуна таваҷҷӯҳи хоси Пекинро ба амнияти Тоҷикистон ҳис накардааст.
Ӯ гуфт, "иллаташ ҳам ин аст, ки мутаассифона, дар Осиёи Марказӣ қабл аз ин ҳам ба назар мерасид ва ҳоло бештар ба назар мерасад, масъалаи таъмини амният ҳал нагардидааст. Борҳо гуфта мешавад, ба миён гузошта мешавад, дар сатҳу ҷамъомадҳои гуногун, дар чаҳорчӯби созмонҳои гуногун, вале мутаассифона, ҳоло аз пайи дарёфти роҳҳали таъмини амният дар минтақа нестанд. Манзури ман давлатҳо ҳастанд."
Абдуғанӣ Мамадазимов мегӯяд, Пекин аз пеш омадани ноамниҳо дар Осиёи Марказӣ бармаҳал хулосаҳои худро бароварда, ба хотири ҳалли мушкил
Худи вазири чинӣ аз ҳар гуна мулоқот бо хабарнигорон канораҷӯӣ кард ва мақомоти Тоҷикистон низ дар ин маврид нахостанд сӯҳбат кунанд...