Саволи Шумо ба Зариф Ализода

Зариф Ализода, намояндаи ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Зариф Ализода, нахустин намояндаи ваколатдори ҳуқуқи инсон ва ё обмудсмени Тоҷикистон, изҳори омодагӣ кард, ки ба пурсишҳои хонандагони торнамои “Озодӣ” посух гӯяд.
Ҷаноби Ализода аз моҳи майи соли 2009 то ба ин сӯ намояндаи ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аст.

Вай соли 1962 дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ таваллуд шуда, соли 1984 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо тахассуси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Сармутахассиси Кумитаи Шӯрои олии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, раҳбари Кумитаи назорати конститутсионии Тоҷикистон, узви Комиссияи оштии миллӣ, вакил ва раҳбари Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони парлумони Тоҷикистон будааст.

Солҳои 2003-2006 раиси Додгоҳи Қонуни асосии кишвар ва пас аз он мушовири давлатии раисҷумҳур ва намояндаи раисҷумҳур дар парлумон буд.