Ислом, муллоҳои тоҷик ва интернет

Акс аз бойгонӣ

Маҳдудияти баҳсҳои исломӣ дар телевизиону радиоҳои кишвар, ин ҳамаро ба саҳифаҳои интернетӣ кӯчонидааст.
Ҳоло дар интернет даҳҳо саҳифаи тоҷикӣ пайдо шудааст, ки дар он масоили мухталифи динӣ, пурсишу посухҳо, китобҳо ва ҳамчунин мавъизаи рӯҳониёни тоҷик нашр мешаванд.
Вақте рӯи саҳифаи “Гугл” меравед ва вожаи “ислом”-ро ҷустуҷӯ мекунед, бароятон чанд сомонаи исломии тоҷикиро нишон медиҳад...


Муҳаммади Фармонзода, аз ҷавонҳои рӯшанфикри тоҷик, мегӯяд, дар ҳоле ки рӯҳониён дар майдони васеи телевизонҳои Тоҷикистон нағунҷидаанд, ин саҳифаҳои интернетист, ки ба онҳо оғӯш кушодааст.

“Ҳатто ташкили як сомона ҷиҳати тарғиби арзишҳои мазҳабиву динӣ нисбат ба таъсиси радиову телевизион ва ё нашрияи сирф исломӣ осонтар аст”,-мегӯяд ӯ.

"ОМОР ВУҶУД НАДОРАД"

Хеле кам воқеъ мешавад, ки радиову телевизонҳои давлатии Тоҷикистон ин ё он масоили марбут ба дини исломро баҳс бикунанд. Ин гуна баҳсҳо танҳо замоне иттифоқ меуфтад, ки агар раисҷумҳур барои иқдоме аз дини ислом мисол орад ва ё вуҷуди он масъаларо дар ислом таъкид бикунад.

Бо ин вуҷуд дақиқ ҳисоб нашудааст, ки дар тури интернетӣ чӣ қадар аз сомонаҳои тоҷикии исломӣ ва ё панду ахлоқӣ амал мекунанд. Рустам Қосимов, раҳбари созмони иҷтимоии “Интернет” дар Душанбе, ки бо барномаи “Оини мадоро” сӯҳбат мекард, гуфт, ҳанӯз дар дасти онҳо ин гуна омор вуҷуд надорад ва ҳам пажӯҳиши комиле дар ин замина анҷом нашудааст.

"Мутаассифона, бевосита дар ин бора таҳқиқоте гузаронида нашудааст. Аммо бар асоси пажӯҳишҳои дигар барои мо маълум аст, ки дар Тоҷикистон сомонаи Донишгоҳи исломӣ ва чанд сомонаи дигар аз тарафи тоҷикзабонҳо сохта шудааст, ки ба мавзӯи ислом дахл дорад",-илова кард ҷаноби Қосимов.

НА ТАНҲО ДИН

Муҳаммадиқболи Садриддин
Бо ин вуҷуд, вақте рӯи саҳифаи "Гугл" рафта ва вожаи "ислом"-ро ҷустуҷӯ кунед, бароятон чанд сомонаи исломии тоҷикиро нишон медиҳад, ки ҳар кадоме онҳо роҳу равиши худро доранд.

Яке аз ин сомонаҳо “Васатият”, саҳифаи интернетии Бунёди ҷамъиятии "Васатият" аст, ки ҳанӯз ду соли пеш рӯи кор омада ва ба гуфтаи бунёдгузораш, Муҳаммадиқболи Садриддин, танҳо матолиби кормандони ин созмонро интишор медиҳад.

Бунёдгузори "Васатият" мегӯяд, ҳарчанд дар оғози кори ин сомона мушкилҳое доштаанд, аммо ҳоло талош доранд, то ин саҳифаро ба саҳифаи ҳамагонӣ табдил диҳанд, ки ҳар касе ба он ворид шуда, муносиб ба табъу завқи худ матлабе пайдо кунад: "Албатта, сомонаи мо фарҳангӣ, динӣ ва таърихӣ аст. Дар баробари ин, мо кӯшиш дорем, инчунин бахшҳои латифа, шеъри рӯз ва ҳикматҳоро ворид кунем. То ҳар касе, ки вориди сомонаи мо мешавад, чизе, ки мехоҳад рӯи ин саҳифа бубинад."

Ҳамон гуна ки Муҳаммадиқболи Садриддин гуфт, дар гузашта аз сомонаи онҳо дар як рӯз аз сад то дусад нафар боздид мекард. Аммо ҳоло ин рақам дар моҳи марти соли ҷорӣ то ду ҳазор ва ҳамакунун дар як рӯз то панҷ ҳазор нафар расидааст.

ЧАРО ДАР ХОРИҶ?

Фирдавсии Нуралиён
Бештари сомонаҳои тоҷикии исломӣ берун аз кишвар таҳия шуда ва аз он ҷо идора мегарданд. Аммо иддае аз мудирони ин сомонаҳо, ки бо мо сӯҳбат доштанд, дарёфти кӯмаки молӣ аз хориҷ барои роҳандозии ин гуна сомонаҳоро радд намуданд.

Аз ҷумла Фирдавсии Нуралиён, раҳбари сомонаи "Фирдавсӣ" мегӯяд, "бештари маводи сомона аз рӯзномаҳои расмӣ ва сомонаҳои дигар баргирифта мешавад. Дар омодасозӣ ва баргардони баъзе мавод гоҳ-гоҳ бархе афрод ба ивази музди молӣ кӯмак мекунанд. Аммо аз роҳи молӣ то ҳол кӯмаке надидаам ва ниёз ҳам надорам."

Муҳаммадамини Муҳаммадалӣ, мудири сомонаи "Шифо", ки бештар дар масоили ислом ва сеҳру ҷоду баҳс мекунад, мегӯяд, ки сомонаи худро якуними соли пеш дар Миср таъсис додааст. Вай мегӯяд, дар чанд соли пеш ба ин назар буд, ки дар Тоҷикистон интернет рушд накардааст ва аз ин рӯ ин сомонаро аз хориҷ роҳандозӣ карда ба кори худ идома медод.

Ҳоло ӯ дар Тоҷикистон аст ва умед дорад, ки бо истифода аз шароити мавҷуд матолиби сомонаи худро аз дохил таҷдид кунад. Вай афзуд, "дар ин ҷо мушкили асосӣ мушкили интернет аст. Ин саҳифаро ман дар Миср кушода будам, чун дар он ҷо таҳсил мекардам. Вале ҳоло дар Душанбе ҳастам ва мебинам, ки дар соҳаи интернет ҳам пешравиҳо ҳаст. Барои ҳамин, ҳар чӣ навгоние бошад, аз ин ба баъд аз Душанбе анҷом хоҳам дод”,-афзуд ӯ.

"ҚАСДИ ДИГАРЕ НАДОРЕМ"

Эшони Маҳмудҷони Тӯраҷонзода
То кунун танҳо сомонаи хонаводаи рӯҳониён Тӯраҷонзодаҳо, ки ба бародарон - Эшони Нуриддин, Маҳмудҷон ва Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода марбут аст, рӯи кор омадааст.

Маҳмудҷони Тӯраҷонзода, имомхатиби масҷиди "Муҳаммадия"-и ноҳияи Ваҳдат, дар сӯҳбат ба мо гуфт, онҳо сомонаи худро бо дархост ва пешниҳоди ҷонибдорон ва мухлисони худ ва он ҳам аксар аз хориҷи кишвар, сохтаанд.

Ҷаноби Тӯраҷонзода афзуд, "сайти мо зиёда аз як сол мешавад, ки фаъол аст. Хонандагони зиёде пайдо кардааст. Теъдоди онҳое, ки то кунун аз сомонаи мо дидан кардаанд, ба бештар аз якуним миллион нафар мерасад. Аз рӯзе, ки ин сомонаро боз кардем, кори он муддати тӯлонӣ муттавақиф нашудааст."

Бо ин ҳол, ба таъкиди Маҳмудҷони Тӯраҷонзода, ҳадаф аз таҳияи ин сомона наздикӣ бо ҷонибдорон ва посух ба пурсишҳои онҳо буда, қасди дигареро дунбол намекунанд: “Онҳое, ки дар Русия кор мекунанд, аз мо хоҳиш намуданд, то сайтеро созмон диҳем, ки онҳо ба мавъизаҳову посухҳои мо дастрасӣ дошта бошанд. Инчунин, аз дохили Тоҷикистон ҳам дархостҳо зиёд буд. Пас аз ин, мо ин кори хайрро роҳандозӣ кардем. Ба хотири савоб. Вагарна ягон қасди дигаре дар ин амр надорем."

МУЛЛОҲО ВА ИНТЕРНЕТ

Саидбек Маҳмадуллоев
Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири сомонаи "Васатият" мегӯяд, ҳарчанд рӯҳониёни дигари тоҷик низ мехоҳанд, рӯи сафҳаи интернет бо мухлисони худ рӯ ба рӯ оянд, аммо бо фанновариҳои ҷадид, аз ҷумла интернет мушкил доранд.

Ин аст, ки ба гуфтаи ҷаноби Садриддин то кунун худи рӯҳониён мустақим дар интернет пайдо нашудаанд, ҳарчанд мавъизаву посухҳо ва навиштаи онҳо дар ин ё он сафҳаи интернетӣ нашр шудааст.

То ҳоло дар Тоҷикистон дар бораи сайтҳои тоҷикии исломӣ сӯҳбатҳои зиёде анҷом нагирифтааст. Ҳатто мақомоти давлатӣ мушаххас накардаанд, ки кадоме аз ин сайтҳои тоҷикии исломӣ бояд мавриди истифода бошанд ва кадоме не.

Сайидбек Маҳмадуллоев, масъули шӯъбаи ташхиси диншиносии Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, то кунун ба онҳо даст надодааст, ки ин гуна саҳифаҳоро ташхис ва хулосаи худро пешниҳод кунанд. Бо ин ҳол, ӯ мегӯяд, бояд ҳар гуна мавъиза ва адабиёти динӣ, ки рӯи саҳифаҳои интернет ва он ҳам бо забони тоҷикӣ ҷой мегиранд, бояд аз назари мутахассисони Кумитаи дин бигузаранд ва пас аз он мавриди истифода қарор гиранд.

"ДАРВОЗАИ НАВИ ФИТНА"

Муҳаммади Фармонзода
Ин дар ҳолест, ки бештари соҳибназарон мегӯянд, ҳарчанд мақомоти давлатӣ матолиби радиову телевизион ва матбуотро метавонанд назорат кунанд, вале ба гуфтаи онҳо назорат ва идораи интернет аз сӯи мақомот мушкил будааст.

Муҳаммади Фармонзода мегӯяд, дар тӯри интернетӣ даҳҳо саҳифаи мухталифи интернетӣ мавҷуданд, ки ҳар кадоме онҳо бо аҳдофе сохта шудаанд ва гоҳо равияҳои мухталифи диниро таблиғ мекунанд.

Бино бар ин, Фирдавсии Нуралиён, мудири сомонаи интернетии "Фирдавсӣ" мегӯяд, "мардуми тоҷик, мардуми фарҳангдӯст, диндор ва илмпарваранд ва дӯст доранд, ки муставои дониши худро бо ҳар василае баланд намоянд, аз ин рӯ, роҳ ёфтани рӯҳониёни тоҷик ва баррасии масоили шаръӣ ва фарҳангӣ аз тариқи интернет аз манфиат холӣ нест. Аммо ба шарти ин ки арзи ин масоил сирф, тибқи мазҳаби роиҷи аҳли суннат дар Тоҷикистон - мазҳаби Имом Абуҳанифа сурат бигирад, зеро дар сурати ғайр, бими он аст, ки дарвозаи нави фитнаи динӣ ва парокандагии миллӣ кушода шавад."

Бо ин ҳол, мақомоти Тоҷикистон вуруд ба ҳамагуна сайтҳои исломие, ки ифротгароиро таблиғ мекунад ва хилофи қонунҳои ин кишвар аст, мамнӯъ донистаанд.

Аз ҷумла, истифода аз матолиби сомонаи аъзои Ҳизбуттаҳрир ва Ҷунбишҳои дигари исломӣ, ки амалҳои пайкорҷӯёна анҷом дода ва алайҳи солхти конститутсионии кишвар баромад мекунанд, низ манъ будааст.