Тоҷикистон ва ниёзмандиҳо ба маводи сӯхт

Тоҷикистон роҳҳои алтернативии таъмини ниёзҳои дохилии худ ба маводи сӯхтро ҷустуҷӯ мекунад.
Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 90 дарсади маводи сӯхтро Тоҷикистон аз Русия ворид мекунад. Баъди он, ки Русия барои содироти фаровардаҳои нафтӣ ба Тоҷикистон боҷи содиротӣ ҷорӣ намуд, мақомоти Тоҷикистон ҳамвора талош кардаанд, ки Русияро барои лағви ин муқаррарот моил кунанд. Аммо Русия ба ҷои посух гуфтан ба ин дархости Тоҷикистон, дар аввали моҳи равон ба андозаи панҷ дарсади дигар ин боҷро боло бурд. Ин ҳол зарурати таъмини маводи нафтӣ аз манобеи дигарро пеш овардааст.

ТОҶИКИСТОН ДАР ҶУСТУҶӮИ РОҲҲОИ АЛТЕРНАТИВӢ

Мавзӯъи таъмини ниёзҳои Тоҷикистон бо фаровардаҳои нафтии Туркманистон аз мавзӯъҳои мавриди гуфтугӯ дар мулоқоти ахири сафири Тоҷикистон дар Ашқобод бо Назарқулӣ Шогулиев, муовини сарвазири он кишвар будааст. Абдураҳим Ашӯр, сафири Тоҷикистон дар Туркманистон бо мақомоти Туркманистон ҳамчунин масъалаи транзити молу коло, аз ҷумла интиқоли алюминиюми Тоҷикистон тавассути қаламрави Туркманистон ба кишварҳои дигарро низ сӯҳбат ва ба гуфтаи манобеи сафорат мушкили мавҷуд дар ин заминаро ҳал намудааст.

Болоравии қимати маводи сӯхт дар Тоҷикистон, ки ба думболи ҷорӣ намудани боҷи содиротӣ аз сӯи Русия иттифоқ уфтод, боиси болоравии қимати дигар молу коло дар бозорҳо шудааст ва акнун яке аз масъалаҳои аслӣ барои иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Аммо ворид намудани нафт ва маҳсулоти нафтӣ аз Туркманистон то куҷо метавонад мушкили ниёзмандиҳои Тоҷикистон ба маводи сӯхтро осон ва онро аз вобастагии комили Русия бениёз гардонад? Ва оё чунин коре дар амалан воқеъ шуданӣ ҳаст?

ТУРКМАНИСТОН ВА НИЁЗМАНДИҲОИ НАФТИИ МО

Давлат Усмон, вазири пешини иқтисоди Тоҷикистон мегӯяд, ҳалли ин масъала бо Туркманистон ба ҳадде, ки битавонад ниёзи Тоҷикистонро бароварда кунад ва то ҷое Тоҷикистонро аз вобастагии нафти Русия халос намояд, ба соддагӣ имкон надорад. Оқои Усмон мегӯяд, ин масъала фақат метавонад дар сатҳи қарордоди байниҳукуматӣ ҳалли худро пайдо намояд. Ӯ
Давлат Усмон
мегӯяд: «Дар Туркманистон бар асоси қарори ҳукумати он кишвар, фурӯши маводи сӯхтӣ бар асоси музояда сурат мегирад. Дар ҳоле, ки дар баробари мо як кишваре мисли Афғонистон, ки сад дарсад сӯзишвориро ворид мекунад, дар музояда ширкат мекунад, барои мо ҳеҷ гуна имтиёзе вуҷуд нахоҳад дошт. Агар масъала дар сатҳи қарордоди давлатӣ ҳал шавад, ки бо имтиёз мо маводи сӯхтро харидорӣ кунем, метавонем ба осон шудани ин мушкили худ умед бандем. Аммо ширкат дар музоядаҳои умумӣ дар бозори Туркманистон барои мо имтиёз намедиҳад».

Тиби қарори ҳукумати Русия, боҷи содиротӣ барои нафт ва фаровардаҳои нафтӣ ба Тоҷикистон аз аввали моҳи апрели 5,3 дарсад барои ҳар тоннаи он афзоиш ёфтааст. Ва акнун қимати ҳар тонна бензин барои Тоҷикистон 283 доллар тамом хоҳад шуд. Русия аз моҳи майи соли гузашта барои содироти нафт ба Тоҷикистон боҷӣ содиротӣ ҷорӣ намуд. Дар ҳоле, ки аз соли 1995 то соли 2010 Тоҷикистон бар асоси таруфаҳои имтиёзӣ маҳсулоти нафтиро аз Русия ворид мекард.

РОҲИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛА ЧИСТ?

Дар тобистони соли гузашта сарвазири Тоҷикистон тибқи номае аз ҳамтои русии худ Владимир Путин хост, ки боҷи содиротиро барои Тоҷикистон лағв кунад. Аммо ин таруфаҳо лағв нашуд. Русия ҳоло барои кишварҳои узви Иттиҳодияи ва инчунин барои Қирғизистон маҳсулоти нафтиро бидуни боҷи содиротӣ мефурӯшад.

Аксари коршиносон яке аз роҳҳои ҳалли масъаларо аз миён бурдани монополияи ширкатҳои русӣ дар бозори нафтии Тоҷикистон медонанд. Дар ҳоли ҳозир ширкати «Газпромнефт»-и Русия воридкунандаи аслии бензин ба Тоҷикистон аст ва бино ба омори расмӣ, 92 дарсади бозори маҳсулоти нафтиро таҳти инҳисори худ дорад.

Ба гуфтаи коршиносони тоҷик, як роҳи дигари ҳалли масъала, ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи гумрукӣ аст. Иттиҳодияи иборат аз Русия, Белорус ва Қазоқистон. Аммо Русия ба гуфтаи таҳлилгарони тоҷик, ҳоло моил ба узвияти Тоҷикистон дар ин иттиҳодия низ нест.

Таҳлилгарон мегӯянд, танҳо корти имтиёзе, ки дар дасти мақомоти Тоҷикистон боқӣ мемонад, савдо бар сари масоили сиёсӣ ва низомӣ, аз ҷумла фурӯдгоҳи низомии Айнӣ ва додани имтиёз дар ин масоил ба Русия аст.