Шаҳрванди Туркия дар Бишкек боздошт шуд

Додгоҳи Биринчӣ Маи шаҳри Бишкек дастур додааст, ки Йилмоз Гунес-шаҳрванди Туркия барои шаллоқ задани як зани ҳамкори худ ду моҳ дар зиндон нигоҳ дошта шавад. Гунес корманди супермаркети Beta-Stores-3 16-ӯми апрел замоне боздошт шуд, ки ҳамкори вай Чолпон Оразбоева бо осори шадиди шаллоқ ба бемористон интиқол дода шуд. Аммо Гунес мегӯяд, ки ҳеҷ гуноҳ надорад.