Додситонӣ Музаффар Давлатов, падари Алии Бедакиро ба ташкили воҳидҳои ғайриқонунӣ айбдор мекунад.
Аммо айбдоршавандаи 76-сола ин иттиҳомро рад карда ва беасос номидааст. Қарор аст мурофиаи додгоҳии Музаффар Давлатов дар рӯзҳои наздик шурӯъ шавад.
ИТТИҲОМ: ТАШКИЛИ ГУРӮҲИ МУСАЛЛАҲ
Таҳқиқи парвандаи Давлатов сӯи додситонии низомии Тоҷикистон сурат гирифтааст. Манобеи додситонии низомӣ хабари анҷоми тафтиши ин парвандаро таъйид карданд.
Як манбаи наздик ба мақомоти тафтишотӣ, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, ки Музаффар Давлатов бар асоси моддаи 185-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ муттаҳам мешавад. Қаблан мақомоти интизомии Тоҷикистон ӯро бо иттиҳоми пинҳон доштани маълумот ва хабар надодан дар бораи содиршавии ҷиноят боздошт карда буданд.
Урунбой Бобошеров, вакили дифои Музаффар Давлатов дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки иттиҳоми қаблан эълоншуда, яъне пинҳон доштани маълумот ба ниҳодҳи интизомӣ аз парвандаи нафари зери ҳимояти ӯ лағв шудааст. Зеро бар асоси меъёрҳои мавҷудаи Тоҷикистон, хешовандони наздик барои чунин амал гунаҳгор дониста намешаванд ва барои ин кор ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ нашудааст. Вакили дифои Музаффар Давлатов гуфт, ки аз ибтидо то интиҳои ҷараёни тафтишот ӯ шахсан ҳузур дошта ва кадом мавриди фишор ва ё бадрафтории муфаттишон нисбати зерҳимояшро мушоҳида накардааст.
ДАВЛАТОВ ИТТИҲОМРО РАД МЕКУНАД
Оқои Бобошеров гуфт, ки ҳимояшавандаи ӯ айбҳои ба ӯ эълоншударо рад кардааст. Аммо худи вакили дифоъ гуфт, ки фикру мулоҳизаҳояш дар бораи дурустии ҷараёни таҳқиқи парвандаро танҳо дар додгоҳ хоҳад гуфт: «Ман шахсан бо маводҳои кор шинос нестам. Тафтишот чӣ далелу асос дорад, ки ба моддаи 185 ӯро айбдор мекунад. Аммо худи Давлатов худро бегуноҳ меҳисобад. Баъди шиносоӣ бо парванда метавонам фикру мулоҳизаҳоямро баён дорам.»
Ва аммо ин вакили дифоъ гуфт, ки Музаффар Давлатов аз вазъи саломати худ дар боздоштгоҳи муваққат шикоят кардааст. Вале табибони ноҳияи Рашт бо далоили номаълум аз додани санад дар бораи вазъи сиҳатии Музаффар Давлатов даст кашидаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки наздикон ва ҳамсояҳои Музаффар Давлатов дар деҳаи Бедаки ноҳияи Рашт бовар надоранд, ки ӯ даст ба чунин ҷиноят зада бошад ва бо чунин гуноҳ муттаҳам шуданро таҳти шубҳа қарор медиҳанд.
"АЗ Ӯ ҲЕҶ БАДИЕ НАДИДЕМ"
Абдусалом Абдуллоев-як нафар мӯйсафеди 65-солаи ҳамсоя бо Музаффар Давлатов мегӯяд, тӯли солҳои зиёди ҳамсоягӣ, аз ин шахс ҳеҷ амали бадеро надидааст. Аз тарафи дигар мегӯяд ӯ, Давлатов ба ҷуз масҷид рафтан ва дар хона нишастан кори дигаре надошт: «Пойҳояш дард мекарданд. Доим дар хона ва масҷид қарор дошт. Тӯли сӣ соли ҳамсоягӣ аз ӯ ҳеҷ бадиеро надидем. Фақат хубиашро дидаем. Боварӣ дорам, ки вай ба ин корҳо дахолат надошт. Дар Райпо ва идораи ДЕУ сармуҳосиб буд.»
ҒАЛАТИ ПИСАР-ДАРДИ САРИ ПАДАР
Музаффар Давлатов, падари Алии Бедакӣ, аз размандагони пешини Иттиҳоди мухолифини тоҷик ва собиқ афсари вазорати умури дохилаи Тоҷикистон моҳи январи соли ҷорӣ боздошт шуда буд. Аммо худи Алии Бедакӣ, ки мақомот ӯро дар ҳамла ба корвони вазорати дифои Тоҷикистон дар августи соли гузашта дар дараи Камароб гунаҳкор донистанд, дар моҳи январ дар ҷараёни як амалиёт аз сӯи нерӯҳои давлатӣ ҳамроҳ бо чанде аз вафодоронаш кушта шуд.
Вале баъдан наворҳое дар сафҳаҳои интернет мунташир шуданд, ки боздошт ва мавриди бозҷӯӣ қарор гирифтани ӯро қабл аз кушта шудан ба намоиш мегузошт. Ин ҳам дар ҳолест додгоҳи шаҳри Душанбе чанде пеш бародари ӯ Ҳусниддин Давлатовро, ки намояндаи маҷлиси маҳаллӣ аз Ҳизби наҳзати исломӣ буд, барои ҳамкорӣ бо воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ба 11 соли зиндон маҳкум кард.