Оғози мавсими баҳории "облава"

Агарчӣ мақомот мавридҳои даъвати маҷбурии ҷавонон ба артишро рад мекунанд, аммо сокинон чизи дигар мегӯянд.
Наврӯз се рӯзи пеш аз Русия ба аёдати модари бемораш омада ва дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба "дом"-и кормандони комиссариати ҳарбии яке аз ноҳияҳои пойтахт афтид.
Дар сафарбаркунии ҷавонон ба сафари артиш кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ҳам саҳмгузор ҳастанд...


Вай мегӯяд, "ду нафар маро тела дода ба мошине шинонданд. Гуфтам, ки Шумо ягон ҳуҷҷат барои облава кардани мо доред. Шумо кӣ ҳастед, барои хидмат мебаред ё намебаред, шояд Шумо гурӯҳҳои дигар бошед. Агар хидмат бошад, куҷост санади қонуниатон? Пас аз он гуфтанд, ки рафтем, баъд "закон"-ро нишон медиҳем."

"ОБЛАВА" МАНЪ АСТ"

Ин ҷавони тоҷик мегӯяд, ба хидмат дар артиш мухолиф нест, аммо вақте қиссаҳои маргу мири сарбозони ҷавонро мешунавад ё мебинад, ӯро даҳшат фаро мегирад.

Назари мақомот ва сокинонро дар бораи "облава" дар ин ҷо бишнавед:



Дар қонунгузории Тоҷикистон ба роҳ мондани "облава" ё шеваи маҷбурӣ ба хидмат сафарбар кардани ҷавонони сини хидмат ба артиш манъ аст, аммо аз замони истиқлолият ба ин сӯ шеваи хидмати маҷбурӣ ба артиш ба як кори маъмулӣ табдил шудааст.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои кишвар мегӯяд, даъвати баҳории ҷавонон ба сафи артиш аз якуми апрел шурӯъ шуда ва то 18-уми апрел дар сатҳи ҷумҳурӣ хидмати ҷавонон ба сафи артиш 47 дарсад иҷро
Агар ҷавони даъватшуда воқеан қобили хидмат нест ва узре барои ин дорад, дар комиссариатҳои ҳарбӣ тасдиқи худро меёбад ва ҷавоб дода мешавад...
шудааст.

Вай афзуд, "тибқи маълумоти то имрӯз дастрасшуда, нақшаи ӯҳдадории даъват ба сафи артиш дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд то санаи 18-уми апрел 36 дарсад, Хатлон 56 дарсад, Бадахшон 78, навоҳии тобеи марказ 46 ва чаҳор навоҳии пойтахт ба 48 дарсад расидааст."

"БОР КАРДА МЕБАРАНД..."


Дар сафарбаркунии ҷавонон ба сафари артиш кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ҳам саҳмгузор ҳастанд. Санифамо, зани 45-сола, мегӯяд, ки писари ӯро милисаҳо аз хона "облава" карда ба хидмат бурдаанд: "Ҳатто дар назар намегиранд, ки ҷавон дар назорати табиб аст, чӣ хеле, ки хоҳанд бор карда мебаранд."

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ВУД
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, иштироки кормандони ин вазорат дар сафарбаркунии ҷавонон ба сафи артишро рад накард. Вай гуфт, барои нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ кормандони полис ҳуқуқ доранд, дар ин гуна чорабиниҳо саҳм гузоранд.

"Дар ҳамкорӣ бо кормандони комиссариати ҳарбӣ кормандони шӯъбаҳои корҳои дохилӣ барои ҷалби ҷавонон ба артиш сафарбар мешаванд. Агар ба шаҳрванд даъватнома фиристода шуда бошад ва ӯ саркашӣ кунад, дар ин ҳолат комиссариатҳои ҳарбӣ бо ҳузури полис ҳуқуқ доранд, ки ҷавонро ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир намоянд",-мегӯяд ӯ.

Фаридун Маҳмадалиев мегӯяд, ҷавононе, ки аз иҷрои даъватнома ба хидмат саркашӣ мекунанд ва онҳоро маҷбуран ба комиссаритҳои ҳарбӣ ҳозир мекунанд, мустақим ба қисмҳои ҳарбӣ фиристода намешаванд. Вай мегӯяд, агар ҷавони даъватшуда воқеан қобили хидмат нест ва узре барои ин дорад, дар комиссариатҳои ҳарбӣ тасдиқи худро меёбад ва ҷавоб дода мешавад.