Посухҳои Салимзода ба суолҳои хонандагони "Озодӣ"

Олим Салимзода, вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон

Олим Салимзода, вакили МН ба саволҳои мухталифи хонандагони торнамои “Озодӣ” посух дод.
Тӯли се ҳафтаи ахир, ки ҷаноби Салимзода меҳмони баҳсгоҳи "Озодӣ" буд, зиёда аз 100 пурсиши хонандагон дар мавриди тарҳи қонуни нави матбуот, фаъолияти вакилони парлумон ва ҳам масоили дигар фиристода шуд, ки танҳо 98 адади онҳо ба ҳамсӯҳбати мо пешкаш гардид.

Вай аз ҷумлаи он меҳмонони баҳсгоҳи торнамои "Озодӣ" буд, ки ҳеҷ пурсиши хонандагонро беҷавоб нагузошта, дар робита ба ҳар кадоме аз онҳо посух ва ё назари худро изҳор дошт ва агар ба суоле ҳам посух надода бошад, сабаби ин тасмимашро баён кард.

Олим Салимзода аз соли 2010 дар вазифаи раиси Кумитаи корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси Намояндагон кор мекунад.

Посухҳои Олим Салимзода ба суолҳои хонандагонро ДАР ИН ҶО ва бардоштҳои ӯ аз ин гуфтугӯи интернетиро аз ин навори видео бубинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гуфтугӯи интернетии Олим Салимзода