Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз сӯи Русия боло бурдани боҷи маводи нафтиро масъалаи сирф иқтисодӣ хонд.
Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ гуфт, Русия дар ин маврид ба ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ шарт нагузоштааст.
Вай афзуд, "инро рабт додан ба шартҳое, ки гӯиё аз ҷониби Русия пешниҳод шудаанд, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳи Роғун, фурудгоҳи низомии Айнӣ ва ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ асос надорад, зеро расман аз ҷониби Русия шарте пеш гузошта нашудааст."
"МОНОПОЛИСТ"
Русия, ки тибқи иттилои расмӣ, 90 дарсади бозори маводи нафти Тоҷикистонро таъмин мекунад, аз моҳи майи соли 2010 то якуми апрели соли равон се маротиба боҷи гумрукиро боло бурд. Дар натиҷа қиммати 1 литр бензин аз 3,5 сомонӣ ба 5 сомонӣ ва ё 1 доллару 10 сент афзуд.
"Газпромнефт-Тоҷикистон" моҳи равон аз корхонаҳои коркарди маводи нафт дар Русия як тонна бензинро бо қиммати 528 доллар харидорӣ кардааст ва бо боҷи гумрукӣ ин рақам 812 долларро ташкил додааст. Ба болои ин Узбакистон моҳи гузашта қиммати транзитро барои вагонҳо то 15 дарсад боло бурд, ки боз бар қиммати маводи воридотӣ ба Тоҷикистон афзуд.
Аммо ин танҳо далели боло будани қиммати маводи сӯхт дар Тоҷикистон нест. Ба қавли Эраҷ Басиров, сухангӯи "Газпромнефт -Тоҷикистон", ин ширкат фақат 35 дарсади маводи сӯхти кишварро ворид мекунад ва ин ширкатҳои дохилӣ ҳастанд, ки қисман моли онро харида, дубора мефурӯшанд.
Вай гуфт, "агар ба мо гӯянд, ки бештар ворид кунед, мо ин имконро дорем, зеро мо мустақим аз полоишгоҳҳои худ мавод меорем. Аммо ҳадди мо ҳамин 35 дарсад аст. Инро Оҷонси зиддиинҳисории Тоҷикистон низ назорат мекунад. Мо ҳамон қадаре ворид мекунем, ки ба мо мегӯянд."
Ҷаноби Басиров афзуд, ба ҷуз "Газпромнефт-Тоҷикистон" боз чандин ширкати дохилӣ фаъолият доранд, ки аз ширкатҳои дигари Русия, аз қабили "Лукойл" ба Тоҷикистон маводи сӯхт ворид мекунанд ва "Газпромнефт- Тоҷикистон" монополисти бозори Тоҷикистон нест.
АФЗОИШИ БЕСОБИҚАИ АНДОЗҲОИ ГУМРУКӢ
Иддае аз коршиносон ҳам бар инанд, ки андози афзуда бар арзиш коҳиш ё лағв карда шавад. Дар ҳудуди Тоҷикистон 20 дарсад андози афзуда бар арзиш аз ширкатҳои нафтрасон ва ҳамин қадар фурӯшандагони маводи нафтӣ, ҷамъ 40 дарсад ситонида мешавад.
Зайниддин Мӯъминов, аз Вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, ин пешниҳод ғайривоқеист, зеро Русия метавонад дар посух боз боҷи гумрукиро зиёд кунад: "Ҳар давлат буҷаашро аз ҳисоби ҳамин гуна андозҳо пур мекунад. Ҷониби дигари масъала таъмини амният ва некӯаҳволии мардум аст. Ҳоло илоҷи воқеа дарёфти манбаъҳои дигар барои ҷуброн кардани ин вазъ аст."
Бар асоси иттилои расмӣ, эҳтиёҷи Тоҷикистон ҳудуди 950 ҳазор тоннамаводи нафтӣ, аз қабили бензин, сӯзишвории дизелӣ, равғани мошин, битум барои сохтмон ва ғайраро ташкил мекунад. Тибқи иттилои "Газпромнефт- Тоҷикистон", ин ширкат дар соли 2010 ба буҷаи кишвар 110 миллион доллари амрикоӣ ворид кардааст ва ба тахмини коршиносон, солона ҳукумати Тоҷикистон аз ширкатҳои нафтрасон беш аз 300 миллион доллари амрикоӣ даромад мегирад.
Ба ҳисоби коршиносон, агар ба ҳар ҳазор тонна 284 доллар боҷи гумрукӣ афзуда шавад, рақами 280 миллион доллар ҳосил мешавад, ки андаке кам аз буҷаи маорифи Тоҷикистон аст.
"ФИШАНГЕ АЗ ФИШАНГҲОИ РУСИЯ"
Коршиносон мегӯянд, ҳадафи Русия аз боло бурдани боҷи гумрукӣ, маҷбур кардани Тоҷикистон барои ворид шудан ба Иттиҳоди гумрукӣ аст, ки ҳоло Қазоқистону Белорусро низ дарбар мегирад. Ба қавли онҳо, ин корро Маскав бо Қирғизистон кардааст ва ахирӣ эҳтимол дорад ба ҳамин қарибиҳо вориди ин иттиҳод шавад.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коршинос дар умури иқтисод мегӯяд, Русия бо аҳдофи сиёсии худ боҷи гумрукиро боло мебарад, аммо дар дохили Тоҷикистон низ гурӯҳҳои қудратманде ҳастанд, ки бештар аз Русия аз ин вазъ нафъ мебинанд.
Дар ҳамин ҳол, Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки вазъи кунунӣ, яъне болоравии қиммати маводи сӯхтро нигаронкунанда хонд, гуфт, ки ба Иттиҳоди гумрукӣ ворид шудани Тоҷикистон ҷанбаҳои мусбату манфии худро дорад. Ба қавли ӯ, ворид шудан ба Иттиҳоди гумрукӣ, пеш аз ҳама, ба нафъи кишварҳои содиркунанда аст.
Коршиносон мегӯянд, ҳадафи Русия аз боло бурдани боҷи гумрукӣ, маҷбур кардани Тоҷикистон барои ворид шудан ба Иттиҳоди гумрукӣ аст, ки ҳоло Қазоқистону Белорусро низ дарбар мегирад...
Вай афзуд, "инро рабт додан ба шартҳое, ки гӯиё аз ҷониби Русия пешниҳод шудаанд, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳи Роғун, фурудгоҳи низомии Айнӣ ва ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ асос надорад, зеро расман аз ҷониби Русия шарте пеш гузошта нашудааст."
"МОНОПОЛИСТ"
Русия, ки тибқи иттилои расмӣ, 90 дарсади бозори маводи нафти Тоҷикистонро таъмин мекунад, аз моҳи майи соли 2010 то якуми апрели соли равон се маротиба боҷи гумрукиро боло бурд. Дар натиҷа қиммати 1 литр бензин аз 3,5 сомонӣ ба 5 сомонӣ ва ё 1 доллару 10 сент афзуд.
"Газпромнефт-Тоҷикистон" моҳи равон аз корхонаҳои коркарди маводи нафт дар Русия як тонна бензинро бо қиммати 528 доллар харидорӣ кардааст ва бо боҷи гумрукӣ ин рақам 812 долларро ташкил додааст. Ба болои ин Узбакистон моҳи гузашта қиммати транзитро барои вагонҳо то 15 дарсад боло бурд, ки боз бар қиммати маводи воридотӣ ба Тоҷикистон афзуд.
Аммо ин танҳо далели боло будани қиммати маводи сӯхт дар Тоҷикистон нест. Ба қавли Эраҷ Басиров, сухангӯи "Газпромнефт -Тоҷикистон", ин ширкат фақат 35 дарсади маводи сӯхти кишварро ворид мекунад ва ин ширкатҳои дохилӣ ҳастанд, ки қисман моли онро харида, дубора мефурӯшанд.
Вай гуфт, "агар ба мо гӯянд, ки бештар ворид кунед, мо ин имконро дорем, зеро мо мустақим аз полоишгоҳҳои худ мавод меорем. Аммо ҳадди мо ҳамин 35 дарсад аст. Инро Оҷонси зиддиинҳисории Тоҷикистон низ назорат мекунад. Мо ҳамон қадаре ворид мекунем, ки ба мо мегӯянд."
Ҷаноби Басиров афзуд, ба ҷуз "Газпромнефт-Тоҷикистон" боз чандин ширкати дохилӣ фаъолият доранд, ки аз ширкатҳои дигари Русия, аз қабили "Лукойл" ба Тоҷикистон маводи сӯхт ворид мекунанд ва "Газпромнефт- Тоҷикистон" монополисти бозори Тоҷикистон нест.
АФЗОИШИ БЕСОБИҚАИ АНДОЗҲОИ ГУМРУКӢ
Иддае аз коршиносон ҳам бар инанд, ки андози афзуда бар арзиш коҳиш ё лағв карда шавад. Дар ҳудуди Тоҷикистон 20 дарсад андози афзуда бар арзиш аз ширкатҳои нафтрасон ва ҳамин қадар фурӯшандагони маводи нафтӣ, ҷамъ 40 дарсад ситонида мешавад.
Зайниддин Мӯъминов, аз Вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, ин пешниҳод ғайривоқеист, зеро Русия метавонад дар посух боз боҷи гумрукиро зиёд кунад: "Ҳар давлат буҷаашро аз ҳисоби ҳамин гуна андозҳо пур мекунад. Ҷониби дигари масъала таъмини амният ва некӯаҳволии мардум аст. Ҳоло илоҷи воқеа дарёфти манбаъҳои дигар барои ҷуброн кардани ин вазъ аст."
Бар асоси иттилои расмӣ, эҳтиёҷи Тоҷикистон ҳудуди 950 ҳазор тонна
Коршинос:
Русия бо аҳдофи сиёсии худ боҷи гумрукиро боло мебарад, аммо дар дохили Тоҷикистон низ гурӯҳҳои қудратманде ҳастанд, ки бештар аз Русия аз ин вазъ нафъ мебинанд...