Бо аз миён рафтани Мулло Абдулло, таҳдидҳо ба амнияти Тоҷикистон аз миён нарафтааст.
Агар бишавад ба хабари мақомот роҷеъ ба кушта шудани Мулло Абдулло бовар кард, пас метавон гуфт, ки ҳукумат бузургтарин таҳдиди мусаллаҳонаеро аз ҷумлаи боқимондаи нерӯҳои мухолифини пешин пушти сар гузошт.
Абдулло Раҳимов, маъруф бо номи Мулло Абдулло дар миёни чанд фармондеҳи мухолифин, ки шароити сулҳи соли 1997-ро напазируфта буданд, қудратмандтарини онҳо буд.
Метавон гуфт, ки 16 сол баъд аз имзои ин созишнома низ Мулло Абдулло ба пайкору муқовимати худ алайҳи ҳукумат идома додааст. Хосса, дар ду соли охир фаъолияти ӯ дар шарқи Тоҷикистон бештар қобили эҳсос буд ва ба ин далел ин минтақа аз дувуним соли пеш то кунун мавриди таваҷҷӯҳ ва нуқтаи доғ будааст.
"МӮҲРАИ АСЛӢ"
Мақомоти Тоҷикистон ба сурати ғайри мустақим дар шиддат бахшидани авзои ин минтақа дастҳои хориҷиро муқассир унвон карданд. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, агар омилҳои ташаннуҷ дар худи минтақа мавҷуд намебуданд, дастҳои мудохилагар дар шиддат бахшидани авзоъ кӯтоҳ мебуданд.
Шабаҳи Мулло Абдулло аз ду соли пеш дар шарқи Тоҷикистон гаштугузор дошт. Ҳанӯз ҳодисаҳои ду соли пеш, ки бар асари онҳо вазири пешини умури изтирории Тоҷикистон Мирзо Зиёев кушта шуд, низ ба номи Мулло Абдулло рабт дода мешуд.
Мақомоти Тоҷикистон ҳарчанд ҳузури Мулло Абдуллоро ба сурати расмӣ дар шарқи Тоҷикистон таъйид намекарданд, аммо ӯро мӯҳраи аслӣ ва чолиши ҷиддӣ дар минтақа медонистанд.
"ОХИРИН ФАРМОНДЕҲИ ҚУДРАТМАНД"
Мулло Абдулло охирин фармондеҳи қудратманди мухолифини пешин буд, ки акнун гуфта мешавад, кушта шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон то кунун фармондеҳони дигари мухолифин ва ҷонибидори худро низ ба ҳар навъе хунсо кардааст. Магар Маҳмуд Худойбердиев, сарҳанги шӯришгари дар гузашта ҷонибдори ҳукумат, ки ҳамчунон таҳдиде боқӣ мондааст.
Аммо суоле, ки акнун матраҳ мешавад, ин аст, ки бо хабари нобудии муҳимтарин мӯҳраи ташаннуҷзо дар шарқи Тоҷикистон оё омилҳои дигаре авзоъро таҳдид хоҳад кард?
Таҳлилгарон мегӯянд, ки бо аз миён рафтани ин гурӯҳ, таҳдидҳо ба амнияти Тоҷикистон аз миён нарафтааст. Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик дар ин бора мегӯяд: "Хеле аз қудратҳои ҷаҳонӣ, бахусус Русия ва Амрико аз тариқи расонаҳо аз эҳтимоли таҳаввулоти амниятӣ дар ояндаи наздик дар шарқи Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд. Ин ба он маъност, ки ин қудратҳо ё ба сурати мустақим ва ё тавасссути омилони нуфузии худ дар сафи ин гурӯҳҳои терорристӣ дар ҷараёни барномаҳои онҳо қарор гирифтаанд ва аз ин тариқ мехоҳанд аз ҳукуматҳои минтақа, бахусус аз Тоҷикистон имтиёз бигиранд. Ба ин далел, бо аз миён рафтани Мулло Абдулло таҳдидҳо ба амнияти Тоҷикистон аз миён нарафтааст."
"ТО ЗАМОНЕ, КИ АФҒОНИСТОН ОРОМ НЕСТ..."
Аз сӯи дигар, ба гуфтаи таҳлилгарон то замоне, ки авзои Афғонистон дучори ташаннуҷ аст ва гурӯҳҳои ифротӣ бо гузашти ҳар рӯз бештар фаъол мешаванд ва он ҳам дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон, намешавад мутмаин буд, ки таҳдидҳо ба амнияти Тоҷикистон рафъ шудаанд.
Гузашта аз ин, дар миёни сафи Толибон гурӯҳҳое аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишвраҳои дигари минтақаи Осиёи Марказӣ ҳузур доранд.
Мӯсо Асозода, таҳлилгари дигари тоҷик, убури гурӯҳҳои дигари мусаллаҳ ва ҳузур ёфтани онҳо дар дохили Тоҷикистонро баъид намедонад. Ӯ мегӯд: "Бояд дар назар дошта бошем, ки имкони аз хориҷ ворид кардани гурӯҳҳои омодашуда метавонад вуҷуд дошта бошад. Чунин имконият вуҷуд дорад ва мо бояд корҳоеро ба анҷом расонем, ки ба авҷ гирифтани ин таҳдидҳо мусоидат накунанд."
МУШКИЛИ ИҶТИМОӢ
Аммо омилҳое, ки ба гуфтаи ин коршинос метавонад ба авҷ гирифтани таҳдидҳо мусоидат кунад, кадомҳост?
Қироншоҳ Шарифзода, таҳлилгари дигари тоҷик мегӯяд, ин омилҳо қабл аз ҳама масоили иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳалношудаи ҷомеа мебошад, ки ҳар замон имкон дорад, ба асбоби дасти гурӯҳҳои фурсатталаб табдил шавад.
Ӯ мегӯяд: "Ин шароите, ки мо дорем, аз ҷумла пастии маош, сатҳи пасти зиндагӣ ва мушкилоти дигари иҷтимоӣ, кас намедонад, ки ин шароит фардо акси садо медиҳад ё баъди як моҳ ё баъди як сол. Мақомот бояд коре кунанд, ки нуктаҳо ва омилҳои доғ ва ташаннуҷзо аз байн бираванд ё камтар шаванд, ки ҳамроҳ бо мушкилоти дигар якҷоя зуҳур накунанд ва баҳонае барои ташаннуҷи бештар шаванд."
Дар айни ҳол, бархе дигар аз таҳлилгарон мегӯянд, бо аз миён рафтани гурӯҳи Мулло Абдулло ва шахси ӯ дар шарқи Тоҷикистон, метавон интизори ташаннуҷ дар шимоли кишвар буд. Зеро таваҷҷӯҳи пуштибонони хориҷии ин гурӯҳҳо бештар ба ҳалқаҳои ташаннуҷ дар минтақаи Исфара, аз ҳавзаи Фарғона, амалитар хоҳад буд.

Мулло Абдулло охирин фармондеҳи қудратманди мухолифини пешин буд, ки акнун гуфта мешавад, кушта шудааст...