Бино бар лоиҳаи буҷаи пешниҳодкардаи Ҷорҷ Буш, ҳатто баъд аз рафтани ӯ аз мақомаш, ИМА ширкаташ дар амалиётҳои низомии серхараҷу гаронбаҳо дар Афғонистону Ироқро идома хоҳад дод.
Оё ба ҳамин восита президенти ИМА мехоҳад ки ҷойгузинашро ба идомаи ҷанги зидди террор водор намояд?
Ҷим Филипп, мутахассиси умури амниятии бунёди Мерос ё “Ҳеритаҷ Фандейшн”, бо чунин ақида мувофиҳ нест. Ҷим ба радиои “Озодӣ” гуфт, ки бо ин вуҷуд Буш барои ҳаргуна сиёсат дарҳоро боз мемонад: “Ман фикр мекунам, ҳукумати кунунӣ тамоми кӯшишашро ба харҷ медиҳад, то мутмаъин шавад, ки ҳукумати баъдӣ дар ин масъала ихтиёрҳои ҳадди имкон зиёд дошта бошад. Ин ҳукумат мехоҳад корҳои Афғонистону Ироқро барои идороти оянда рӯи зербинои мустаҳкам бисупорад. Демократҳо, ба хусус дар соли баргузоршавии интихобот, кӯшиш хоҳанд кард, ки ихтисоси маблағҳоро барои пирӯзӣ дар ин ҷанг мушкилтар кунанд”.
Оқои Филипп ҳамчунин таъкид бар он дошт, ки, агар номзади мухолифини демократӣ дар интихоботи моҳи ноябр пирӯз ояд, икмон дорад, ӯ хостори хурӯҷи зуди артиши амрикои аз Ироқ шавад, ва дар ин маврид, ин маблағҳое, ки Буш дар буҷа пешбинӣ кардааст, чунин имконро таъмин мекунанд.
Дар тӯли чанд соли қабл, демократҳо, ки ҳоло ҳарду палатаи конгресси Амрикоро идора мекунанд ва ҳар дафъа барои президент Буш ихтисоси пул ба ҷанги Ироқро мушкил мекарданд, ин дафъа низ, ба пешгӯии мутахассис, дар ин робита муқовимати шадиди демократҳо аз имкон берун нест.
Аммо, меафзояд оқои Филипп, муқовимат мисли ҳарвақта шадид нахоҳад буд, чунки дар моҳҳои ахир вазъи амниятии Ироқ ба тарзи чашмрас беҳбуд ёфтааст:
“Пешравӣ дар самти таъмини амният дар Ироқ тӯли соли ахир боварии Конгресс ба иқдомҳои ҳукуматро тақвият бахшид ва ин воқеъият кӯшишҳои демократҳо барои маҳдуд кардани сармоягузорӣ ба Ироқро мушкилтар мекунад. Имкони пирӯз шудан феълан вуҷуд дорад, ва иштибоҳ хоҳад буд, агар сиёсатмадорон дар Вошингтон пешакӣ ҳамаи талошҳои пирӯзӣ дар ҷангро инкор намоянд”.
Дар ҳамин ҳол, Роберт Шпитзер, профессори риштаи таърихи сиёсии Амрико дар Донишгоҳи давлатии Ню-Йорк, ҳарчанд розист, ки демократҳо кӯшиш хоҳанд кард, то кори Буш барои дарёфти маблағҳои зарурӣ барои ҷанги Ироқро мушкил кунанд, лекин таъкид намуд, ки соли ҷорӣ соли ҳалкунандаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ аст ва ҳар як иқдоми сиёсатмадорон ангезаи сиёсӣ хоҳад дошт. Бо вуҷуди ин ӯ бар ин ақидааст ки Буш, новобаста аз он, ки ба ҷояш кӣ меояд, ҷаҳд хоҳад кард, ки ҳатто баъд аз рафтанаш аз Кохи сафед сиёсаташ идома ёбад. Ӯ афзуд: “Бидун шубҳа демократҳо дидгоҳи тамоман мутафовит доранд, ва, эҳтимол аст, конгресс ихтисоси маблағро ба таъхир андозад ва пеш аз қабули қарор ба Буш саволҳои марбутро пешкаш кунад”.
Шпитзер ҳамчунин гуфт, ки раисиҷумҳури нав метавонад амр диҳад, то артиш зуд фаро хонда шавад ва, ба ин васила, пулҳои ҷудошуда сарф нашавад.