Озмоиши нахустин мушаки кайҳонӣ дар Эрон

Эрон рӯзи душанбе нахустин мушаки кайҳониро озмоиш кард ва интизор меравад, ки нахустин моҳвораи таҳқиқотии сохти худи ин кишварро ба мадори Замин партоб кунад.

Партоби моҳвора ба мадори Замин баёнгари он аст, чӣ гуна фанновариҳои мушаксозии Ҷумҳурии Исломии Эрон пешрафт кардааст, ҳарчанд мақомоти расмӣ аз гуфтани ҷузъиёт дар ин мавзӯъ худдорӣ мекунанд. Телевизиони давлатии Эрон рӯзи душанбе намоиш дод, ки чӣ гуна мушаки мавсум ба “Ковишгари 1” аз як пойгоҳи кайҳонии воқеъ дар маҳалли биёбонӣ ба фазо партоб шуд.

Зоҳиран барои пинҳон нигоҳ доштани маҳалли партоби мушак телевизиён танҳо баданаи мушак ва парвози онро намоиш дод ва тамом. Мақомоти Эрон гуфтанд, ки баъд аз ҷашни Наврӯз, нахустин моҳвораи таҳқиқотии сохти дохилиро, ки “Умед” номаш ниҳодаанд, ба мадори Замин партоб мекунанд. Ҳамингуна Эрон ба 11 кишвар дар ҷаҳон мешавад, ки мустақилона қодир аст, ба мадори Замин моҳвора бифристад.

Пеш аз партоби “Ковишгари 1” ба фазо Маҳмуди Аҳмадинажод дар маросими рӯнамоии пойгоҳи кайҳонии Эрон ширкат кард, ҳарчанд маҳалли ин пойгоҳ низ эълом нашуд. Дар суханронии телевизиёнӣ Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, “Эрон бояд ҳузури муассиру амалӣ дар фазо дошта бошад.” Вай афзуд, Эрон барои истиқрори ҳузураш дар кайҳон нахустин гомро бардошт.

Эрон, ки бинобар барномаҳои баҳсбарангези атомиаш пайваста мавриди тавваҷӯҳ ва дар садри ахбори ҷаҳонӣ қарор мегирад, борҳо аз пешрафтҳо дар роҳи фанновариҳои мушаксозиаш эълом додааст. Моҳи ноябр мақомоти ин кишвар эълом карданд, ки мушаки наверо сохтаанд, ки қодир ба парвоз дар масофаи 2000 километр аст.

Ба гуфтаи коршиносони ғарбӣ, Эрон роҷеъ ба ҷузъиёти фанновариҳои мушаксозии худ ниҳоят кам сӯҳбат мекунад ва аз ин хотир наметавон мушаххас кард, ки воқеъан Эрон фанновариҳои мушаксозии Эрон то кадом андоза пешрафта аст. Аммо мегӯянд онҳо, аксари абзорҳои мушаксозии Эрон нусхабардоришуда аз фанновариҳои дигар кишварҳо, аз ҷумла Чину Куриёи Шимолӣ аст. Амрико ва дигар кишварҳои Ғарбӣ иддао мекунанд, ки Эрон ҷидду ҷаҳд дорад, то роҳҳои сохтани бомби атомиро ёд бигирад.

Давлати Амрико гуфтааст, намегузорад, то Эрон соҳиби силоҳи атомӣ шавад ва истифода аз роҳи низомӣ барои монеъи ин амр шуданро сарфи назар намекунад. Аммо Эрон мегӯяд, барномаҳои атомиаш сулҳомез ва ба хотири тавлиди нерӯи барқ ҳастанд.