Комисиюни ҷумҳуриявии интихоботии Сербия пас аз шумориши беш аз 99 дарсади овозҳо эълон кардааст, ки Борис Тадич 51 дарсади раъйҳоро соҳиб шудааст.
Ҳамзамон рақиби ӯ Томислав Николичи миллатгаро аз пуштибонии наздик ба 48 дарсади сокинони Сербия баҳраманд шудааст. Натиҷаи расмии интихобот имрӯз эълон хоҳад шуд.
Раисҷумҳури феълии Сербия Тадич интихобкунандагонро даъват намуд, то роҳи муттаҳидшавӣ бо Иттиҳоди Аврупоро баргузинанд ва ҳушдор дод, ки дар ҳоли баръакс Сербияро инзиво мунтазир аст. Рӯзи якшанбе ҳангоми овоздиҳӣ Тадич гуфт, ин як навъи референдум ё назарсанҷии умумӣ дар Сербистон мебошад. Ман боварии комил дорам, дар интихобот теъдоди бузурги шаҳрвандонамон ширкат меварзанд. Ман инчунин мутмаъинам, ки баъд аз ин интихобот Сербия дар самти Иттиҳодияи Аврупо ҳаракат мекунад.
Ин дар ҳолест, ки Николич аз ҳизби милатгарои Сербия гуфт, ӯ ҷонибдори муносиботи наздиктар бо Русия аст ва изҳор дошт, ки кишвар набояд танҳо ба Иттиҳоди Аврупо такя кунад. Вай афзуд, “Русия ба мо кумаки бештар мекунад ва шарикест ки дар ивази ҳамкорӣ ҳеҷ гуна шарт намегузорад” Ба қавли ӯ, Русия метавонад барои Сербия ҳамтои беҳтар мебошад.
Хабарнигори радиои Озоди дар Белград Бранка Тривич изҳор намуд, ки сабқат бисёр шадид ва тақсимоти оро ба ҳам хеле наздик буд. Вай афзуд, ки саркашии нахуствазир Воислав Коштунитса аз пуштибонии номзадии Тадич ба натиҷаҳои интихобот таъсири бузрг дошт. Ба ақидаи хонум Тривич, ин метавонад ба шикасти ҳизби асосии ғарбгарои мухолифин ҳизби либералии демократӣ биоварад. Вай гуфт, ин райҳои тарафдорони ҳизби Коштуниса ва Седомир Ёванович барои Тадич хеле ва хеле заруранд, чунки бино ба ҳамаи пешгуиҳо натиҷаҳо хеле ва хеле наздик хоҳанд буд.
Николич, ки дар интихоботи соли 2004 мағлуб шуда буд, дар даври аввали интихоботи ҷори бо касби 40 дарсади оро пирӯз гашт. Тадич дар даври аввал 35 фоизи овозҳои мардуми кишварро ба даст овард. Ин дар ҳолест ки Ҳошим Тачӣ нахуствазири Косово - минтақаи ҷудоихоҳи Сербия, дирӯз гуфт, мардуми минтақаи аксаран албанитабор ба эълони истиқлол омодаанд. Ҳам Тадич ва ҳам Николич мухолифи истиқлолияти Косово мебошанд.
Аммо Николичро мавқеъи Ғарб ба қазияи Косово ва ҷоришавии ислоҳотҳо рӯз то рӯз нороҳат месозад. Дар ҳоле, ки Тадич ҷонибдори ҳамкории наздиктар бо додгоҳи ҷиноятҳои низомии СММ мебошад, Николич қотеъона ҳамкори бо додгоҳи ҷиноятҳои ҳарбии шаҳри Ҳейгро рад мекунад.