Даргириҳои қавмӣ дар Кения

Аз чап раҳбари пешини СММ Кофӣ Анон ва сарвари феълии созмон Бан Ги-мун.

Дар ин хушунатҳо, ки пас аз интихоботи 27-уми декабри соли гузашта сар зад, зиёда аз 800 нафар кушта ва ҳазорон нафар гуреза шудаанд. Собиқ дабири куллии Созмони Милал Кофӣ Анон чандест дар минтақа аст ва кӯшиш мекунад, тарафҳоро ба созиш оварад. Ду раҳбари Созмони Милали Муттаҳид, яке феълӣ ва дигаре собиқ, Бан Ги-мун ва Кофӣ Анон имрӯз паси як миз бо сарони ду тарафи даргир нишастанд ва гуфтанд, паёми ҳарду кӯтоҳу яксон аст. Қатъи хушунат ва ҳалли масъалаҳо аз тариқи муколама. Ин нишасту даъватҳо дар ҳоле ба амал меояд, ки низоъи Кения акнун бштар вижагиҳои маҳалгу қабилагароёна пайдо карда ба вартаи "поккориҳои қавмӣ" ворид шудааст. Бан мегӯяд, ба зӯроварӣ бояд хотима дод. Куштори мардуми бегуноҳ бояд қатъ шавад. Дар ин робита бояд ба ҷиддитарин даъватҳои ҷомеаи байнулмилал гӯш дода шавад, ки қатъи куштори ҳамдигариро талаб мекунад. Куштори ҳамдигарӣ дар Кения баъд аз интихоботи 27-уми декабри соли гузашта, ки президент Мвайӣ Кибакиро ба сари қудрат бозгардонд, шурӯъ шуд. Мухолифон президентро ба тақаллуби натиҷаҳои интихобот айбдор мекунанд ва мегӯянд, пирӯзӣ насиби номзади онҳо Райла Одинга шудааст. Нозирони байнулмилалӣ низ гуфтаанд, интихобот бо хилофкориҳо ҷараён гирифт. Аммо баррасии шикоятҳо на ба додгоҳ, балки хиёбонҳо кашида шуд ва тарафдорони ду раҳбар ба ҷони ҳамдигар афтоданд. Ба зудӣ моҳияти сиёсии низоъ фаромӯш гардида, орзурдагиҳои маҳалгароёна як минтақаро зидди минтақаи дигар таҳрик дод. Собиқ Дабири кулли СММ, Кофӣ Анон дар як ҳафтаи миёнравияш тавонист, оташи хусуматро то андозае коҳиш диҳад ва афроди бонуфузи тарафҳоро сари миз бинишонад. Аммо қатли дувуми вакили порлумон аз ҷиноҳи мухолиф дар рӯзи панҷшанбе сабаби дигарбора авҷ гирифтани ошӯбу хунрезӣ шуд. Ҳарчанд мақомоти расмӣ куштори дувумро як ҳодисаи маишӣ меноманд, сарони оппозисюн онҳоро айбдор мекунанд, ки бидуни пажӯҳиш ҳукм баровардаанд. Сарони Иттиҳоди кишварҳои Африқо аз таҳаввулоти Кени ятакон хӯрдаанд, зеро мегӯянд, Кения яке аз оромтарин кишварҳои қора буд. Аз 800 нафари кушташуда, бештаринашонро занон ва кӯдакон ташкил мекунанд ва ба сатҳи қабилаву маҳалҳо лағжидани хусумат эҳтимоли тафоҳум ва оштиро мушкил кардааст.