Додгоҳи олии Тоҷикистон як шаҳрванди Узбакистонро бо иттиҳоми узвият дар Ҳаракати исломии Туркистон ба 18 сол ҳабс маҳкум кард.
Дар ин мурофиаи додгоҳӣ, ки чанд моҳ идома кард, гуноҳи Уткир Сафаров, шаҳрванди Узбакистон, дар убуру мурури ғайриқонунии марз ва будубоши ӯ дар Тоҷикистон бо шиносномаи тақаллубӣ собит шудааст.
Мақомоти додситонии Тоҷикистон У. Сафарови 31-соларо инчунин ба узвият дар созмонҳои мамнӯъ, чун Ҳаракати исломии Узбакистон ва гурӯҳи, ба истилоҳ, Ҷумъаи Намангонӣ, муттаҳам кардаанд.
Бино ба гуфтаи Бобокалон Муродов, қозии мурофиъаи додгоҳии Уткир Сафаров, нафари муттаҳам дар 9 соли ахир бо шиносномаи тақаллубии тоҷикистонӣ дар қаламрави кишварҳои Афғонистону Покистон ва Ирону Тоҷикистон ғайриқонунӣ будубош ва ҷиноёт содир кардааст. Додрас Муродов афзуд: «Вай ҳамроҳи пайравони гурӯҳи Ҷумъаи Намангонӣ ва Ҳаракати исломии Туркистон, ки дар кишвари мо фаъолияташон мамнӯъанд, соли 1999 дар Тоҷикистон буд, баъдан дар Афғонистону Покистон ва Ирон будааст ва дар соли 2007 бо тағйири ному насаб марзи Тоҷикистонро убур ва дар инҷо як қатор ҷиноёт содир кардааст».
Б. Муродов аз ироъаи ҷузъиёти бештари ин парванда худдорӣ варзид.
Уткир Сафарови 31-сола нахустин нафари муттаҳам ба чунин ҷурм аст, ки дар соли 2008-ум дар Тоҷикистон равонаи зиндон шудааст.
Бино ба иттилоъи расмӣ, танҳо дар соли гузашта 7 кас ба иттиҳоми узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистон аз озодӣ маҳрум шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, ба назари ҳуқуқдони саршиноси тоҷик Абдуқаюм Юсуфов, на ҳамеша парвандаҳои марбут ба Ҳаракати исломии Узбакистон ё «Ҳизб-ут-таҳрир» мунсифона баррасӣ мешаванд: «Таҷрибаи мо нишон медиҳад, ки аксар парвандаҳои марбут ба ҲИУ ва «Ҳизб-ут-таҳрир» дар Тоҷикистон мунсифона баррасӣ намешавад ва дар ҳолати мавҷуд будани ҳадди ақалл ва ҳадди аксари ҷазо, бештар ҳадди болоии ҷазо ба муттаҳамин таъйин мешавад, дар ҳоле ки исботи далели узвият дар ин созмонҳои, ба истилоҳ «экстремистӣ», кори саҳл нест».
Созмони байнулмилалии «Ҳюман Райтс Вотч» гузориши тозанашри худ дар бахши марбут ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар соли 2007-ум шаҳрвандони Узбакистону Тоҷикистон ҳамоно бо иттиҳоми узвият дар ҲИУ боздошт мешуданд. Дар гузориши Созмони дидабони ҳуқуқи башар, аз ҷумла, омадааст, дар ин парвандаҳои ошкоро сиёсӣ, ки иттиҳомот ба терроризмро ҳам дар бар мегирифт, муттаҳамон аксаран аз ҳаққи дифоъи додгоҳӣ маҳрум буданд ва, ҳамин тавр, аз ҳуқуқ ба муҳокимаи мунсифонаи парвандаҳояшон. Ин гузориш ҳамчунин гувоҳӣ медиҳад, ки афроди муттаҳам дар ин ҷароим ба таври муттассил дар боздоштгоҳҳои муваққат ба бадрафторӣ мувоҷеҳ будаанд.