Русия - пуле миёни Тошканду Душанбе?

Анатолий Стародубетс, муовини раиси кумитаи парлумони Русия дар умури байналмилалӣ гуфт, ки Русия талош дорад, ихтилофоти миёни Тоҷикистону Узбакистонро бартараф намояд.

Вай афзуд, ҳукумати Русия равобит бо Тоҷикистон ва Узбакистонро бас муҳимму пурарзиш арзёбӣ мекунад.

Сафорати Русия дар Душанбе аз шарҳи гуфтаҳои вакили парлумони Русия Анатолий Стародубетс худдорӣ кард ва танҳо гуфт, ки Русия метавонад аз роҳи дипломатӣ ва тариқи созмонҳои байналмилалӣ, ки Тоҷикистону Узбакистон низ шомили онҳост, дар ҳалли мухолифатҳои ин ду кишвар мусоидат бикунад.

Тақсими захоири оби минтақа, вуҷуди низоми раводид, минакорӣ шудани марз, адами созиш дар иҷрои тарҳҳои энержӣ аз мушкилоти аслӣ дар равобити Тоҷикистону Узбакистон арзёбӣ мешавад.

Коршиносон мегӯянд, маҳз ба сабаби мухолифатҳои Узбакистон қарордоди миёни Тоҷикистону ширкати «РусАл»-и Русия дар масъалаи бозсозии нерӯгоҳи Роғун, ҳамчунин пружаҳои марбут ба сохтмони нерӯгоҳҳо дар рӯди Зарафшон иҷронашуда боқӣ монданд. Ин аст, ки иддае аз соҳибназарони тоҷик мегӯянд, изҳороти вакили парлумони Русия маънои онро дорад, ки ба гумони ғолиб, Русия Душанбеи расмиро барои қабули шартҳои Тошканд таҳти фишор қарор хоҳад дод. Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раиси Иттиҳодияи сиёсатшиносони Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки Маскав то ахир алоқаманд нест, муносиботи Душанбеву Тошканд таҳким биёбанд, чун дар пай нуфузи Русия дар Осиёи Марказӣ метавонад коҳиш ёбад:

«Маскав албатта то охир ҳаракат намекунад, тамоми мушкилоти миёни Душанбеву Тошкандро ҳал бикунад, чунки дар натиҷаи ин ҳаракатҳо метавонад берун аз бозӣ шавад. Мушкилоти аслии танишзо миёни Узбакистону Тоҷикистон, мисли будубоши сарҳанги собиқи шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев ва лашкарони ӯ дар қаламрави Узбакистон, ҳанӯз дармиён ҳаст, аммо бовар надорам, ки Маскав барои ҳалли ин қазия, истирдоди сарҳанг Худойбердиев ба Тоҷикистон мусоидат бикунад, вай барои ин манфиатдор нест».

Таҳлилгарон таъкид мекунанд, ки Маскав барои ба даст овардани эътимоди Тошканд ба худ бештар алоқаманд аст, то Душанбе. Узбакистон аз лиҳози нуфузи аҳолӣ, иқтисоди қавӣ, тавонмандии артишу сарватҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ ба унвони як кишвари калидӣ шинохта мешавад ва барои ҳар кишвари абарқудрат наздикӣ бо Тошканд, эҳтимол, маънои густариши мавқеъ дар тамоми минтақаро дорад. Исмоил Раҳматов, корманди Маркази пажӯҳишҳои стротежики вобаста ба раисҷумҳур, дар ин иртибот мегӯяд, азбаски иқтисоди Тоҷикистон бештар вобастаи Узбакистон аст, бидуни назардошти шарту шароити Тошканд, намешавад ба рушди кишвар умед баст:

«Агар фарз кардем, Узбакистон дар масъалаи барқу газ ва нафт ба Тоҷикистон «гузаштҳо» бикунад, мо маҷбур ҳастем дар масоили сохтмони нерӯгоҳҳои «Сангтӯда» ва «Роғун» Узбакистон гӯш андозем ва бо маслиҳат ин корҳо бояд анҷом бигиранд. Тоҷикистон ба ҷуз об, дигар сарвате дар ихтиёр надорад, аммо захоири табиии Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар маҷмӯъ ба сарватҳои табиии Узбакистон баробар намешавад, вай қудратманд аст ва бояд мавқеъи ин кишварро ба назар гирифт».

Ва аммо мақомоти давлати Тоҷикистон аз тасмими Русия дар мусоидат ба ҳалли ихтилофоти Душанбеву Тошканд истиқбол карда ва мегӯянд, Русия аз имконот ва зарфиятҳои муносиб барои рафъи мухолифатҳои миёни ду кишвар бархурдор аст.

Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва ҳам муовини вазири нақлиёт, мегӯяд, беҳтар ин аст, ки мақомоти Тоҷикистону Узбакистон бидуни мудохилаи ҷониби саввум, масъалаи тақсими захоири обро мастақиман ба баррасӣ гиранд. Аммо ба гуфтаи оқои Бобоев, як силсила мавонеъ дар беҳсозии муносиботи Душанбеву Тошканд дар миён ҳастанд, ки бе дахолати кишварҳои минтақа, аз ҷумла Русия, рафъи он номумкин ба назар мерасад:

«Ҳам масъалаи раводид, ҳам масъалаи истифодаи захираҳои обӣ бо мақсади тавлиди нерӯи барқ ва транзити он ба кишварҳои дигар бидуни ширкати кишварҳои дигар ҳалношуданист. Ин ҷо манофеъи кишварҳои минтақа дар миён ҳаст ва бояд дастаҷамъона баррасӣ шавад».

Дар ҳоле ки оқои Бобоев аз нуфузи Русия дар минтақа сӯҳбат мекунад, коршиноси мустақил Давлат Усмон бар ин назар аст, ки Русия мавқеъи собиқашро дар Осиёи Марказӣ аз даст дода ва ҳама талошҳои вай барои мудохила ба умури дохилии кишварҳои узви Иттиҳод, ба нокомӣ дучор шудааст:

«Ҳамин гуна агар Русия бихоҳад бо баҳонаи «мусоидат дар беҳсозии муносиботи Душанбеву Тошканд» аз манофеъи яке аз ин ду кишвар пуштибонӣ кунад ва болои кишвари дигар аз аҳрому фишор истифода барад, яқин такрор мешавад қазияи дигар кишварҳои ИДМ, ки дар он ҷо Русия ба манофатҳои миллии худаш латма ворид кардааст».

Бо ин вуҷуд дар маҳофили сиёсии Тоҷикистон баёнияи вакили парлумони Русия Анатолий Стародубетс дар мавриди талошҳои кишвараш барои таҳкими равобити Душанбеву Тошканд, боиси пайдоиши андешаҳои зидду нақиз гардид. Яке гуфт, Русия бо пахши ин гуна баёнияҳо мехоҳад мавқеъи худ дар Осиёи Марказиро густариш бидиҳад, гурӯҳе бар ин назаранд, ки Русия

аз манофеъи Узбакистон пуштибонӣ мекунад ва ҳам ин ақида ҳаст, ки гӯё Русия қасдан дар равобити ду кишвар мудохила мекунад, то ин кишварҳо ба ҳамдигарфаҳмии тамом нарасанд. Аммо посухи дақиқу сареҳ ба ин сару садоҳоро шояд танҳо раҳбарони сиёсии Русия медонанд.