Висотский: садое, ки ҳазорсолаҳо бо мардум мемонад

Маскав, гӯристони "Новодевичевская", мазори В. Висотский, 25-уми январи соли 2008

Владимир Висотский, овозхони фақиди рус, натанҳо дар даҳаи 60 – 80-и қарни гузашта ва на танҳо дар Русия, балки хориҷ аз он ва ҳанӯз ҳам аз маҳбубияти зиёде бархурдор буд ва мебошад.
Ахиран дар Русия 70-солагии ин ҳунарманди бузурги синемо, шоир, овозхон ва қаҳрамони замони шуравиро таҷлил гардид.
Владимир Висотский дар миёни мардум бо ҳунарнамоӣ дар филмҳои зиёд маҳбубият пайдо кард. Барои мисол, ӯ барои мардуми собиқ мардуми шӯравӣ ва кишварҳои ҳамсуди имрӯз бештар аз бозии нақши Жеглов дар филми «Ҷои мулоқотро наметавон тағйир дод» ошност.
Висотский дар замони шӯрувӣ сурудҳое мехонд, ки муҳтавои онҳо ҳамеша мавриди таҳқиқи КАМ-и шӯравӣ қарор мегирифт, вале, аз сӯи дигар, барои тамоми раҳбарони давлат маҳбуб буд ва мардум, ҳатто худи кормандони кумитаи амният, наворҳои ӯро дар нишастҳои маҳрамони гӯш мекарданд.
Владимир Висоский дар бораи таронаҳои худ дар яке аз суҳбатҳои ахири худ чунин гуфта буд: «Ҳоло ман стадионҳо ҳаводор дорам – натанҳо дар Иттиҳоди Шӯравӣ, балки дар хориҷ аз он низ. Ман бо овоззхонии худ мехоҳам ба ҳаводоронам фазои дӯстонаро бирасонам. Ман бо ҳаводорони худ мехоҳам суҳбати дӯстона кунам. Ман мухлисон ва шунавандгони худро бисёр дӯст медорам ва қадрдонӣ мекунам. Ва фикр мекунам, ки онҳо ба ман бештар лозим ҳастанд, чун ман мехоҳам ба онҳо бирасонам, ки дар дили ман чист ва ман ба чиҳо фикр мекунам. Чунонки гуфтам, ҳаводоронам зиёд шудаанд ва рафиқонам низ».
Дар замони шӯравӣ сурудҳои Владимир Висотский дар ширкатҳои расмии сабти овоз забт намешуданд – онҳо асосан дар дастгоҳҳои одии хусусӣ сабт шуда ва ба мардум дастрас мешуданд.
Владимир Висотский дар он замон ҳунарманди теотри Таганка буд, ки дар замони шӯравӣ низ барои озодандешӣ аз сӯи КАМ муттаҳам мешуд. Висотский аслан ҳунарманди теотр ва синемо буд, аммо дар миёни мухлисонаш ба ҳайси як овозхони озодандеш ва инқилобии машҳур, ки ҳама сурудаҳои вай маҳсули эҷоди шахсиаш буданд, машҳур буд.
Владимир Висосткий 25 июли соли 1980 дар синни 42-солагӣ вафот кард.
Баъд аз марги Висотский Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн рафт, аммо маҳбубияти мардуми он ба сурудҳои вай то ҳоли ҳозир боқӣ мондааст.