Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди ватан...

Сарнавишти Маҳмадалии Давлаталӣ, як тан аз тоҷирони тоҷики муқими Қазоқистон, шабеҳи тақдири ҳазорон муҳоҷирони дигар аст.

Қабл аз нооромиҳо вай дар вазорати маорифи кишвар фаъолият мекард ва сарварии бахши таълиму тарбияи макотиби таҳсилоти ҳамагонии ин вазоратро бар ӯҳда дошт. Баъди оғози нооромиҳо мушкилоти зиндагӣ ва бекорӣ ӯро низ водор сохт, ки рӯ ба мусофират орад. Маҳмадалӣ дар ибтидо дар Русия, сипас дар Туркманистон ва баъд дар Қазоқистон дар ҷустуҷӯи кор ва ба истилоҳ ҳосил кардани чаҳор танга пул шуд. Ниҳоят бо ёрии дӯстонаш, аз ҷумла адиб ва рӯзноманигори шинохта шодравон Имомназари Холназар, ки дар Алмаато буду бош дошт, ба фаъолияти тоҷирӣ оғоз кард.

Маҳмадалӣ мегӯяд, дар ҳама кор ва аз ҷумла дар тиҷорат низ оғозаш мушкил аст. Бо шароити кор ва атрофиён ошно мешавию, ба истилоҳ, ҳавои корро мегирӣ ва баъд метавонӣ дар кор ба натиҷае бирасӣ, мегуяд ӯ. Вале, меафзояд вай, шарти асосии пешравии кори бозаргон дар мусофират ба бурдборӣ ва, албатта, дасту дили поки вай сахт марбут аст.

Вай мегуяд, «барои он ки мо, тоҷирони тоҷик, ба чизе муваффақ шавем, нахуст чун мо дар хоки бегона ҳастем, бояд бурдбор бошем, бояд эҳтиёткор бошем ва ба ҳар сангу маломате, ки аз ин тарафу он тараф меандозанд, мо ба он тоқат кунем. Ин як шарти муҳим аст, баъд росткориву ҳалолкорӣ аз ҳама шарти асосист».

Дар натиҷа бозаргони тоҷик, ки корро аз як нуқтаи хурдакаки савдо оғоз карда буд, оҳиста- оҳиста доираи тиҷораташро васеъ кард ва алъон вай дар бозори умдафурӯшии маводи ғизоии Алмаато соҳиби ду континар аст ва дар бозор ӯро чун тоҷири хуб ва муваффақ мешиносанд. Шароити зиндагиаш ҳам беҳтар гардид ва вай дар Алмаато соҳиби хона ҳам шуд. Вале, албатта, Маҳмадалӣ пайваста дар андешаи пайвандону наздиконаш аст ва мекӯшад, каме бошад ҳам, ба онҳо, ки дар Тоҷикистон дучори мушкилотанд, ёрӣ расонад ва вай яке аз сабабҳои дигари мусофират ихтиёр кардани хешро марбут ба пайвандони дар Ватан мондааш медонад.

Аз ин хотир вай ба ҳама душвориҳои кор тоб меорад. Вақте ман барои сӯҳбат ба бозор ба коргоҳи вай рафта будам, ҳаво басо сард ва, ба истилоҳ, «туф куну - ях кун» буд ва на танҳо кор кардан, балки ҳатто каме дар он ҷо истодан мушкил буд. Вале вай бо тани дардманд ба ҳамаи ин сардию азобҳо тоқат мекард. Маҳмадалӣ мегӯяд, ки ин мушкили сангин нест, сангинтарин мушкил барояш дурӣ аз Ватан аст ва беихтиёр ашк аз дидагонаш ҷорӣ мешавад.

Вай мегуяд, «сангинии муҳоҷират ин аввал дур аз ватан будан, дигар - садои хешу ақрабову дуру наздикро шунидан ва нарасидани боду ҳавои ватан аст». Маҳмадалӣ таъкид мекунад, ки ҳарчанд вай ҷисман аз Тоҷикистон дур аст, вале рӯҳан ҳамеша бо Ватан аст ва аз ҳар комёбиҳои он шод асту аз бебарориҳои он ғамгин. Вай ба кор даромадани нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯдаро шунида басо шод гардидааст, вале аз он ғамгин аст, ки сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба таъхир меафтад ва алъон дар Тоҷикистон мардум аз бебарқиву сардии ҳаво ва қашшоқӣ дар азобанд.

Бозаргони тоҷик иброз медорад, ки анқариб як миллион нафар тоҷикон дар муҳоҷирати корӣ ҳастанд ва чун вай ҳамаи онҳо ободиву озодии ватанро мехоҳанд ва агар бозаргонҳо дар сохтмони бузурги кишвар саҳмгузорӣ намоянд, метавон ҳатто нерӯгоҳи Роғунро низ бо маблағи муҳоҷирони корӣ сохт. Вале, ба таъкиди Маҳмадалӣ, барои созмон додани ин кор бояд қабл аз ҳама ҳукумат ба бовари мардум сазовор бошад. Вале алъон он, ба андешаи Маҳмадалӣ, ба чунин бовар сазовор нагардидааст.

Вай меафзояд: «Аз куҷо боварӣ бошад?! Барои он, ки боварӣ пайдо гардад, ҳамон мансабдор дилаш аввал ба ҳамон ватану ҳамон марзу ба ҳамон хоку ба ҳамон халқаш бисӯзад. Агар ки ба ҳамон ватану ҳамон марзу ҳамон хоку халқаш дилаш месӯхт, дар ин 16 сол ягон беҳбудиву пешравӣ мешуд. Лекин аз он бадтар шуда истодааст. Ҳама дар фикри худ…».

Ба таъкиди Маҳмадалӣ, муҳоҷир бештар аз дигарон аз ҳусну қубҳи кишвари хеш огоҳ аст, зеро вай зиндагии кишварҳои дигарро мебинад ва бо кишвари хеш муқоиса мекунад. Аз ин нигоҳ, ба гуфтаи Маҳмадалӣ, кишвари Қазоқистон сол то сол пеш мераваду Тоҷикистон баръакс ба қафо ҳаракат мекунад ва зиндагии мардум низ торафт бад мегардад ва сабаби асосии чунин қафомониро вай дар он мебинад, ки тавре вай мегӯяд, дар кишвараш ҳама дар ҷои худ нестанд.

Маҳмадалӣ бар ин назар аст, ки «сабаби асосии пастравию касодӣ дар Тоҷикистон он аст, ки ҳар кас дар ҷои худ нест. Бояд ҳамон вазифае, ки давлат ба вай бовар карда додааст, аввал фикр кунад, ки аз ӯҳдаи ҳамон вазифа мебарояд ё на. Вале тоҷики мо чи тур аст—чӣ вазифае бидиҳӣ, онро рад намекунад. Сабаби асосии бадбахтии тоҷикон ана ҳамин аст. Дигар аз он ки сатҳи зиндагӣ паст аст, мансабдорон, тақрибан ягон 80-90 дарсадашон ҳам бигӯем, хато намекунем, фақат дар фикри ришвагирианд».

Вақте ман аз Маҳмадалии Давлаталӣ дар бораи бозгашт ба ватан пурсон шудам, дар чашмонаш ашк ҳалқа зад ва гуфт, касе нест, ки хоҳиши дар ватан зиндагӣ карданро надошта бошад. Вале алъон барои хешовандону наздикон ва фарзандонаш, ки онҳо низ ҷузъи ватананд, дар муҳоҷират будани хешро судмандтар медонад.

Ба гуфтаи Маҳмадалӣ, вақте зиндагии мардум дар Тоҷикистон беҳтар мегардаду ҳаёти онон дигар ба муҳоҷирон марбут намешавад, ӯ ва на танҳо ӯ, балки ҳазорон нафар ба ватан хоҳанд баргашт ва барои ободии Тоҷикистон дар худи кишвар саҳм хоҳанд гирифт.