Маҳкумияти як чиноӣ барои марзшиканӣ

Додгоҳи Бадахшон шаҳрванди Чумҳурии халқии Чин Ли Чжо Гуаро ба ҷурми убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон муттаҳам дониста, ба муҳлати як соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард.
Ин шаҳрванди чинӣ моҳи июни соли гузашта аз ҷониби марзбонони тоҷик дар ҳоле боздошт шудааст, ки марзи давлатии байни Тоҷикистону Чинро дар маҳалли Маргансӯи ноҳияи Мурғоб убур намуда, ба қаламрави Тоҷикистон ҳаракат доштааст.
Додгустар Алиҷон Ғуломов изҳор дошт, ки додгоҳ бо назардошти ҳолатҳои сабуккунандаи қазо нисбати шаҳрванди чинӣ меъёрҳои қонунро татбиқ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ин маврид ҷавон будани муҷрим, бори аввал ҷиноят содир кардан, вазъи хонаводагӣ ва бидуни қасди бад убур намудани марз ба назар гирифта шудаанд.
Ин чиноӣ гуфтааст, ки барои дарёфти сангҳои гаронбаҳо ҷиҳати беҳсозии вазъи вазнини хонаводагиаш марзро убур кардааст. Ва яке аз сабабхои дигари убури марз, ба гуфтаи Ли Чжо Гуа, он будааст, ки аз рӯи шуниди ӯ, барои мардикорӣ дар Тоҷикистон пули зиёд пардохт мекардаанд ва гӯиё соҳиб шудан ба кори сердаромад вайро ба убури марз таҳрик кардааст.
Нуралӣ Бандалиев, вакили мудофеъи маҳкумшуда, изҳор намуд, ки бо худ надоштани ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсият ва мушкилоти пайдо намудани тарҷумон боиси дер баррасӣ шудани парванда гардидааст.
Ин дуввумин дафъа аст, ки шаҳрвандони Чин дар минтаҳаи Мурғоби Тоҷикистон марзшиканӣ мекунанд. Қаблан як шахрванди дигари боздоштшудаи чинӣ низ ба мақомоти тафтишотии Тоҷикистон гуфта буд, ки ӯ тасодуфан ҳангоми ҳезумчинӣ раҳгум задаст. Аммо як манбаъ дар нерӯҳои марзбонӣ гуфт, ки дар ходисаи аввал марзшиканон 3 нафар буда, 2 нафар, ки савори асп буданд,фирор тавонистанд фиррор кунанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, рустаниҳои шифоӣ дар тибби мардумии Чин хеле зиёд истифода мешаванд ва ҳадафи марзшиканон одатан ҷамъоварии ин гуна рустаниҳо мебошад, ки дар минтакаи марзии Помири шарқӣ фаровон аст.