Ғаззаи гурусна ба Миср роҳ ёфт

Рӯзи дуюм аст, ки сокинони Ғазза аз болои харобаҳои деворҳои марзӣ гузашта, дар манотиқи сарҳадии Мисри ҳамсоя харид мекунанд.

Субҳи 24 январ минтақаи марзии Рафаҳ, ки дар миёни Ғаззаву Миср ҷойгир аст, серҷамъият буд. Алӣ Кафана, як сокини Байт Ҳанун дар сӯҳбат бо хабарнигори Рейтер гуфт:

"Мо барои харидани моле омадем, ки аз набуди он танқисӣ мекашем - ин ғизо, нӯшокӣ ва бисёр чизи дигаре аст, ки ба мо зарур аст. Худоро шукр, пеш аз харидани ғизо мо бояд аз Ҳамос барои талоши зиёдаш дар роҳи коҳиши инзивои мазкур ташаккур кунем. Ин девор на бо хости Ҳамос ва на бо хости мардуми Фаластин бунёд шудааст".

Рӯзи дуюм аст, ки сокинони Ғазза аз болои харобаҳои деворҳои марзӣ гузашта, дар манотиқи сарҳадии Мисри ҳамсоя харид мекунанд. Нирӯҳои амниятии кишвар, ки аз ҷониби раисҷумҳурӣ Ҳусни Муборак дар ин хати сарҳад сафарбар шудаанд, ба ҷараёни убуру мурури мардум мудохила намекунанд. Оқои Муборак гуфтааст, ки ҳеҷ гуна иқдоми шадидро нисбати ин мардум андешиданӣ нест, ва ҳар кӯмаке, ки барои коҳиши таниш дар робита бо камбуди ғизову маводи сӯхт зарур аст, метавонад дар ихтиёри фаластиниҳо вогузор кунад.

Ин дар ҳолест, ки Исроил аз мақомоти Миср даъват ба амал овардааст, ки чораҳои заруриро ба хотири ҷилавгирӣ аз қочоқи аслиҳа ба роҳ монад.

Чанд рӯз аст, Исроил блокадаи Ғаззаро шиддат бахшида, гуфтааст, ки то замоне ҳамлаҳои мушакии ҷангиёни Ҳамос алайҳи Исроил хотима наёбад, инзивои минтақаро сабук намекунад. Эҳуд Олмерт, нахуствазири Исроил дирӯз ҳам ба ин мавқеи худ таъкид кард ва гуфт:

"Новобаста ба ҳар гуна паёмадҳову шарте, ки гузошта мешавад, мо нахоҳем гузошт, ки бӯҳрони башарӣ дар Ғазза тавсеа ёбад. Мо ба интиқоли маводи ғизову доруворе, ки ба кӯдакону дигар ниёзмандон зарур аст, ва барои маводи сӯхте, ки барои сохторҳои масъули ҳимояти ҷони инсонҳо ихтисос доранд, халал ворид намекунем. Аммо ҳеҷ тавҷеҳе барои чунин тақозоҳо буда наметавонад, ки мегӯянд, бигузорем мардуми Ғазза зиндагии маъмулии худро пеш баранд, дар ҳоле, ки тиру мушакҳо аз хиёбонҳову ҳавлиҳои онҳо ба шаҳри исроии Сдерот ва дигар маҳалҳои воқеъ дар ҷануби кишвар партофта мешавад".

Оқои Олмерт ба иловаи ин афзуд, ки ҳеҷ гоҳ нахоҳад гузошт, ки блокадаи Ғазза ба як бӯҳрони башарӣ табдил шавад. Мақомоти исроилӣ гуфтанд, ки ният надоранд маводи изтирории сӯхти санъатиро барои фаъолияти танҳо истгоҳи барқии Ғазза фиристанд.

Масъулини умури изтирории Фаластин гуфтанд, то даме захоири нави маводи сӯхт вориди ин истгоҳ нашавад, эҳтимол дорад, то рӯзи якшанбе фаъолияти он дубора бозистад.

Хабарнигорон аз шаҳраки марзии Рафаҳ гузориш медиҳанд, ки баъди тахриби деворҳои марзӣ бо Миср, мардум бо тамоми имконияти мавҷуда - бо мошин ё савори дучарха, аробаву хар, ва бисёриҳо пои пиёда - дар пайи дарёфти ғизо ба он сӯи марз равона шуданд ва то шом баргашта дубора субҳи имрӯз роҳ сӯи Миср гирифтанд. Шумори онҳоро даҳҳо ҳазор нафар мегӯянд. Қимати баъзе анвои ғизову маводи ниёзи мардум, мисли сигор кам-кам поин меравад. Дар Рафаҳ бозорчае ташкил шудааст, ки дар он ҳама чиз ба фурӯш меравад - ҳам ғизо, ҳам маводи сӯхт ва ҳатто бузу гӯсфанд…

Вазъи бӯҳронии Ғазза имрӯз дар меҳвари баррасиҳои нишасти раҳбарони сиёсиву иқтисодӣ дар Давос қарор мегирад ва инчунин, нишасти вижаи Шӯрои амният дар Ню-Йорк ҳам ба ин масъала таваҷҷӯҳ хоҳад кард.

Як рӯз қабл ҷангиёни Ғазза девору панҷараҳои марзро хароб карда, мардумро гузоштанд, ки барои харидани моли ниёзи аввалия ба Рафаҳ бираванд.