Таҳаввулоти чашмраси ахир дар бозори сиҳоми ҷаҳонӣ яке аз мавзӯъҳои меҳварии нишасти имсолаи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар Давос хоҳад шуд.
Ин нишаст фардо шурӯъ шуда, 5 рӯз давом хоҳад кард. Барои ширкат дар кори он 2500 раҳбари сиёсиву иқтисодӣ ва соҳибкорони бонуфузи ҷаҳон гирди ҳам меоянд. Масоили дигари мавриди баррасии ин нишаст ба муқобила бо терроризм ва фақру бенавоӣ тамаркуз хоҳад кард. Интизор меравад, ки дар марсоими кушоиши он вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс суханронӣ кунад. Инчунин ширкати раиси ҷумҳурии Покистон Парвиз Мушарраф, нахуствазири Бритониё Гордон Браун ва дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун дар назар гирифта шудааст. Аммо тавре таҳлилгарони иқтисодӣ мегӯянд, масоили марбут ба поинравии қимати сиҳом дар саросари ҷаҳон чунон доғ шудааст, ки он метавонад кулли таваҷҷуҳи ширкатдорони форуми Давосро ба худ ҷалб кунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи сешанбе нишондодҳои бозор дар Осиё боз ҳам поинтар рафт ва дар Жопуну Ҳонг-Конгу Чин ва Кореяи Ҷанубӣ дар ҳудуди 4 дарсад коҳиш ёфт. Нишондодҳои бозори бурси Аврупо ҳам поинтар рафт. Нахуст вақте шумори афзояндаи сокинони ИМА бо пардохти қарзҳои бонкӣ ҷиҳати харидории манзилҳои нав мувоҷеҳи мушкил шуданд, ин вазъ дафъатан ба дигар манотиқи ҷаҳон ҳам асар кард. Франсис Лун, мудири калони ширкати Fulbright Securities, мегӯяд: «Воқеият ин аст, ки бозори молии ИМА дар иқтисоди ин кишвар эътиборашро аз даст медиҳад. Бовар меравад, ки нишондодҳои иқтисоди Амрико коҳиш ёфта буҳрони марбут ба қарзи хона ба ҳама созмонҳои молӣ таъсиргузор хоҳад шуд, ва ҳамаи ин омилҳо боиси ба миён омадани изтиробе дар бозор шудааст».
Чанд рӯз қабл раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш изҳор кардт, ки барои ташвиқи харидорони манзил дар кишвараш барномаи коҳиши андозро ба маблағи 150 миллиард доллар пешниҳод мекунад. Аммо тавре маълум шуд, вокуниши бозор ба чунин изҳорот ноумедкунанда буд. Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки як аломати дигари барномаи Буш ҳамакнун ин мешавад, ки дар Амрико мизони харидории моли воридотӣ камтар хоҳад шуд.
Таҳаввулоти дигар ин хоҳад буд, ки бонкҳои бузургтарини ИМА ва дигар сохторҳои молӣ бояд аз баҳри коғазҳои қиматноки бисёрмиллиарддолларӣ дар бозори манзил маҳрум шаванд. Аммо бо назардошти ин ки чунин вазъ метавонад дар Аврупо ҳам тавсиъа ёфта, ба бонкҳои ин минтақа таъсир расонад, ҳанӯз мизони хисороти ин муассисаҳо ҳисоб карда нашудааст. Ҳоло ҳамин чиз маълум аст, ки Бонки миллии Чин аллакай даромадҳои зиёдро аз коғазҳои қиматнокаш, ки ба қарзҳои манзили ИМА вобаста мебошанд, аз даст додааст.
Аммо дар шароити чунин номуайяниҳову ташвишҳо дар бозори ҷаҳонӣ, таҳлилгарон мегӯянд, ки дар Тоҷикистон интизори таҳаввулоти ҷиддӣ набояд шуд. Яке аз онҳо иқтисодшинос Зафар Абдуллоев, раиси хабаргузории «Авасто» аст, ки мегӯяд, бо сабаби аз ҷараёнҳои бузурги иқтисоди ҷаҳонӣ дур будани Тоҷикистон ҳеч гуна тағйирот дар бозори ҷаҳонӣ ба иқтисоди ин кишвар асар нахоҳад кард: «Иқтисоди Тоҷикистон пӯшида аст ва ба ҷараёнҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамроҳ намешавад. Иртиботи он бо иқтисоди ҷаҳонӣ хурду ночиз аст ва, аз ин рӯ, уфту хезҳои мухталифи ҷаҳонӣ наметавонад ба он таъсиргузор бошад. Иртиботи иқтисоди Тоҷикистон бо ҷаҳон танҳо тавассути содиркунандагони алюминиум ва пахтаи хом сурат мегирад ва танҳо метавонад поин рафтани нархи баъзе аз маҳсулоти хом ба моли мушаххас ба инҷо таъсир кунад. Ин кишвар бештар аз иқтисоди кишварҳои ҳамсоя, мисли Русия, вобаста мебошад. Аз ин рӯ, бесуботиҳо дар бозори ин кишварҳо, на дар бозорҳои ҷаҳонӣ, дар иқтисоди Тоҷикистон бештар эҳсос хоҳад шуд. Дар Тоҷикистон моли қобили рақобат тавлид намешавад, ки дар бозори ҷаҳонӣ муаррифӣ шуда бошаду ҳоло бо кадом тағйироте мувоҷеҳ шавад».
Ҳоло дар баробари интизориҳо аз вокунишҳои бозори Амрико ба тағйироти бозори сиҳом дар ҷаҳон инчунин аксарият ба нишасти Давос чашм дӯхтаанд, ки шояд он тавонад вазъро ба эътидол оварад.