Соли гул дар Бадахшон

Бонувони устони Бадахшон имкон пайдо карданд, ки дар рузҳои ҷашну маросим аз наздикон ва дӯстдорони хеш гулҳои тару тоза ва зинда тӯҳфа бигиранд.

Барномаи парвариши гулҳои ороишӣ дар Бадахшон, ки дар доираи як тарҳи таҷдиди боғи марказии шаҳри Хоруғ амалӣ гардидааст, барои шахрвандон имконоти дастрасӣ доштан ба гулҳои тару тозаро дар тамоми сол фароҳам сохтааст.

Мушовири барномаи парвариши гулҳои ороишӣ, доктори улуми биологӣ Саидмир Шоҳмансуров изҳор дошт, ки алҳол дар парваришгоҳи махсус зиёда аз 60 намуди гулҳои ороишӣ бо теъдоди бештар аз 10 ҳазор дона дар нашъунамо ҳастанд. Ӯ гуфт, бархе аз ин гулҳо аз кишварҳои дигар, азҷумла аз Ироқ ва Олмон оварда шудаанд.

Мушовири барнома гуфт, ки ин гулҳо дар оянда на танҳо боғи марказии шаҳрро зинат хоҳанд дод, балки идораву муассисоти вилоят низ метавонанд, барои зеб додани гирду атрофи ҳудуди хеш онҳоро дастрас кунанд ва ҳамчунин дастагулҳои тару тозаи ороишӣ дар дуконҳо мизоҷонро интизор хоҳанд буд.

Гулпарвар Хайрӣ Мастоншоева мегуяд, ки наздики 30 намуди ин гулҳои ороишӣ маҳаллӣ мебошанд. (Гули садбарг, хайрӣ, гули мирӣ, картошкагул ва ғ).

Роҳбари барнома гуфт, дар назар аст, теъдоди гулҳои ороишӣ дар парваришгоҳҳои махсус то 40 ҳазор афзоиш дода шавад. Дар ҳамин ҳол, раиси вилояти Бадахшон Қодири Қосим дар маҷлиси ҷамъбастии сол изҳор дошт, ки соли 2008 дар Бадахшон соли гул эълон мешавад. Ҳамчунин, гуфта шуд, ки мақомоти маҳаллӣ барои сохтани ду гармхонаи парвариши гулҳои ороишӣ 25 ҳазор сомонӣ ихтисос хоҳад дод.