Ноозодиҳо дар Осиёи Марказӣ

Тибқи гузориши созмони байналмилалии Фридом Ҳауз («Хонаи Озодӣ»), ағлаби кишварҳои Осиёи Марказӣ мамолики ноозод номида шудаанд.

Иванета Добичина, сарвари ин созмони байналмилалӣ дар Қазоқистон гуфт, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Қирғизистон ба ҷумлаи кишварҳои нисбатан озод шомил гардид ва дигар кишварҳои минтақа ҳамоно дар қатори мамолики ноозод боқӣ мондаанд.

Раиси созмони Фридом Ҳауз дар Қазоқистон афзуд, ки дар Қазоқистону Тоҷикистон озодиҳои сиёсӣ ва шаҳрвандии мардуми ин кишварҳо каме аз Ӯзбакистону Туркманистон, ки чун солҳои қабл ба вазъи ногувор афтодаанд, тафовут дорад. Дар Ӯзбакистону Туркманистон ягон нишони ислоҳи вазъ дар ин маврид ба мушоҳида намерасад ва ҳам созмондиҳии интихоботу ҳам фаъолияти расонаҳои хабариву созмонҳои байналмилалӣ комилан тағйир наёфтаанд ва нигаронкунанда боқӣ мондаанд.

Ба таъкиди хонум Добичина, вазъи озодиҳои сиёсӣ дар Қазоқистон низ бад гардидааст. Зеро дар ин кишвар интихоботи парлумонӣ, ки яке аз меъёрҳои калидии муайянкунандаи озодии кишвар маҳсуб мегардад, аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ғайридемократӣ ва ноозод арзёбӣ гардид. Бар илова, соли гузашта қонуне қабул гардид, ки тибқи он раисҷумҳур Нурсултон Назарбоев то охири умр дар интихоботи раёсати ҷумҳур ширкат карда метавонад.

Нинаэл Фокина, сарвари Кумитаи Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи башар дар Қазоқистон ба чунин хулосаи Фридом Ҳауз дар мавриди кишварҳои Осиёи Марказӣ комилан мувофиқ аст ва ба гуфтаи ӯ, арзёбии онҳо низ бо гузориши ФҲ мутобиқат мекунад. Ба андешаи хонум Фокина, маҳз ҳамин ду рӯйдод, яъне интихобот ва ҳаққи иштироки якумрии раисҷумҳур дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ Қазоқистонро ба қатори кишварҳои ноозод афканд. Сарвари Кумитаи Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи башар дар Қазоқистон маҳз ҳамин ивазнашавандагии раёсати ҷамҳурӣ дар Қазоқистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказиро яке аз омилҳои калидии ноозодии ин кишварҳо донист ва ба гуфтаи вай, то он замоне, ки ин сарварон дар сари қудрат ҳастанд, ба ягон тағйирот умед бастан мушкил аст. Ба таъкиди вай, агар сарварон тибқи қонунҳояшон амал намоянд ва бо ҳар баҳона ба қонуни асосии кишвар тағйироту иловаҳо шомил карда мӯҳлати раёсати хешро тамдид накунанд, онон дар ду мӯҳлат ҷои хешро ба шахси дигар медиҳанд ва худ ба шахси оддӣ табдил меёбанд.

Сарвари Кумитаи Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи башар дар Қазоқистон мегӯяд, ки дар чунин ҳолат масъулияти сарварон бештар мегардад ва онон оқибати ҳар тасмим ва рафтори хешро меандешанд, то мисли баъзе раисони ҷумҳури кишварҳои эҳтиромкунандаи қонун баъди раёсати хеш Кохи раёсати ҷумҳуриро ба зиндон иваз накунанд.

Розлана Таукина, сарвари созмони ғайридавлатии «Рӯзноманигорон дар хатар» низ комилан хулосаи ФҲ-ро дуруст шуморида таъкид мекунад, ки яке аз иллатҳои ба чунин вазъи ногувор афтодани ин кишварҳо мутобиқат накардани гуфтаву кардаи ҳокимияти ин кишварҳост. Ба вижа, инро дар муносибати ҳокимияти ин кишварҳо ба озодии сухан ба осонӣ метавон мушоҳида намуд. Хонум Таукина афзуд, ки дар ин кишварҳо фаъолияти расонаҳои хабарӣ ғолибан танзимшавандаанд ва чун онон чандон озод нестанд, фазои иттилоотӣ низ маҳдуд мегардад ва мардум хабару иттилои лозимиро пайдо карда наметавонанд. Ҳамчунин, адами шаффофият ва беиттилоии мардум ба кулли озодиҳои инсон таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин хотир, рӯзноманигор ақибмондагии сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои минтақаро низ комилан ба вазъи озодии кишвар баста медонад.

Розлана Таукина изҳор кард, ки дар ин робита вазъ каме дар Қирғизистон тафовут мекунад ва дар ин ҷо фаъолияти расонаҳои хабарӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, аҳзоби сиёсӣ назар ба дигар кишварҳо ба андозае беҳтар аст. Вале вақтҳои ахир дар ин ҷо низ тамоюли бадшавии вазъ ба мушоҳида мерасад.

Ноозодии кишварҳои минтақа чӣ паёмадҳое ба бор меоварад?

Нинаэл Фокина, сарвари Кумитаи Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи башар дар Қазоқистон:

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, кишварҳое, ки аз нигоҳи иқтисодӣ рушд кардаанд, онон аз нигоҳи демократӣ ва озодӣ низ кишвари пешрафтаанд. Ин ду мафҳум ба ҳам сахт иртибот доранд ва дар таҷрибаи ҷаҳонӣ кишвари ноозоде нест, ки ба рушди иқтисодӣ даст ёфта бошад.»

Хонум Фокина яке аз иллатҳои ба рушди иқтисоди муваффақ нашудани ағлаби кишварҳои минтақаро қабл аз ҳама аз набуди озодии сиёсиву шаҳрвандӣ медонад. Сарвари Кумитаи Ҳелсинкӣ оид ба хуқуқи башар дар Қазоқистон бар он аст, бояд ҳокимият барои рушди ҷомиа чун обу ҳаво зарур будани озодиҳои сиёсиву шаҳрвандиро дарк намояд ва гуфтаву амали хешро мутобиқ ба ин талабот гардонад.

Вале ба гуфтаи рӯзноманигори фирории ӯзбак Алишер Ҷумъаев, бо неруи мардум беҳ кардани вазъи озодӣ дар кишвари онон ғайриимкон гардидааст. Зеро мардум бо тарсу ларз ба сар мебаранд ва бояд дар ин масъала ҷомиаи ҷаҳониву созмонҳои байналмилалӣ ба ин кишвар таъсир расонанд.

Ҳамсӯҳбатони ман мӯътақиданд, ки кишварҳои минтақа дар ҳолати ба андозае даст ёфтанашон ба озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ, ба рушди иқтисодӣ ва беҳбуди вазъ ноил хоҳанд гардид ва аз қатори кишварҳои ноозод берун хоҳанд шуд.