Раиси шаҳри Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев иҷрои бечунучарои реҷаи таъйиншудаи интиқоли барқро талаб намуд.
Дар ин бора Шавкат Саидов, котиби матбуъотии раиси шаҳри Душанбе, дар суҳбат ба хабарнигори родиюи «Озодӣ» хабар дод. Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки реҷаи Дар ин бора Шавкат Саидов, котиби матбуъотии раиси шаҳри Душанбе, дар суҳбат ба хабарнигори родиюи «Озодӣ» хабар дод. Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки реҷаи бо раҳбарияти «Барқи тоҷик» ва раисони ҳукуматҳои навоҳии пойтахт мувофиқшуда ба тасвиб расидааст.
Ҷонишинони раиси шаҳр, раҳбарони садоратҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва раисони ҳукуматҳои навоҳии пойтахт муваззаф гардиданд, ки дар якҷоягӣ бо роҳбарони ҳамаи муассиса, ташкилот, корхонаҳо, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аҳзоби сиёсиву ташкилотҳои мазҳабӣ бештар намудани кори огоҳонидани сабабҳои маҳдудияти муваққатии интиқоли нерӯи барқ дар байни аҳоливу коргарон ва таъмини иҷрои қатъии иҷрои қарори мазкур қувват бахшида шавад.
Реҷаи маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе моҳи ноябри соли 2007 ҷорӣ шуда буд. Бар тибқи он интиқоли нерӯи барқ танҳо дар атрофи пойтахт маҳдуд карда шуд.
Ҳоло тибқи қарори нав, дар назар аст, ки интиқоли барқ дар ҳар ноҳияи шаҳри Душанбе аз соати 22 то 5 комилан қатъ карда мешавад. Дар ин реҷа кӯчаву хонаҳои истиқоматии мушаххас ва корхонаву муассисаҳои шомили реҷаи маҳдудияти барқ зикр гардидаанд.