Х: Брюс, Шумо бо гузориши ахири созмони Хонаи Озодӣ ошно шудед ва медонед, ки аз назари ин ташаккули байнулмилалӣ, вазъи кишварҳои ҷаҳон, ба вижа ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, аз назари озодиҳои сиёсиву инсонӣ, озодии матбуот, озодии эътиқод ва мазҳаб ва изҳори назар бадтар шудааст. Тоҷикистон имсол дар миёни кишварҳои ноозод қарор гирифт. Оё чунин манфӣ будани нишондодҳои озодиҳо дар минтақа ва Тоҷикистонро шумо чӣ гуна шарҳ медиҳед?
Б: Натиҷаҳои он ғайримунтазира нест, воқеан ҳам вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бадтар мешавад ва пеш аз ҳама ба озодии матбуот марбут аст. Ҳоло дар ин қаламрав чанд нашрияи мустақил мондаасту халос ва аксари онҳо дар Қирғизистон ба чоп мерасад. Дар Туркманистон ҳам шароити кор барои хабарнигорон мусоид нест, дар Узбакистон айнан чунин аҳволро дидан мумкин. Дар Қазоқистон вазъият бадтар мешавад, чунки парлумони ин кишвар мехоҳад қонуни нави маҳдудкунандаи кори расонаҳои интернетиро қабул кунанд. Вазъияти сиёсӣ дар минтақа бадтар нашуда бошад ҳам, аммо мисли пешина пур аз мушкил аст. Ба фикри ман, интихоботҳои баде, ки дар ин кишварҳо гузашт, вазъи сиёсии ин кишварҳоро боз ҳам печидатар кард. Дар Туркманистон феврали соли гузашта интихоботи раёсатҷумҳурӣ доир шуд ва ҳама медонистанд, ки натиҷаи он чӣ хоҳад шуд. Дар Узбакистон моҳи декабр ҳамин гуна шуд. Интихоботи парлумонии Қирғизистонро САҲА "қадаме ба қафо" арзёбӣ кард. Аз ин рӯ, ман дарк мекунам, ки бо чӣ сабаб гузориши солонаи Хонаи Озодӣ ин қадар манфӣ будааст.
Х: Роҷеъ ба Тоҷикистон шумо чӣ гуфта метавонед?
Б: Дар Тоҷикистон мушкилоти, масалан, расонаҳои хабарӣ чандин сол аст вуҷуд дорад. Камбуди маблағ барои онҳо як масъалаи ҷиддӣ аст. Бубинед, ҳукумат боз чӣ кард. Ҳарчанд ин тасмими соли гузашта неву пештар аст, ба ҳама намояндагиҳои дипломатии кишвар амр дод, ки бидуни иҷозаи мақомот бо хабарнигорон мулоқот накунанд. Ин гуна маҳдудиятҳо ҳамеша ба ҷараёнҳои ҳуқуқи инсон дар кишвар таъсири манфӣ мерасонанд. Шароити фаъолияти аҳзоби сиёсӣ ҳам дар Тоҷикистон мусоид нест. Мушкили Искандаров яке аз намунаҳои ин аст. Ҳизбҳо ҳам аз камбуди маблағ азият мекашанд. Сол аз сол мушкили дигар барҷастатар намудор мешавад, ки онҳое, ки ба хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон иртибот надоранд ва ё аз ноҳияи Данғара нестанд, барои анҷоми коре дар Тоҷикистон имконияти хеле кам доранд. Ҳамакнун мусаллам аст, ки агар хоҳед, ки дар Тоҷикистон ба муваффақият даст ёбед, кас бояд ба оқои Раҳмон наздик бошад, ва ё узви хонавода ва ё аз ноҳияи вай бошад.
Х: Ба назари шумо, оё ин ҳама мушкилот чӣ паёмадҳо дошта метавонад?
Б: Дар Тоҷикистон вазъият сол то сол бадтар мешавад. Ба вижа вақте як гурӯҳи хурд сарватмандтар мешавад ва иқтисод ҳам хуб кор намекунад. Дар чунин шароит, баъзеҳо мегӯянд, ки назар ба бепул будан беҳтар аст пулро бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст оваранд. Аз ин рӯ, мушкили фасод мавҷуд аст. Хулоса, бисёр чиз аз иқтисодиёт вобаста аст ва мустаассифона, дар Тоҷикистон ҳоло давраи мушкил пеш омадааст.
Х: Пас роҳҳал дар куҷо аст?
Б: Дар қадами аввал бояд фаъолияти расонаҳои хабарӣ озод шавад. Вақте матбуот ба мушкилоти ҷомеъа мепардозад, барои ҳукумат чун як нерӯи машваратчӣ хизмат мекунад. Агар расонаҳо озод бошанд, имкони кам шудани мизони фасод дар сохторҳои давлатӣ ҳам афзоиш меёбад. Фасоди камтар маънои онро дорад, ки барои манофеи миллӣ маблағи бештар масраф мешавад ва вазъи иқтисодӣ беҳбуд меёбад. Дар шароити кунунӣ, бахусус барои аҳзоби сиёсӣ озодии бештар додан лозим аст. То интихоботи навбатии парлумонии кишвар, ки бояд соли 2010 ҷараён гирад, беҳтар буд, агар аҳзоби сиёсӣ имконияти бештари фаъолиятро медоштанд, дар миёни мардум беҳтар шиносоӣ мешуданд, ва баъд мардум ҳам фикр мекунанд, ки дар парлумон ва ҳукумат манфиатҳои онҳо хуб муаррифӣ шудааст. Ва кор бояд аз ҳоло шурӯъ шавад. Ҳизбҳои сиёсӣ бояд имкони пешрафт ва фаъолияти ошкороро дошта бошанд ва ақоиди худро ба аҳли ҷомеа расонанд.
Х: Брюс, албатта, он чи ки Шумо мегӯед, ҳама хуб аст, аммо дар сурате, ки ин ҳама озодиҳо ба манфиати баъзе гурӯҳҳое, ки худатон гуфтед, нест, чаро онҳо бояд дар талоши таъмини озодиҳои бештар ба расонаҳову ҳизбҳои сиёсӣ бошанд? Чӣ бояд кард дар ин гуна шароите, ки бештар бумбастеро мемонад ва роҳи бурунрафт надорад?
Б: Ҳо, бале, ин мушкили бузург аст. Он кишварҳову созмонҳое, ки ба Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунанд, бояд ки аз ҷараёнҳои тақсимоти пул бисёр бодиққат назорат кунанд ва худи ҳамин чиз хеле кӯмаки зиёд мекунад. Дар ин сурат, ба нафарони наздики Эмомалӣ Раҳмон душвор мешавад, ки даст ба ин пулҳо зананд. Аммо дар асл, масъала хеле душвор аст. Ин гуна хонаводаҳои фасодзада дар саросари ҷаҳон хеле зиёд ҳастанд, чунки онҳо танҳо ба наздикони худ эътимод мекунанд. Мушкили дигар ин аст, ки дар сохторҳои давлатӣ одамони ғайриҳирфаӣ хеле зиёд ҳастанд. Бояд талаботи мушаххас гузошта шавад, ки танҳо мутахассисони соҳа метавонанд дар вазифаҳои масъул кор кунанд. Мешавад албатта низоми назорат аз кори ҳукуматро дар дохили кишвар ҳам ба роҳ монд, аммо аз хориҷа кардани ин кор осонтар аст. Сармоягузорони хориҷӣ гуфта метавонанд, ки "бале, мо маблағе дорем, ки онро ба шумо дода метавонем, аммо мехоҳем бубинем, ки ҳар як тини додаи мо ба кадом мақсадҳо сарф мешавад.
Х: Ва саволи охир, Брюс, Шумо кадом кишварҳоро метавонед ном баред, ки дар шароити ҳамсони Тоҷикистон буданд, аммо тавонистанд ин мушкилоти худро муваффақиятомез пушти сар карда вазъи кишвари худро беҳтар кунанд?
Б: Бале, чанд чунин кишваре, ки ҳаст, ки дар самти беҳбуди вазъи иқтисодиаш гом мебардорад, мисли Тимори Шарқӣ. Сармоягузорони хориҷӣ аз наздик таҳаввулоти ин кишварро назорат мекунанд. Аммо дар асл, ин як ҷараёни хеле душвор аст, чунки баъзе чизҳо аз таърихи кишвар вобаста мебошад. Ба назари ман, дар Тоҷикистон дар навбати аввал обурӯи ҳукуматро дар чашми мардум дубора эҳё кардан лозим аст. Ҳарчанд ман мефаҳмам, ки вақте як хонавода сари қудрат қарор дорад, ин корро анҷом додан душвор мешавад.