Раисҷумҳури Тоҷикистон мақомоти зидахли кишварро муваззаф кардааст, ки интиқоли нерӯи барқ ба Душанберо 1 миллион киловатт/соат афзоиш диҳанд.
Ӯ ба роҳбариятҳои вазорати энержӣ, ва ширкати давлатии «Барқи тоҷик» дастур додааст, ки интиқоли барқ ба Корхонаи алюминиюми кишварро коҳиш диҳанд ва аз ин ҳисоб интиқоли нерӯи барқ дар Душанбе афзоиш дода шавад.
Дар ширкати «Барқи Тоҷик» иттилоъ доданд, ки бо вуҷуди аз ҳисоби Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон интиқоли ҳаррӯзаи барқ дар ҳаҷми 1 миллион киловатт/соат ба шаҳри Душанбе реҷаи зимистонии нерӯи барқ аз миён бардошта нахоҳад шуд ва танҳо мешавад ҳамагӣ як соат интиқоли барқ ба пойтахтро афзуд.
Ба қавли муовини сармуҳандиси ширкати барқи Тоҷик Рашид Гулов, ин имкон медиҳад, ки минбаъд барқ дар шаҳри Душанбе на дар соати 21, балки 1 соат дертар, яъне соати 22 қатъ мегардад. Ӯ гуфт, маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар Душанбе ҳамоно боқӣ мемонад.
Ба қавли оқои Гулов, феълан системаи энержии Тоҷикистон наметавонад талаботи аҳолии шаҳри Душанберо бо нерӯи барқ пурра таъмин кунад. Ба иттилоъи ширкати «Барқи тоҷик», дар ҳоле ки талаботи аҳолии пойтахти Тоҷикистон ба нерӯи барқ дар як шабонарӯз баробар ба 12 милион киловатт/соат мебошад, ҳоло ҳамагӣ ба он 8 миллион киловатт/соат интиқол мегардад.
Оқои Гулов таъкид намуд, ки мушкили бебарқӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳолати 18 январ ба кор оғоз намудани нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳам ҳал нахоҳад шуд. Дар марҳилаи аввал, гуфт ӯ, танҳо як агрегати ин нерӯгоҳ ба кор медарояд, ки барои таъмини комили шаҳри Душанбе бо нерӯи барқ кифоят намекунад.
Гуфта мешавад, афзоиши интиқоли нерӯи барқ бо пешниҳоди Вазорати энержии Тоҷикистон ва ширкати «Барқи Тоҷик» дар ҷаласаи ахири ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл ҷиноҳи Маҳмадрузӣ Искандарови Ҳизби демократи Тоҷикистон бо пахши як баёния аз ҳукумати Точикистон талаб карда буд, ки интиқоли нерӯи барқ ба ширкати Алюминиюми Тоҷикистонро коҳиш дода, дар ин сармои шадид ба хонаҳои мардуми пойтахт барқ диҳанд. Раҳматулло Валиев сарпарасти ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандарови ҲДТ дар суҳбат бо хабарнигори радиои Озодӣ гуфт, аз онки мақомот интиқоли нерӯи барқ ба пойтахти кишварро дар як шабонарӯз як соат афзудаанд, розӣ нест.
Маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе дар ҳолест, ки сардии ҳаво 20 дараҷаро ташкил медиҳад.