Баъди Соли нав низ тафтишу боздошткунии муҳоҷирони тоҷик идома кард. Дар ин робита Алиҷон Азизбеков, як тан аз бозаргонҳои ин бозор мегӯяд;
«- Понздаҳ касро бурданд. Сесола сабти ном доштаро ҳам бурданду сабти номи семоҳа доштаро ҳам. Омаданд кадомеро доштанд, гирифтанд бурданд. Қаблан, сабти номи сесола доштаро кордор намешуданд, ҳоло ҳамаашро мебаранд.»
Ҳангоми сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ корманди идораи пулиси ноҳияи Ҷеттисуи шаҳри Алмаато, ки аз зикри номаш худдорӣ намуд, низ боздошти муҳоҷирони тоҷикро таъйид кард ва гуфт, ки боздоштшудагонро онон баъдан ба боздоштгоҳи муваққатӣ фиристодаанд.
Муҳоҷирони тоҷик аз он нигаронанд, ки ғолибан чунин рейду тафтишҳо бо пардохти ришва ба кормандони пулис анҷом мепазирад ва ба гуфтаи онҳо, ҳадаф аз ин тафтишҳо аз ҷониби кормандони пулис ба ҷайби хеш ҷамъ кардани маблағи муҳоҷирон аст.
(сӯҳбат бо муҳоҷирон):
«-- Мақсад, ки ягон чиз медиҳӣ, озод мекунанд, набошад ҳамту озод намекунанд.
-- Пул медиҳанд?
-- Ҳа, пул медиҳанд баъд раҳо мекунанд. Ё ягон ҷуфт туфлиатро мегиранду раҳо мекунанд, набошад ҳамту раҳо намекунанд. Ҷарима мегӯянд, 10 ҳазору панҷсад медиҳӣ раҳо мешавӣ. Агар бо худашон гапзанон кунӣ, 5 ҳазор – 7 ҳазор медиҳиву раҳо мешавӣ.»
Аз сӯи дигар, бозаргонҳои тоҷик низ иқрор мешаванд, ки онон дар ин ҷо ба таври ғайриқонунӣ фаъолият мекунанд, зеро онон барои тиҷорат дар бозор иҷозаи махсус надоранд ва дар вақташ молиёт намесупоранд. Ҳусейн Қисматов, бозаргон аз бозори «Адем»:
«-- Аз рӯи қонун мо барои кор дар савдо ҳуҷҷат надорем. Барои ҳамин мо ҳама вақт дар бало задагӣ.»
Аз ин хотир, вақти пайдо шудани пулис дар бозор онон ба ҷузъ гурез роҳи дигар надоранд. Вақти боздоштшавӣ ғолибан бозаргонҳои тоҷик бидуни муайян кардани шахсияти пулис ба ӯ пул доданӣ мешаванд.
Евгений Жовтис, сарвари бахши ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон низ чунин муносибати ғаразноки пулис дар мавриди муҳоҷиронро таъйид намуд ва гуфт, ки ҳамаи ин дар натиҷаи адами мавҷудияти қонунҳои дуруст дар мавриди фаъолияти муҳоҷирон ва мушкилоти роҳҳои пардохти молиёт ба амал омадааст. Оқои Жовтис таъкид намуд, ки чун муҳоҷирон алъон ҳаққи дар бозорҳо озодона фаъолият карданро надоранд, аз ин хотир аз чунин вазъи номусоиди тоҷирони тоҷик кормандони пулис ба суди хеш истифода мекунанд.
Оқои Жовтис гуфт, фаъолияти тоҷирони муҳоҷир бояд дар сатҳи давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирад. Ба таъкиди ҳамсӯҳбати мо, то он замоне, ки ин масъала аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва амалӣ ҳалли хешро пайдо накунад, ҳамоно муҳоҷирони ин кишварҳо, ки дар бозорҳои Қазоқистон кор мекунанд, аз таъқиби кормандони пулис, ки на ҳамеша вазоифи хешро содиқона иҷро менамоянд, озод нахоҳанд шуд.