Хобгоҳи донишҷӯ: Сард ва ифлос

Дуруд бар мухлисони Ояндасоз!

Ояндасоз ин навбат аз вазъи хобгоҳҳои донишгоҳҳои кишвар, ки воқеъан ҳам ағлабашон дар шароити барои зимистон номусоид қарор доранд, қисса мекунад. Чун донишҷуёнро ғолибан танҳо шабона дар хонаҳояшон пайдо кардан мумкин аст, мо қарор додем, ки маҳз дар ин вақт меҳмони онҳо шавем. Ҳарчанд дар ин новақтӣ моро масъулини хобгоҳҳо чандон хуш қабул накарданд, аммо ҳамсолонамон хеле пазироии гарму суҳбатҳои хуб доштанд.

Донишгоҳи омӯзгорӣ

Нахуст мо ба хобгоҳи донишгоҳи омӯзгорӣ, ки дар наздикии бинои асосии ин донишгоҳ воқеъ аст, ворид шудем. Ғайричашмдошт дар даромадгоҳ комендант ё раиси хобгоҳ набуд ва мо рост ба назди донишҷуён равона шудем. Дар ин ҷо моро Ёрмаҳмад, як донишҷӯе ки масъули ошёнаи чорум будааст, пешвоз гирифта, барои тасвири вазъи зиндагиаш дар ин хобгоҳ даъват кард, ки мо аз хонаи хоби ӯ дидан кардем.

Хонаи ӯ танҳо аз чор рахти хоб ва як ҷевон иборат буд, ҳавояш аз ҳарорати ҳавои берун чандон фарқ надошт. Аммо бо вуҷуди мушкилот, чунин ба назар расид, ки хобгоҳи Донишгоҳи омӯзгорӣ таъмир дида ва донишҷуёни ҳамаи утоқҳо ба ҷуз аз рахти хоб бо мизу ҷевон ва ошхонаи нисбатан хубу тамиз таъмин буданд.

Донишгоҳи тиббӣ

Дар хобгоҳи Донишгоҳи тиббӣ ба фарқ аз дигар донишгоҳҳо донишҷуёни хориҷӣ бештар зиндагӣ мекунанд. Дар хобгоҳи Донишгоҳи тиббӣ барқ набуд ва навбатдорон дар берун гулхан афрухта, худро гарм мекарданд.

Бо вуҷуди он ки ин навбатдорон барои мулоқоти мо бо донишҷуён монеъ шуданд, мо дар куча бо донишҷуёни зиёде мусоҳиб шудем, ки гурезон аз манзилҳои сарду торики хеш ба нонхурӣ мерафтанд.

Се донишҷуйи ҳиндие, ки дар факултаи муолиҷа таҳсил карда, аз бурдани номашон худдорӣ намуданд, гуфтанд, ба хусус барои онҳо, ки аз кишвари офтобиянд, гузаронидани зимистон дар шароити феълӣ барояшон хеле сахт аст.

Дар беруни хобгоҳ мушоҳида мешуд, ки бархе аз донишҷӯён либосу ашёи дарсӣ ва бухорӣ дар даст ба куҷое шабгузаронӣ мерафтанд. Ба гуфти донишҷуёни афғон, аксарашон фардо имтиҳон дошта, имкони омодагӣ ба онро надоранд. Як мусоҳибамон гуфт, се руз аст, ки ба имтиҳон бо риши расида меравад&

Донишгоҳи кишоварзӣ

Воқеан, донишҷӯёни танҳо як ошёнаи хобгоҳи Донишгоҳи кишоварзӣ, ки ба тозагӣ аз таъмир баромадаву донишҷӯён бо рахтҳои хоби замонавӣ ва қисман бо ҷевон ҳам таъмин буданд, аз шароити хобгоҳ то андозае изҳори қаноатмандӣ мекарданд.

Аммо бо даъвати як донишҷуи ин донишгоҳ, ки худро Фаридун муарриф кард, мо ба ошёнаи дигари ин хобгоҳ поён шудем. Хоҳ бовар кунед хоҳ не, бо ворид шудан ба ин ошёна, бовари кас намеояд, ки ин ҳам ҳамон биност. Баробари воридшавӣ ба он буйи баду ғализи ҳоҷатхона дили касро беҳузур мекунад ва аз намуди ҳуҷраву роҳравҳони он чунин бармеояд, ки солҳои тулонӣ таъмир надида, хеле куҳнаву фарсуда шудааст.

Дари ҳуҷраеро, ки мо куфтем, дар он 4 донишҷӯ дар назди бухорӣ худро гарм мекарданд. Ин утоқ танҳо аз 4 рахти хоб иборат буда, сару либоси донишҷӯён дар ҳар кунҷу канори хона овезон буд. Ба гуфти онҳо, ба ҷуз аз таҳияи хурок ва нон дар ҳуҷраи хоб дигар чорае надоранд, зеро ошхонаи хобгоҳ ғайриқобили истифода аст.

Ҳаммом, ҳоҷатхона ва ошхонаи ин донишҷӯён аслан ба ягон талабот мувофиқ набуда, ҳатто фарши ҳаммом ва ошхона бо сабаби яхбандии зиёд ба майдончаи лижаронӣ монанд шуда буд.

Раҷаббек Қосимов - декани факултаи зооинженерӣ гуфт, донишгоҳ бо назардошти имконоти хеш пайиҳам хобгоҳи ҳар факултаро таъмир менамояд. Ва ҳоло навбат ба факултаи онҳо нарасидааст. Аммо аз сӯи дигар, Раҷаббек Қосимов барои бенизомӣ ва ифлосии хобгоҳ худи донишҷӯёнро ҳам айбдор мекунад. Аммо донишҷӯёни курсҳои болоӣ мегӯянд, дар таи чанд соли зиндагӣ дар хобгоҳ масъулин барои беҳбуд бахшидани зиндагии онҳо ваъдаҳои зиёд медиҳанд, аммо то ба имрӯз вазъашон бетағйир боқӣ мондааст.

Вале бо вуҷуди ҳаммаи ин зиндагии донишҷӯён дар хобгоҳ паҳлуҳои ҷолибу хотирмон ҳам дорад. Аз рузгори донишҷуёни тоҷик дар хобгоҳҳои донишгоҳҳои пойтахт бо шунидани барномаи Ояндасоз хубтар огоҳ хоҳед шуд. Ба кунҷи болоии рости сомона бингаред ва ин барномаро бишнавед.