Суҳарто дар дами сакарот аст

Собиқ диктотури Индунезӣ Суҳарто, тибқи хабарҳо, дар дами сакарот аст. Пизишкон вазъи ӯро "хеле бад" номидаанд. Ба гуфтаи онҳо, собиқ генерали 86-сола дар ҳолест, ки чандин узви баданаш аз кор афтодаанд. Ҳамзамон дил, шуш ва гурдаҳои ӯ мушкили ҷиддӣ дошта, нафас ба шушҳояш бо роҳи сунъӣ дода мешавад. Суҳарто дар соли 1998 бар асари як шӯриши мардумӣ ба 32 соли ҳокимияташ поин дод. Вазъи бади саломатии ӯ ба додситонҳо имкон надод, барои истифодаи су аз мақоми давлатӣ ӯро ба додгоҳ кашанд. Ба навиштаи матбуъот, Суҳарто дар сирқати беш аз 30 миллиард доллари мардуми индунезӣ айбдор мешуд.