Дирӯз, 13 январ, ҳудуди 30 ҳазор ҷонибдори аҳзоби мухолифини ҳукумат дар маркази шаҳр ҷамъ омада хостори баргузории даври дувуми интихобот шуданд. Онҳо иттилоъи Кумиссиюни марказии интихобот дар бораи пирӯзии Михаил Саакашвилӣ дар даври аввали интихоботи президентиро қабул надоранд.
Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, дирӯз ҳаракати нақлиёт дар хиёбони ба номи Шота Руставелӣ - хиёбони марказии Тифлис барои панҷ соат мутаваққиф шуд ва аммо дар қиёс ба рӯзи 7 ноябри соли гузашта кормандони пулис ба эътирозгарон ҳамла накарданд.
Раҳбарони мухолифин гуфтанд, ки мақомот дар баршумурдани раӣъҳо даст ба тақаллуб задаанд ва аз ҷонибдоронашон даъват карданд, ки аз раӣъҳои додаи худ ба Левон Гачечиладезе ҳимоят кунанд. Худи Гачечиладзе зимни суханронӣ аз ҳозирин даъват кард, ки муборизаи худро аз роҳи осоишта идома диҳанд.
Дар майдони Инқилоби садбаргӣ ҷонибдорони аҳзоби мухолиф зери шиорҳои “Амрико аз диктатура пуштибонӣ кардааст”, “ОБСЕ тақаллуб дар интихоботро ҷонибдорӣ намуд” ва “Амрико, чашми худро боз кун!» ҷамъ омаданд.
Ба ҳамоиши эътирозии мухолифин, ҳамчунин, раҳбари ҳизби ростгароҳои нав Давид Гамкрелидзе ва раҳбари Ҳизби фардо Георгий Маисашвилӣ ҳамроҳ шуданд – ин аҳзоб қаблан ба эътилофи мухолифини ҳукумат шомил набуданд.
Дар аввал гирдиҳамомадагон баргузории даври дуввуми интихоботро талаб карданд ва аммо қарибиҳои бегаҳ онҳо хостори эътирофи пирӯзии Левон Гачечиладзе дар даври аввали интихоботи президентӣ шуданд.