Раиси ҷумҳурии ИМА Ҷ. Буш дар ҷараёни сафари ахираш ба Ховари Миёна итминони хотир дод, ки то анҷоми муҳлати раёсатҷумҳуриаш созишномаи сулҳи миёни Исроилу Фаластин ба имзо хоҳад расид.
8 соли пеш айнан ҳамин гуна талошро раҳбари пешини Иёлоти Муттаҳида Билл Клинтон карда буд, аммо бенатиҷа. Ва ҳоло, ҳатто бархе тарафдорони Буш дар Амрико мегӯянд, ки ҳадафҳои раиси ҷумҳурӣ аз ҳад зиёд хушбинона мебошанд, дар ҳоле, ки нафароне ба ин андеша ҳастанд, ки нақшаҳои ӯ бо назардошти ҳадафҳои густардатар аз он чи, ки ҳоло ба назар мерасад, арзишманд мебошад.
«Бовар дорам, ки имзои қарордоди сулҳ ҳанӯз пеш аз рафтани ман аз мақом мумкин аст, на танҳо мумкин аст, балки ба вуқӯъ хоҳад пайваст. Ман мутмаинам. Ва ин эътимоди ман аз сози ташнагии ман дар садои ҳарду – ҳам сарвазири Исроил ва ҳам раиси маъмурияти Фаластин – бармеояд».
Ин изҳороти раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш аст, ки рӯзи панҷшанбе дар Рамуллоҳ, баъди мулоқоташ бо раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуди Аббос садо дод. Ва ин пешгӯии барҷастатарини вай роҷеъ ба ниҳояти бӯҳрони сиёсиест, ки даҳсолаҳо идома дорад ва он чизест, ки раҳбарони пешин аз гуфтани он тайи ҳафт соли охир худдорӣ мекарданд. Ҳоло чунин ба назар мерасад, ки маъмурияти Буш беш аз пеш ба бӯҳрони Ховари Миёна тамаркуз кардааст. Қабл аз сафар ба минтақа моҳи ноябри соли гузашта дар Аннаполис, берун аз Вашингтон, Кохи Сафед як ҳамоиши байналмилалии Ховари Миёнаро ташкил карда буд, ки дар кори он коршиносону сиёсатмадорони аслии минтақайӣ иштирок карданд.
Дар ҳоле, ки бархе нозирон мегуфтанд, Буш бо мувофиқат дар ташкили ин конфронс бештар мехост ибтикори вазири хориҷа Кондализа Райсро тарафдорӣ кунад, ҳоло мегӯянд, ки иқдомҳои имрӯзаи президенти Амрико маънои пуштибонии комили вай аз "харитаи роҳи" Ховари Миёнаро дорад. Ин барнома таҳти назари Иттиҳодияи Аврупо, Русия ва ИМА пазируфта шудааст. Аммо дар ин росто, ҳатто тарафдорони ҳамешагии ин барнома шак доранд, ки изҳороти Буш воқеъбинона мебошад. Яке аз онҳо Даниэла Плетка, муовини раиси як донишгоҳи иқтисодии Амрико аст, ки масъули таҳқиқи умури хориҷиву дифоии ин муассисаи воқеъ дар Вашингтон мебошад. Хонум Плетка ба шаҳодати шубҳаҳои худ талошҳои нокоми Клинтонро мисол меорад, ки дар соли охирини раёсатҷумҳурии худ мехост Исроил ва Фаластини таҳти раҳбарии Ёсир Арафотро ба имзои қарордоди сулҳ водор кунад. Дар мусоҳиба бо радиои Озодӣ таҳлилгар Даниэла Плетка гуфт: «Ба назари ман ин ақида каме на, балки тамоман ғайривоқейӣ аст. Шартҳои бунёдии харитаи роҳ, ки камбудии зиёд дорад, ҳанӯз иҷро нашудааст. Фаластиниҳо ҳанӯз бояд ташаккулҳои террористиро таҳти назорат бигиранд. «Ҳамос» як масъалаи дигари бузург аст, «Фатҳ» ҳам ҳамчунин. Бригадаи шаҳидони Ал-Ақсо, ки яке аз унсурҳои аслии ҷумбиши Фатҳи Маҳмуд Аббос мебошад, фаъолияташро ба унвони як гурӯҳи террористӣ ва фаъолияташро дар самти мусаллаҳсозиву куштори мулкиҳо идома медиҳад».
Ва ҳамчӯнин, фаротар аз хатароти идомаёбандаи хушунатҳо, Плетка мегӯяд, ки бовар дорад маъмурияти Буш ба масоили дигари муҳимми марбут ба сулҳи Фаластин таваҷҷуҳ накардааст, аз ҷумла ба таҳкими вазъи иқтисодӣ, ба эътидол овардани ҳукумат ва пешбурди вазъи иҷтимоъии минтақа, мисли пешбурди шароити мактабҳо: «ИМА ба ин ҳама аслан таваҷҷуҳ накардааст. Вақте ман аз вазири хориҷа суол кардам, ки дар бораи ин ҳама масъалаҳо чӣ андеша дорад, вай намоиш дод, ки аслан дар ин бора фикр намекунад. Дар ҳоле, ки таъсиси давлати Фаластин як ақидаи хеле хуб аст, аммо масъалаи ҳукумат ва масъулияти он дар баробари мардум назар ба шарту шароити қарордоди сулҳ бо Исроил арзиши бештар дорад».
Бо назардошти ин ҳама, хонум Плетка гуфт, ки нисбати сиёсати сулҳи Ховари Миёна, ки Буш дунбол мекунад, ақидаи мусбат надорад.
Таҳлилгари дигари амрикоӣ Ҷеймс Филипс, муҳаққиқи умури хориҷаву амнияти миллӣ дар пажӯҳишгоҳи сиёсии «Бунёди Мерос», дар ин робита андешаҳои хушбинтарро баён кард. Вай мегӯяд, ки аз замони талошҳои бастани созишномаи сулҳи миёни Фаластину Исроил дар аҳди Арафот чаҳор сол гузашт, аммо нақши «Ҳамос» ҳамонгуна, ки буд, боқӣ мондааст.
Ӯ мегӯяд: «Шумо гуфта наметавонед, ки маъмурияти Буш дар ҷараёнҳои сулҳ ширкат накардааст, чунки ин тур нест. Аммо дар аҳди Арафот сулҳ имконпазир набуд ва ҳоло ҳам «Ҳамос» барои ояндаи созишномаи сулҳ истеҳкомоти худро дорад. Ба андешаи ман, он коре, ки раиси ҷумҳурии Амрико мекунад, бо ин масъалаҳо иртибот надорад, чунки фаластинҳо худ барои сулҳ омода нестанд ва исроилиҳо, ки аз тилисми нокомиҳои фаластиниҳо дар роҳи иҷрои тааҳҳудоти Осло раҳо шудаанд, манзур ташкили маъмурияти Фаластин аст, барои бастани сулҳ ҳозир нестанд».
Ба ақидаи Филиппс, хушбиниҳои Буш дар робита бо қарордоди сулҳи Фаластину Исроил воқеъбинона нест, аммо оптимизми раисиҷумҳурӣ чун василае барои ташвиқи миёнҷиҳои ду ҷониб интихоб шудааст, ки ба музокироти худ ҷиддитар муносибат кунанд.