Дар шаҳри Турсунзода маросими супоридани медолҳои тило ба қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар соли 2007 дастаи «Регар» ТадАЗ баргузор шуд.
Дар ин маросими пуршукӯҳ «Регар» ТадАЗ, ки бо 55 имтиёз байни 11 дастаи лигаи олии кишвар мақоми аввалро касб карда, барои дафъаи 6-ум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт, бо ҷоми Федеросиюни футболи кишвар сарфароз гардид.
Бозигарону мураббиён ва раҳбарони бошгоҳ бо медалҳои тилои мусобиқоти қаҳрамонии футболи мамлакат ва туҳфаҳои Ширкати алюминиюми тоҷик, сарпарасти даста, мукофотонида шуданд.
Дар ҳамин ҳол ба беҳтарин бозигари кишвар дар хатти дифоъ Наим Носиров ва капитани даста Хуршед Маҳмудов, нимҳимоятгари бартари мамлакат дар соли 2007, ҷавоизи Федеросиюни футболи мамлакат супурда шуд. Ҳамчунин ҳимоятгар Маъруф Рустамов, барои 1000-умин голи «Регар» ТадАЗ дар тӯли 16 соли ширкати даста дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, бо ҷоизаи махсуси кумитаи иттифоқи касабаи Ширкати алюминиюми тоҷик сарфароз гардид.
Лозим ба тазаккур аст, ки дастаи «Регар» ТадАЗ таҳти раҳбарии сармураббӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев 5 бор ба дарёфти унвони қаҳрамонӣ мушарраф шудааст. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар айни ҳол дастаи онҳо ҳамчун қаҳрамони ахири футболи Тоҷикистон ба мусобиқоти байнулмилалии анъанавии «Ҷоми Иттиҳод-2008» омодагӣ мебинад.
Тими «Регар» ТадАЗ барои ширкат дар ин мусобиқоти бонуфӯз 18-уми январ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар хоҳад кард.