Таълимгоҳҳои исломӣ дар назди масҷидҳо, барномаву усул ва роҳу равиши таълимӣ дар онҳо тайи як соли ахир аз мавзуъҳои асосии баҳси миёни мақомот, масъулин ва соҳибназарони умури дин ва сокинони оддии Суғд маҳсуб меёбад ва иқдоми ахири додситонӣ ин баҳсро дубора доман зад.
Аммо мақомот умдатан масъалаи бе иҷозати давлат таъсис шудани чунин таълимгоҳҳои исломӣ дар назди масоҷид ва дар манзили афроди алоҳидаро матраҳ мекунад. Қоҳир Расулзода – раиси устони Суғд дар як суханронии қаблии худ дар ин бора гуфт: «Лекин ман бисёр мисол оварда метавонам, ки имрӯзҳо дар баъзе масоҷиди ҷомеъ ва дар бисёр ҷойҳо синфхонаҳое кушодаанд, ки дар ягон ҷо ба қайд гирифта нашудаанд ва ё худи он масҷидҳо қайди расмии давлатӣ надоранд. Ва толибилмони онҳо муаллимони он ҷо саводи кофӣ надоранд, масалан, мадрасаи исломиеро хатм накардаанд ва мушкиле ҳам ҳаст, ки толибилмони ин гуна таълимгоҳҳо даст ба корҳои ғайриқонунӣ, монанди дуздиву қаллобӣ мезананд. Аз ин рӯ, мо фақат дар чаҳорчӯби қонун иҷозат медиҳем онҳо фаъолият кунанд.»
Дар устони Суғд беш аз 1 ҳазор масҷид, аз ҷумла наздики 80 масҷиди панҷвақта ва 9 адад мадрасаи мутавасситаи исломӣ фаъоланд. Теъдоди умдаи масоҷид ва мадориси Суғд ба ҷумлагӣ дар давраи баъд аз пошхӯрии шӯравӣ дарҳои худро боз кардаанд. Ҳаққи додани иҷозаи расмӣ ба фаъолияти таълимгоҳҳои исломиро бахшҳои умури дин дар ҳукуматҳо дар даст дорад, вале барномаҳои таълимии онҳоро Шӯрои уламои Суғд тасдиқ мекунад.
Аз нигоҳи Орифҷон Байзоев - мудири мадрасаи исломӣ, ҳамзамон имом – хатиби масҷиди Шайх Муслиҳиддин дар шаҳри Хуҷанд, барои таълимгоҳҳои исломӣ, муҳимтар аз ҳама, таҳияи дурусти барномаҳои омӯзишу парвариш ва интихоби мударриси дорои маълумот ва тахассус аст: «Ин ки оё он шахси таълимдиҳанда маълумот ва таҷрибаи кофӣ дорад ва оё бо ин амал ягон ғарази шахсии худро дорад ё не. Мисли он ки ягон манфиат ба даст овардан ё ягон ақидаи ғайрро дар бачаҳо ҷорӣ кардан мехоҳад ё не ва ё барномаи таълимии ӯ ақидаҳои мазҳабу равияҳои дигар дорад ё не. Ба ҳамин тартиб, мо метавонем ақидаи мазҳаби ҳанафии дини худамонро солеҳ нигаҳ дорем ва ба дигарон расонем.»
Мадрасаҳои исломии Тоҷикистон, аз ҷумла дар Суғд, умдатан дар назди масоҷиди ҷомеъ ташкил шудааст. Бо ишора ба ин, коршинос Абдувосити Салимзода мегӯяд, гоҳе суҳбату баҳсҳои баъд аз намози толибилмон ва имом–хатибу мударрисҳо дар масоҷидро баъзе афрод чун дарсхонӣ дар масҷид қабул мекунанд. Онҳо гумон мебаранд, ки имом – хатиб ё дигар аз масъулин пас аз адои намоз дар масҷид ба як гурӯҳ дарси динӣ медиҳанд.
Зимнан, қонунгузории Тоҷикистон ба масоҷид ташкили гурӯҳҳои омӯзишии диниро иҷоза медиҳад. Аммо маъмулан имом–хатибон эҳтиётан аз афроди зери синни 18 ризояти хатти волидайн низ талаб мекунанд.
Дар кӯчаву хиёбонҳои Хуҷанд аз сокинони Суғд пурсидам - дар бораи дарсхонаҳои динӣ чӣ гуна аст? Бархе гуфтанд, ки мухолифи ҳар гуна таълимгоҳҳои динӣ ҳастанд. Аммо иддае изҳор доштанд, ки бигзор таълимгоҳҳои исломӣ амал кунанд, аммо ба шарти ин ки фаъолият ва барномаҳои онҳо беғараз ва шаффоф бошад:
«Ман тарафдор нестам бачаҳо дар хонаи бибиотун ва домуллоҳо рафта, таълимоти динӣ гиранд. Барои он ки маълум нест, онҳо (таълимдиҳандагон) ба бачаҳо чи хел дониш меомӯзонанд. Баъзеҳо назди ин гуна биотун ва домуллоҳо барои сабақомӯзӣ рафта, худашон нафаҳмида мемонанд, ки ба ҳизби таҳрир дохил шудаанд. Аммо аз ҷиҳати дигар, онҳо ба шогирдон одоб, ёди Худо, муомилаи нағз меомӯзанд, ки инаш – хуб, ман тарафдори ин.»
«Вақте ки исломиҳо таълими динӣ омӯзониданӣ мешаванд, онҳо ҳам бояд дар қади ниҳодҳои давлатӣ ва зери назорат бошанд, кам бошад ҳам андоз супоранд, барномаҳои омӯзишии онҳо маълум бошад ва берун аз он таълим сурат нагирад, ба ҳаракатҳои тундгаро давъат накунанд.»
Ба ҳамин тариқ, сокинони оддии Суғдро, дар ҳоле ҳам ки аз фаъолияти таълимгоҳҳои исломӣ ҷонибдорӣ мекунанд, умдатан барномаҳои таълимӣ дар ингуна дарсхонаҳо машғул медорад. Инчунин, аз нигоҳи онҳо, ҷалби атфол ва навҷавонон ба чунин таълимгоҳҳои бояд бо иродаву ихтиёри худи онҳо ҷараён бигирад.
Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Убайдулло Файзуллев – сарвари бахши суғдии ҲНИТ, акси ин ҳолат ҳам гоҳе ба вуқӯӣ меояд: «Дар баъзе ҳолат баъзе падару модарон, ки ба фарзанди худ илм омӯзонида ва тарбият дода наметавонанд, назди баъзе муллоҳое, ки аз қонун ва усули таълиму тарбият дуранд, мебаранд ва мегӯянд ки: устухонаш аз мо, гӯшту пӯсташ – аз шумо. Яъне, бо ин усул падару модар мехоҳанд фарзанди бетарбияти худро аз роҳҳои бад баргардонанд. Агар боз ҳам аз вай аъмоли бад аз вай сар занад, гуноҳ ба сари волидайн афтоданаш даркор, на ба устоде, дар тарбияти вай кӯшидааст.»
Вале ӯ таъкид дошт, ки дар ҳар сурат омӯзиш дар таълимгоҳҳои исломӣ бояд бо риояти одоб ва қоидаҳои педагогӣ ва аз сӯи афроди дорои маълумоти саҳеҳи динӣ ва таҷрибаи омӯзишӣ сурат бигирад.