Арзонтарин мошин дар ҷаҳон

Мошини Тата Нано

Рӯзи панҷшанбе ширкати «Tata Motors Ltd»-и Ҳиндустон арзонтарин мошини рӯи олам бо номи Тата Наноро муаррифӣ намуд, ки ҳамагӣ то 2 500 доллари амрикоӣ нарх хоҳад дошт.

Қимати Тата Нано тахминан ба 2500 доллари амрикоӣ баробар буда, тибқи хабарҳо миллионҳо сокини камдаромади саросари дунё ба зудӣ имкони харидории онро пайдо мекунанд. Ратан Тата, раиси ширкати мошинсози «Tata Motors Ltd», дар ҳузури меҳмонони зиёд шахсан Тата Нанои рақами якро ба дохили толори намоишӣ ронандагӣ кард.

Ин мошин чор дар ва панҷ ҷои нишаст дорад. Дар он радио, ҷиҳози гарм ва ё сард намудани ҳаво, оинаи паҳлӯи рости ронанда ва дигар ашёи маъмулии мошин мушоҳида намешавад. Раиси ширкат Ратан Тата иброз дошт, ки нархи ин мошин дар муассиса ба 100 000 рупияи ҳиндӣ ва ё тақрибан 2500 доллари амрикоӣ баробар аст. Бо пардохти маблағи иловагӣ муштарӣ имкон меёбад, ҷиҳози зарурӣ насб намояд.

Баъзеҳо мегӯянд, Тата меъёрҳои амният ва кайфиятро қурбони нарх кардааст. Вале раиси ширкати мошинсоз мегӯяд, Тата Нано партоби камтари газҳои зараровар дошта, назар ба мотосиклҳои кӯчаҳои Ҳиндустон амниятӣ бештар хоҳад дошт. Раҷендра Пачаурӣ, ки соли гузашта дар ҳайъати пажӯҳиши тағйири иқлими СММ ба гирифтани ҷоизаи сулҳи Нобел муваффақ шудааст, моҳи гузашта гуфта буд, ки ӯ аз шунидани хабари пайдоиши мошини арзонтарин дар Ҳиндустон хобҳои даҳшатнок мебинад.

Вале Ратан Тата ба Пачаурӣ хоби ширин орзу намуда, таъкид кард, ки Тата Нано ба муҳити зист зарари зиёд намерасонад, зеро як литр бензинро дар масофаи 20 километр истифода хоҳад бурд.

Ширкати Тата тахмин мекунад, ки акнун ширкатҳои дигар низ дар паи истеҳсоли мошини арзон мешаванд. Ширкати фаронсавии «Рено» ва шарики японии он «Нисан» саъй доранд, мошине ба қимати поинтар аз 3000 доллар истеҳсол намоянд. Мутахассиси соҳаи мошинсозии Бонки Осиёии рушд Ҷеймӣ Лизер мегӯяд, мошинҳои арзон метавонанд ба бузургтарин мушкили зистмуҳитии шаҳрҳо табдил ёбанд.

Соли 2005 нақлиёти Ҳиндустон то 219 миллион тонна гази карбон диоксид, ки яке аз сабабҳои асосии гармшавӣ ҳисобида мешавад, партоб намудааст. Бар пояи омори Бонки Осиёии Рушд агар саноъати Ҳиндустон тибқи нақша рушд кунад, соли 2035 партоби нақлиёти Ҳиндустон ба 1467 миллион тонна карбон диоксид мусовӣ хоҳад шуд.