Бозгашт ба қарни Яхбандон

Мавзӯъҳои муҳимтарини ин шумораи «Миллат» махсуси масоили иқтисодист. Дар як матлаб нашрия бо таваҷҷӯҳ ба дар мӯҳлати муқарраршуда мавриди истифода қарор нагирифтани агрегати аввали нирӯгоҳи Сангтӯда-1 навиштааст, ки таъхири иллатҳои ғайрирасмии истифодаи ин нирӯгоҳро ҳадс зада, ва ҳамчунин суол гузоштааст, ки чаро замину об аз Тоҷикистон аст, аммо саҳми аслӣ дар инчунин тарҳҳои бузурги кишварро кишварҳо ва ширкатҳои хориҷӣ дар даст доранд?

Нашрия ҳамзамон навиштаст, ки аммо мақомоти Тоҷикистон аз тасвиби инчунин қарордод, ки саҳми асосӣ ва идориро ба дасти ширкатҳои хориҷӣ додаанд, пушаймонанд ва таъкид мекунад, минбаъд давлати Тоҷикистон иштибоҳоти ҳамсонро, ки манофеъи миллиро сарфи назар мекунанд, дар иҷрои тарҳҳои мисоли Роғун набояд такрор кунад.

Ҳамчунин, «Миллат» бо манзури ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни замини дар матлаби дигар менависад, ин тағйироту иловаҳо фурӯши замин дар икшварро расман иҷоза медиҳад ва ин иқдоми порлумони Тоҷикистонро раъй додани ин мақоми қонунгузор ба феодализм унвон кардааст.

Нашрияи русизабони «Собития» аз афзоиши қиммати нирӯи барқ, газ, гармидиҳӣ ва поин шудани қиммати гуфтугӯҳои телефонҳои хонагӣ дар Тоҷикистон аз январи соли ҷорӣ хабар додааст. Нашрия муқаррароти қимати нархҳои нави истифодаи анвои энержӣ дар кишвар барои сокинон, корхонаҳо ва мақомотро нашр кардааст. Ва бар тибқи он сар аз 1 январи соли ҳамин сол қимати як киловат соат барқ ба сокинон 3,2 дирам, корхонаҳои бахши саноат 5,3 дирам, барои истифодабарандагони бахши кишоварзиву саноӣ 9,3 дирам, марказҳои интиқолдиҳандаи об 1,9 дирам, корхонаҳои буҷавии таъмини сокинон бо оби гарм 5,3 ва бахши хусусии ҳамин корхонаҳо 18 дирам муқаррар шудааст.

Нашрия ҳамзамон хабар додааст, ки нархи гармидиҳӣ низ афзоиш ёфта ва барои корхонаҳое, ки сокинонро ба гармӣ таъмин мекунанд, 1,7 дирам, мақомоти аз буҷаи давлат сармоягузоришаванда 13 дирам ва дигар истифодабарандагон то 50 дирам боло рафтааст.

Сардии камсобиқаи рӯзҳои ахир дар кишвару мушкилоти бебарқиву бегармӣ сархати хабарҳои нашри тозаи ҳафтаномаи «Фараж» қарор гирифтааст. Нашрия навиштааст, «дар ҳоле, ки мардум аз сардӣ ларзон, тарсон-тарсон рӯи ях қадам мебардоштанд, мӯйсафед бо овози баланд ба сӯи осмони тира нигариста дуо мекард:

- Худоҷон, чи қадаре имкон дорӣ, барф бифирист то дигар баҳона накунанд, ки обанбори Норак беоб аст».

«Фараж» ҳамчунин дар ин шумораи худ аз шикояти модари Ёқуб Салимов, унвонии раисҷумҳури Тоҷикистон ва афзоиши қиммати истифодаи роҳи оҳани Русия барои интиқоли алюминиуми тоҷик, ки ба ширктаи Талкои Тоҷикистон 2 миллион доллар зиён ворид мекардааст, хабар додааст. Ва низ рӯзнома чанд матлаби таърихӣ, аз ҷумла, кушта шудани Анварпошшо, сарвари нирӯи зидди инқилоби сурх дар Тоҷикистон, ҳамчунин мушкилоти таърихнигории тоҷикро ба хонанда пешниҳод кардааст.

Ҳафтаномаи «Ҷомеа», ки нашри дубораи он аз сар гирифта шуд, дар шумораи нахустини худ акси чеҳраҳои маъруфи Тоҷикистон дар соли 2007-ро ба чоп расондаст, ки дар ин миён президент Эмомалӣ Раҳмон, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, иқтисодшинос Ҳоҷимуҳаммад Умаров, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, сарояндагон Саидқул Билолов ва Шабнами Сурайё, инчунин чанд мансабдору чеҳраҳои адабиёт мақом пайдо кардаанд.

Мавзӯи афзоиши қарзҳои кишоварзон матлаби аслии нашрияи «Зиндагӣ» дар шумораи тозаи он аст. Нашрия навиштааст, ба дунболи ҷорӣ кардани қарордодҳои фучерӣ қарзҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ба маротиб афзудааст, ки иллати аслии он - ҳосили пасти зироот аз ҷумла пунба ва коҳиши баромади нахи пунба дар солҳои ахир будаст.

Имрӯз, 10 январ, аз таъсиси Оҷонси назорати давлатии моливӣ ва мубориза бо фасодкории Тоҷикистон як сол мегузарад ва дар зимн нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон: «Ҷумҳурият» бо масъулини ин оҷонсӣ мусоҳибаи ихтисосие анҷом додааст. Ба навиштаи рӯзнома, дар соли гузашта ин оҷонсӣ 464 ҷиноёти марбут ба фасоди молиро кашф карда ва дар робита пас аз тафтиш 137 парвандаи ҷиноӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.

Ва ҳафтаномаи хонаводагии «Зан ва мард» дар як матлаб аз ишқи аввалину охирини Дмитрий Медведев, номзад ба курсии раёсати ҷумҳури Русия қисса кардааст. Ба навиштаи нашрия, ҳамсари оқои Медведев, Светлана Медведева аз ҳоло равобити худ ба шабнишиниҳои зиёиёнро қатъ карда, ордени занонаи маъбади православии Русияро ба даст овардааст.