Шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон қарор карда буд, ки охирин муҷассамаи Ленинро аз порки марказии фарҳангиву фароғатии Душанбе бардорад.
Шаҳрдорӣ тасмим гирифтааст, ки баъди барафкандани ҳайкали мазкур онро ба ихтиёри Бунёди ҳунари Тоҷикистон диҳад.
Ҳамин тариқ, тақозои Ҳизби кумунисти Тоҷикистон аз давлати кишвар ҷиҳати интиқоли ин муҷассама ба ситоди ҳизб, воқеъ дар шаҳри Душанбе, бидуни натиҷа анҷомид.