Мулло Абдусалом дар остонаи амалиёти муштараки нерӯҳои Афғонистон ва Амрикову Бритониё бар зидди Толибон дар вулусволии Мусоқалъаи вилояти Ҳилманд ба нерӯҳои давлатӣ пайваст.
Ин вулусволӣ тақрибан як сол дар тасарруфи нерӯҳои Толибон қарор дошт. Баъд аз анҷоми амалиёти густарда Мусоқалъа 4-уми декабр ба контроли нерӯҳои давлатӣ даромад. Ҳумоюн Ҳамидзода, сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон, мегӯяд, тасмими Мулло Абдусалом далели музокироти ҷониби давлат бо Толибони ислоҳҳотталаб аст, ки дар натиҷа душманони собиқ қонуни давлати исломии Афғонистонро эътироф мекунанд ва аз мубориза бар зидди давлат даст мекашанд. Ҳамидризо чунин мегӯяд: «Мулло Абдусалом сардори вулусволии Мусоқалъа таъйин шудааст. Вай аз сиёсати давлат ҷонибдорӣ мекунад. Қаблан раисиҷумҳур гуфта буд, ки ҳамаи толибони Қонуни асосии кишварро эътирофкунанда ва хоҳони бидуни роҳандозии нооромиҳо ширкат кардан дар равандҳои сиёсӣ мавриди истиқбол қарор мегиранд. Мулло Абдусалом дар озодии Мусоқалъа аз аносири террористӣ нақш дошт».
Дар ҳамин ҳол, Пирмуҳаммад, муъовини раиси вулусволии Мусоқалъа, низ дар гуфтугӯе бо хабаргузории «Франс-пресс» таъйид кардааст, ки мардуми ин маҳал аз Мулло Абдусалом ҷонибдорӣ мекунанд ва давлат ҳангоми тасмимгирӣ дар мавриди таъийни ӯ дархости аҳолии маҳаллиро ба назар гирифтааст. Мулло Абдуссалом дар як суҳбати телефонӣ бо радиои «Озодӣ» дар бораи вазъи кунунии Мусоқалъа изҳори ақида кард ва ба суъоли хабарнигори радиои «Озодӣ» дар ин бора, ки раванди пайвастани Толибони мусаллаҳ бо давлат дар ин вулусволӣ то чӣ андоза муваффақ будааст, чунин посух дод: «Сад дарсад. Пештар душвориҳо зиёд буд. Бовариву эътимод вуҷуд надошт. Ба касе бовар намекарданд. Мардум намедонистанд бо кӣ тамос гиранд. Ҳоло онҳо бо ман гуфтугӯ мекунанд. Ҳоло онҳо ба ман ва ман ба онҳо бовар мекунем».
Мулло Абдусалом замоне фармондеҳи аршади Толибон дар вулусволии Мусоқалъа буд. Ӯ мегӯяд, баъд аз суқути Толибон ҷанг даст кашид ва ба зиндагии маъмулӣ баргаштааст. Вале Мулло Шермуҳаммад, волии Ҳилманд, ӯро боздошт ва 8 моҳ зиндонӣ кард. Баъд аз раҳоӣ аз зиндон вай дар зодгоҳи худ Мусоқалъа ба узвияти Шӯрои қабилаи Ализай даромад. Моҳи феврали соли 2007 Толибон ба Мусоқалъа ҳамла бурданд. Бо машварати сарони қабоили инҷо ва тавофуқоти зиддунақиз нерӯҳои Бритониё аз Мусоқалъа хориҷ шуданд. Ба ҳамин тартиб, 4-уми декабр дар ҷарраёни амалиёти муштараки нерӯҳои давлатӣ ва эътилоф Мусоқалъа дубора ба контроли давлат даромад. Мақомоти давлатӣ эътироф мекунанд, ки дар ин кор Мулло Абдусалом низ саҳм дорад. Вай қабл аз суқути режими Толибон ё дар замони ҳукумати Толибон муддате дар вилояти Урузгон волӣ низ будааст. Аммо Кристофер Лэнгтон, коршиноси умури Афғонистон дар институти байнулмиллалии мутолиъоти стротежӣ дар Лондон, ҳушдор додааст, ки ҳимояти мулло Абдусалом аз ҳукумати марказӣ дар Кобул ҷанбаи маҳаллӣ дорад. Лэнгтон мегӯяд, ки Мусоқалъа аз лиҳози стротежӣ минтақаи муҳиммест ва аҳаммияти он набояд нодида гирифта шавад.