Инфиҷори зидди ҳомиёни сулҳи СМ дар Бейрут

Дар натиҷаи инфиҷори як бомб дар ҷануби Бейрут, пойтахти Лубнон, ду сарбози ҳомии сулҳи Созмони Милали Муттаҳид захм бардоштаанд. Таркиш дар шаҳри соҳилии Сидон дар наздикии мошини ҳомиёни сулҳ ба вуқӯъ пайвастааст. Мансубияти миллии сарбозони Созмони Милал эълон нашудааст.