Ёқуб Салимов то ба ҳол дар СИЗО-ст

Вазири собиқи умури дохилаи Тоҷикистон Ёқуб Салимов то ҳанӯз дар боздоштгоҳи муваққатии вазорати адлия нигаҳдорӣ мешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки аз рӯзи эъломи ҳукми додгоҳ, ки ӯро барои 15 сол равонаи зиндон кардааст, беш аз дуввуним сол сипарӣ шудааст. Хешовандон ва вакили мудофеъи Ёқуб Салимов мегӯянд, чандин бор аз парлумони кишвар, Додситонии кулл, Додгоҳи олӣ ва вазорати адлия хостори интиқоли ӯ аз боздоштгоҳи муваққатӣ ё, ба истилоҳ СИЗО, ба муассисаи ислоҳӣ шудаанд. Ахиран модари Ёқуб Салимов низ унвонии раисҷумҳур номаи боз навишта ва аз ӯ дархости расидагӣ ба ин мушкили писараш шудааст.

Дар номаи худ Ашӯрбӣ Салимова, модари вазири пешини корҳои дохилӣ Ёқуб Салимов, аз раисҷумҳури Тоҷикистон хостори афви фарзандаш шудааст. Ӯ аз ҷумла менависад: «Ман модаре ҳастам, ки аз дидани рӯи фарзандам маҳрумам ва ҷудоии мо чанд сол аст давом мекунад. Умеди дидори писарам Ёқубро танҳо шумо, ҷаноби раисҷумҳур, метавонед ба ман диҳед».

Иронгул Темурова, яке аз пайвандони Ёқуб Салимов, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, хонаводаи генерали зиндониро вазъи сиҳатии ӯ нигарон кардааст. Хонум Темурова гуфт, Ёқуб Салимов, ки дар боздоштгоҳи муваққатии вазорати адлия нигаҳдорӣ мешавад, аз фишори баланди хун, дарди қалб ва ҷароҳате, ки соли 1997 дар Хуҷанд, ҳангоми ҳифзи ҷони раисҷумҳур аз сӯйиқасд бардоштааст, ранҷ мебарад.

Иронгул Темурова афзуд, «ҳоло барои Ёқуб на ҳукумат ва на курсии мансабе лозим нест, танҳо мехоҳад ба дидори ҳамсару фарзандонаш, ки дар ғарибӣ ба сар мебаранд, бирасад ва дар бари онҳо бошад. Ҳоло вазъи саломатиаш низ хуб нест, пас аз азобе, ки дар Хуҷанд кашида буд, то ҳанӯз ҷароҳатҳои бардоштааш ӯро азият медиҳанд. Мо илтимос дорем, ки ӯро ба маҳбас интиқол диҳанд, то имкони дидору мулоқоти аҳли хонаводааш бо ӯ осон шавад, чун ҳамсару фарзандонаш бо ӯ чанд сол аст, наметавонанд вохӯранд».

Ва аммо раёсати корҳои ислоҳии вазорати адлия хабарҳо дар мавриди бад шудани вазъи саломатии Ёқуб Салимов дар боздоштгоҳи муваққатро такзиб мекунад. Баҳром Абдулҳақов, муъовини аввали сардори ин раёсат, ба радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир ҳоли Ёқуб Салимов ташвишовар нест ва ӯ таҳти назорати мунтазами пизишкон қарор дорад. Вай афзуд, ҳама ҳуқуқи вазири пешини дохила дар боздоштгоҳ муроъот мешавад ва ӯ тибқи қонун, ҳар сол бо пайвандошан се мулоқоти дарозмуддат ва чаҳор дидори кӯтоҳмуддат анҷом медиҳад.

Дар ҳамин ҳол Саидкомил Қурбонов, вакили дифоъи Ёқуб Салимов дар замони тафтиши парванда ва мурофиаи додгоҳии ӯ, гуфт, пас аз эъломи ҳукми додгоҳ борҳо ба Додситонии кулл, Маҷлиси Олӣ ва вазорати адлия муроҷиат ва хостори интиқоли нафари зерҳимояаш аз боздоштгоҳ ба зиндон шудааст, аммо аз ҳеҷ як ин мақомот посухи рӯшан дарёфт накардааст. Вай афзуд, «талошҳои мо барои рӯшан кардани сабабҳои то се сол нигаҳдории Ёқуб Салимов дар боздоштгоҳ бенатиҷа анҷом ёфтанд. Ҳама мақомот инро медонанд, аммо вокунише нишон намедиҳанд, ҳатто маро ҳамчун вакили дифоъ, пас аз эъломи ҳукми додгоҳ, дигар иҷозаи вуруд ба назди ӯ надоданд». Саидкомил Қурбонов ҳамчунин гуфт, ӯ дигар вакили дифоъи расмии Ёқуб Салимов нест.

Дар ҳамин ҳол ҳуқуқшинос Раҳматилло Зойиров, раиси Анҷумани ҳуқуқшиносони Тоҷикистон, гуфт, бар тибқи қонун, нафари маҳкумшуда бояд дар зарфи даҳ рӯзи пас аз эъломи ҳукми додгоҳ аз боздоштгоҳ ба муассисаи ислоҳӣ таҳвил дода шавад. Ба қавли ӯ, «як ҳолат аст, ки мақомот метавонанд, мӯҳлати нигаҳдории маҳкумшударо дар боздоштгоҳи мувақат нигаҳ доранд, яъне агар нафари муттаҳам дар ҷинояти дигаре мушорикат дошта ва ё шоҳиди он бошад, ё қисме аз маводди парвандааш ба истеҳсолоти дигар ҷудо ва тафтиши иловагӣ доир шавад. Аммо ба иттилоъе, ки ман дорам, ҳоло ширкати Ёқуб Салимов дар ягон ҷинояти дигар муайян нашудааст ва ё ин гуна тафтишот нисбат ба ӯ идома надораду ӯ шоҳиди ҷинояте ҳам нест, нигаҳдории ӯ дар боздоштгоҳи муваққат ғайриқонунӣ мебошад».

Ва аммо дар вазорати адлияи Тоҷикистон аз шарҳи сабаби нигаҳдории Ёқуб Салимов дар боздоштгоҳи муваққат худдорӣ карда, танҳо гуфтанд, ки вазорати адлия наметавонад ҷиҳати интиқоли ӯ ба маҳбас мустақиман тасмим бигирад. Ёқуб Салимов, вазири собиқи умури дохилаи Тоҷикистон соли 1997 ба мушорикат дар ошӯби мусаллаҳона ба раҳбарии Маҳмуд Худойбердиев муттаҳам шуда, аз Тоҷикистон фирор кард. Ӯ соли 2003 дар Маскав боздошт ва дар соли 2004 бо тақозои мақомоти Душанбе, ба Тоҷикистон мустарид шуд.

Генерал Ёқуб Салимов 25 апрели соли 2005 бо ҳукми Додгоҳи Олӣ бо ҷароими сангине ба мисли хиёнат ба ватан, ҳифзу тиҷорати силоҳ ва сӯистифода аз мансаб, ки паёмадҳои вазнин ба думбол доштааст, ба 15 соли зиндон маҳкум шуд. Бо ҳукми додгоҳ ҳамчунин генерали собиқи тоҷик аз тамоми рутбаҳои низомӣ ва ҷоизаҳои давлатӣ маҳрум гардид. Ёқуб Салимов аз фармондеҳони маъруфи Фронти Халқӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буда, дар соли 1992 дар амри ба сари қудрат овардани Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кунунии Тоҷикистон, нақши умда доштааст.