Хабари расонаҳо дар мавриди пайомадҳои тармафароии шоми 21-уми декабр зидду нақиз буданд ва ҳатто ниҳодҳои давлатӣ дар бораи шумори қурбониёни тарма ҳамгун набуданд.
Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ мегӯяд, танҳо 3 нафар қурбони тарма дар Майхура, 66-километрии шимоли Душанбе, шуданд, аммо вазорати корҳои дохилӣ шумори фавтидагонро ба 15 нафар баробар хондааст.
Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори радиои Озодӣ Носирҷони Маъмурзода, сардори идораи роҳу нақлиёти вазорати нақлиёти Тоҷикистон Абдулмаҷид Шарифов иқрор кардааст, ки бинобар худсарӣ ва бемасъулиятии Бозрасии давлатии нақлиётии ВКД дар шимоли Тоҷикистон офати табиӣ дар Майхура талафоти ҷонӣ дар пай дошт.
Аммо суоли аввал аз ҷаноби Шарифов ин буд, ки ниҳоятан ба кадом рақам бояд бовар кард, қурбони тармаи ду ҳафтаи пеш 3, 15 ё ҳудуди 100 нафар будаанд? Ва оё то куҷо хабарҳои ВАО-и кишвар дар бораи шумори қурбониёни тармакӯчӣ асоси воқеӣ доранд?
Посух ба ин ва дигар суолҳоро метавонед дар кунҷи рости болоии сомона бишнавед.