Ширкати «Барқи тоҷик» маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ ба аҳолии Тоҷикистонро шадидтар кардааст.
Феълан ҳар шом дар маҳалҳои шаҳри Душанбе интиқоли нерӯи барқ то 8 соат қатъ мешавад ва дар манотиқи Тоҷикистон, ба ҷои 4 соати таъйиншуда, дар як шабонарӯз танҳо то 2 соат барқ медиҳанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки камтар аз ду моҳи қабл раисиҷумҳури Тоҷикистон ба мақомоти кишвар дастур дода буд, то меъёри интиқоли нерӯи барқ ба аҳолиро то 5 соат дар як шабонарӯз афзун кунанд.
Масъулини ширкати «Барқи тоҷик» мегӯянд, ҷорӣ шудани реҷаи шадидтари интиқоли барқ ба коҳиши мизони воридоти барқи Туркманистону Узбакистон бастагӣ дорад. Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси «Барқи тоҷик», дар робита бо ин масъала гуфт, ки мақомоти Туркманистону Узбакистон, бар хилофи қарордоди имзошуда, ҳаҷми таҳвили барқ ба Тоҷикистонро якҷониба кам кардаанд: «Мо дар як занҷири сарбастаи шабакаҳои барқӣ шомил ҳастем, яъне он барқе, ки Туркманистону Узбакистон истифода намебаранд, аз онҳо «бақия» мемонад, баъд мо истифода мекунем. Ҳоло ба Тоҷикистон дар як шабонарӯз Узбакистон танҳо наздики 2 миллион ва Туркманистон 3 миллион киловатт/соат барқ таҳвил медиҳад. Аммо барои таъмини беҳтари аҳолии кишвар бо нерӯи барқ ба мо на кам аз 12 миллион киловатт/соат барқ дар як шабонарӯз лозим аст».
Ин дар ҳолест, ки, бар асоси тавофуқи Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя, Туркманистон дар зимистон ваъдаи интиқоли 1 миллиарду 200 миллион ва Узбакистон 600 миллион киловатт/соат барқ додаанд.
Ва аммо барқи ворида аз Туркманистон асосан барои бароварда сохтани эҳтиёҷоти корхонаи алюминиуми Тоҷикистон – ТАЛКО масраф мешавад, на барои эҳтиёҷоти сокинони кишвар.
Бо ин ҳама, таҳлилгарон муътақиданд, ки харидории барқи Туркманистон ва Узбакистон наметавонад мушкили камбуди барқро дар Тоҷикистон пурра рафъ кунад. Онҳо мегӯянд, аҳолии кишвар ҳамасола ба 24 миллиард киловатт/соат нерӯи барқ ниёз дорад, аммо нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон дар як сол танҳо 17 миллиард киловатт/соат нерӯи барқ тавлид мекардаанд.
Тоҷикистон тайи 10 соли ахир , бавижа дар фасли сармо, ба буҳрони барқ рӯ ба рӯ мешавад, чун барқи худӣ кам буда ва Узбакистону Қирғизистон, ки аз кишварҳои аслии содиркунандаи барқ ба Тоҷикистон ҳастанд, дар чанд соли ахир мизони интиқоли барқро коҳиш додаанд.
Аммо мақомоти Тоҷикистон бар ин назаранд, ки бо корандозии агрегати якуми нерӯгоҳи Сангтӯда-1 дар охирҳои моҳи январ мушкили бебарқӣ осонтар мешавад ва худи раисиҷумҳур низ дар поёни соли гузашта қавл дода буд, ки дар ду соли оянда Тоҷикистон мустақилияти энергетикӣ касб хоҳад кард ва мушкили бебарқӣ дигар сокинони кишварро азият нахоҳад дод.
Вале ҳоло ҳарчанд ҳаққи истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст, интиқоли он кам ва дар баъзе навоҳии дурдасти кишвар қатъ шудааст. Гуфта мешавад, «Барқи тоҷик» сар аз аввали соли равон ҳаққи истифодаи барқро то як андоза боло бурдааст ва феълан 1 киловатт/соати он 6 дирам аст.
Ёдовар мешавем, ки 1-уми феврали соли гузашта баҳои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон 25 дарсад боло рафт (3,5 дирам барои 1 киловатт/соат).
Дар «Барқи тоҷик» мегӯянд, ки бо ин вуҷуд барқи Тоҷикистон дар қиёс бо кишварҳои дигар ҳанӯз ҳам бисёр арзон боқӣ мемонад.