Дар шаҳри Душанбе Маркази миллии омӯзиши мутахассисин дар роҳи мубориза бо тиҷорати инсон ифтитоҳ гардид.
Гуфта мешавад, ин Марказ нахустин ва ягона чунин марказ дар тамоми Осиёи Марказист ва дар оянда кормандони ниҳодҳои интизомии кишварҳои минтақа низ метавонанд дар он тарзу усулҳои ҷилавгирӣ аз қочоқи инсонро биёомӯзанд.
Барои бунёди ин Маркази таълимӣ Департаменти давлатии ИМА 25 000 доллар ихтисос ва онро Созмони байнулмилалии муҳоҷират дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дод.
Дар расми ифтитоҳи Маркази тамрини мутахассисони риштаи мубориза бо хариду фурӯши инсон муовини сафири ИМА дар Тоҷикистон Том Хушек гуфт, ки ҷиноёти марбут ба қочоқи инсон аслан дар он кишварҳое содир мешаванд, ки мизони гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва аслиҳа баланд ва шароит барои рушди терроризм фароҳам аст. Ӯ дар ин иртибот аз ҷумла гуфт: «Як ҳадафи барномаи Иёлати Муттаҳида оид ба мусоидат ба таъмини амнияти Тоҷикистон – кумак ба мақомоти ин кишвар дар роҳи ҷилавгирӣ аз тиҷорати инсон – аст. Мо ёрии худро барои таҷдиди қонунгузории Тоҷикистон, ба ҳадде ки мавориди қочоқи инсонро шадидан маҳкум ва таъқиби муттаҳаминро пешбинӣ кунанд, идома хоҳем дод. Ҳамчунин бо кумаки молии ҳукумати Амрико ду маркази нав барои қурбониёни қочоқ бо мақсади ба рӯзгори осудаву бехушунат баргаштани онҳо таъсис хоҳад ёфт».
Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз тобистони соли 2007 Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бархӯрди ҳукумати Тоҷикистонро дар роҳи ҷилавгирӣ ва барҳам додани қочоқи инсон нокифоя, аммо талошҳои онро муҳимму ҷиддӣ хонд. Дар гузориши Департаменти давлатӣ ҳамчунин гуфта мешуд, ки давлати Тоҷикистон бояд ҳодисаҳои қочоқи инсонро ҷиддан таҳқиқ кунад ва гунаҳкоронро, бо шумули мақомоти давлатӣ, ки дар ин ҷиноят гоҳе даст доранд, ба муҷозот кашад.
Бар тибқи ин гузориш, наздики 3000 тоҷикистонӣ қурбони қочоқ ва истисмори ҷинсиву корӣ шудаанд ва бозгардонии онҳо аз кишварҳое, ки ин ашхос дар онҳо қочоқ мешаванд, кам иттифоқ уфтодааст.
Ва аммо масъулини Кумисюни муштараки ниҳодҳои зидди хариду фурӯши инсон дар Тоҷикистон ин иддаъоро рад карда мегӯянд, ки дар роҳи ҷилавгирӣ аз ин ҷиноят ва бозгардонии қурбониёни он аз хориҷ талошҳои назаррас анҷом додаанд. Раҷабмурод Толибов, дабири Кумисюни мазкур, изҳор намуд, ки бо таъсиси ин ниҳод мавориди тиҷорати шаҳрвандони Тоҷикистон ба андозаи қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст: «Танҳо дар соли 2007 дар Тоҷикистон 27 ҷинояти марбут ба хариду фурӯши одамон ба қайд гирифта шуд, ки нисфи онҳо ба қочоқи ноболиғон вобаста буда, дар шакли иваз кардану фурӯхтани тифлон ва боқимонда дар шакли истисмори шаҳвонии занон сурат мегирад. Дар Тоҷикистон то ҳоли ҳозир барои истирдоди рабояндагони инсонҳо ва худи қурбониёни қочоқ аз хориҷа заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам гардидааст. Феълан дар мавриди теъдоди қочоқшудаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва кишварҳои дигар маълумоти дақиқ рӯи даст нест, аммо ба тахмин метавон гуфт, ки онҳо тақрибан 400 нафаранд ва мо барои бозгардонии онҳо талош дорем».
Раҷабмурод Толибов ҳамчунин гуфт, Тоҷикистон ба як кишвари пештози Осиёи Марказӣ дар мубориза бо қочоқи инсон табдил ёфтааст ва акнун, бо таъсиси Маркази тамрини мутахассисони риштаи мубориза бо ин навъи ҷиноят, дар бозомӯзии коршиносони риштаи қочоқи инсон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.
Ба ин андеша намояндагии Созмони байнулмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон низ мувофиқ аст. Мукаррама Бурҳонова, корманди ин ниҳод, зикр намуд: «Ифтитоҳи ин марказ маънои онро надорад, ки мизони чунин ҷиноятҳо дар Тоҷикистон бештар аз кишварҳои дигари минтақа аст. Созмони байнуалмилалии муҳоҷират кӯшишҳои давлати Тоҷикистонро дар роҳи решакан кардани қочоқи инсон мусбат арзёбӣ мекунад. Вале бисёр муҳим аст, ки шумори мутахассисони риштаи мазкур дар Тоҷикистон афзун шавад ва ихтисоси онҳо низ такмил ёбад. Дар ду соли ахир беш аз 100 шаҳрванди рабудашудаи Тоҷикистон аз хориҷа ба ватан баргардонида шуданд».