Бадахшон: поёни муҳлати сабти номи созмонҳои ҷамъиятӣ

Раёсати адлияи Бадахшон бо поёни муҳлати азнавбақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ эълон дошт, аз 159 иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки дар минтақа фаъолият мекарданд, танҳо 61-то аз нав сабти ном шудаанд.

Муъвини сардори раёсати адлияи вилоят Шуҳрат Мирзошарипов гуфт, 98 иттиҳодияи ҷамъиятӣ барои азнавбақайдгирӣ ба раёсати адлия муроҷиат накардаанд ва сабаби ин ҳолат барояшон номаълум боқӣ мемонад, зеро барои азнавбақайдгирӣ иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ муҳлати кофӣ дар ихтиёр доштаанд ва монеъаи дар сари роҳашон эҷод нашуда буд.

Вай баён дошт, раёсат ба иттиҳодияҳо кумаки хуқуқӣ расондааст ва дар ҷараёни бақайдгирӣ расман асноди фақат як иттиҳодияи ҷамъиятӣ рад гардида, пас аз ба тартиб даровардани хуҷҷатҳо ин иттиҳодия низ аз нав ба қайд гирифта шудааст. Гуфта мешавад, бештари иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки аз нав ба қайд гирифта шудаанд, дар моҳи охири соли сипаришуда аснодашонро ба раёсати адлия пешниҳод кардаанд. Дар раёсати адлия ин ҳолро чун як вижагии хислати бештари масокин, ки мехоҳанд ҳар як корро дар лахзаҳои охир ба итмом расонанд, арзёбӣ карданд.

Аммо ҳуқуқшинос Алоуддин Меҳмонов аз доираи азнавбақайдгирии давлатӣ берун мондани теъдоди зиёди иттиҳодияҳои ҷамъиятиро дар Бадахшон як навъ нишонаи эътироз ва норизоиятии иттиҳодияҳои ҷамъиятиӣ аз афзоиши фишор болои онҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ мешуморад. Ба гуфтаи роҳбари маркази дастгирии ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар маркази устони Бадахшон Бурибек Бурибеков тибқи қонун азнавбақайдгирии давлатии иттиҳодиҳои ҷамъиятӣ бояд бе пардохти маблағ сурат мегирифт, аммо дар амал аз иттиҳодияҳо ҳам боҷи давлатӣ ва ҳам маблағи муайян дар доираи расонидани кумаки хуқуқӣ ситонида шудааст.

Вай мушкилоти молӣ, коғазбозӣ ва шароити ҷуғрофии минтақаро яке аз сабабҳои дигари аз тарафи бештари иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ пешниҳод накардани аснод барои азнавбақайдгирӣ ба раёсати адлия арзёбӣ кард. Дар ҳамин ҳол, ба дунболи тасвиби қонуни нав оиди иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз моҳи маи соли 2007-ум то ба имрӯз дар Бадахшон 15-ташкилоти ҷамъиятии нав таъсис ёфтааст.