Зимни сафаре, ки интизор меравад, як ҳафта давом ёбад, оқои Буш нахуст аз Исроил ва каронаи бохтарии руди Урдун, Арабистони Саудӣ ва дигар мамолики араб дидан хоҳад кард.
Раҳбари Амрико гуфт, пешбинӣ мекунад, ки дар давоми мусофираташ аз ӯ дар бораи гузориши ниҳодҳои истихборотии ИМА савол хоҳанд кард. Тибқи ин гузориш Эрон барномаи тавлиди силоҳи ҳастаиашро соли 2003 мутаваққиф намудааст. Ҷорҷ Буш афзуд, ӯ бар ин ақидааст, ки бино бар баровардҳои гузориш, кишваре, ки барномаи тавлиди силоҳи ҳастаиашро қатъ кардааст, ба осонӣ метавонад ин барномаро аз сар бигирад, ва ба ҳамин хотир ҳам, Эрон ҳанӯз низ барои амнияти Амрико мояи хатар боқӣ мемонад.
Дар робита ба идомаи бунёди маҳалҳои зисти яҳудӣ дар қаламрави Фаластин раҳбари Амрико изҳор намуд, ки ин воқеан ба раванди музокироти сулҳи миёни Исроилу фаластиниҳо ки ба тозагӣ аз сар гирифта шуд, латма мезанад.
Буш ба хабаргузории Рейтер гуфт, ин мушкилро бо раҳбарияти Исроилу фаластиниҳо баррасӣ хоҳад кард. Раисҷумҳури ИМА гуфт, ҳамаи ин шаҳракҳои ғайриқонунӣ бояд тахриб шаванд ва ба гуфтаи ӯ, раҳбарияти Исроил инро ваъда кардааст.