Харҷи тӯйҳо коста шуд, харҷи ҳукумат чӣ хел?

Террори Беназир Бҳутто - раҳбари Ҳизби мардумии Покистон ва сарвазири собиқи ин кишвар ба мавзӯи меҳварии нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта қарор гирифтааст.

«Миллат» навиштааст, баъди сӯиқасди ноҷавонмардона ба ҷони Аҳмадшоҳи Масъуд, террори Беназир Бҳутто марҳалаи дуввум дар фаъолиятиҳои террористии ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Ба навиштаи нашрия, террори Аҳмадшоҳи Масъуд дар тағйири сиёсати ҷаҳонӣ ва вуруди низомии кишварҳои ғарбӣ ва Амрико ба Афғонистон ва минтақа замина фароҳам карда бошад, аммо имкон дорад, ки баъди сӯиқасд ба ҷони Беназир Бҳутто ҳукумат дар Покистон ба дасти ифротиҳои мазҳабӣ афтад. Дар ин сурат истифодаи як ё ду навбати истифода аз силоҳи ҳастаӣ дар кишваре, ки чунин силоҳҳо дошта ва зимомашро низ ифротиҳо ба даст мегиранд, ба вуҷуд ояд.

«Нигоҳ» - яке дигар аз нашрияҳои мустақили чопи Душанбе зимни нашри як мусоҳибаи муфаcсал бо Алиризо Кирмонӣ - коршиноси эронии муқими Тоҷикистон, масъалаи террори Беназир Бҳутто ва омилони ин фоҷиаро ба баррасӣ гирифтааст. Ба андешаи ин коршинос, дар қатли даҳшатбори раҳбари собиқи Ҳизби мардумии Покистон баъид аст, ки Парвиз Мушарраф – раисҷумҳури Покистон ва ё Навоз Шариф - нахуствазири пешини ин кишвар даст дошта бошанд. Аммо ин коршинос даст доштани чеҳраҳое дар дохили ҳизби ҳоким ва бархе аз аносири тунд ва ифротӣ дар дохили дастгоҳи иттилоотии артиши Покистонро, ки ҳанӯзам соҳиби нуфузанд, рад накардааст.

«Фараж» - нашрияи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар идомаи силсиламатолибаш дар робита ба ҳаводиси солҳои ҷанги шаҳрвандии кишвар таҳти унвони «Қатли писари партия» матлаберо аз сарнавишти фоҷиафарҷоми Лочин Нуров - яке аз қаҳрамонони меҳнати сосиалистии замони Шӯравӣ ба нашр расонидааст. Муаллифи матлаб менависад, ки Лочин Нуров - яке аз пирони куҳансоли водии Вахш тамоми умри худро сарфи ободонии навоҳии Шаҳритусу Қубодиён карда ва соҳиби обруву нуфуз ва баландтарин ҷоизаи замони шӯравӣ шуда буд. Вай мехост, бо истифода аз ҳамин обруи худ бархе аз фармондеҳони Фронти халқиро ба сулҳу муросо даъват кунад, то ки бо ҳамин роҳ аз фирори маҷбурии мардуми минтақа ба Афғонистон ҷилавгирӣ шавад. Аммо тоқии хунолуди пирамардро баъди чанд соати мулоқот бо ин қумандонон пайвандонаш аз соҳили руди Вахш пайдо мекунанд, вале то кунун ҷасади ӯ ва қабри ӯ номаълум боқӣ мондааст.

«Тоҷикистон» зери сарлавҳаи «Обмӯрии мо аз боғ калон аст» мавзӯи харҷ аз сӯи ҳукуматро ба баррасӣ гирифта менависад, ки дар ҳоле, ки қонуни танзими расму анъана қабул шуд, бархе аз ҷашнҳо ва маросимҳои давлатӣ ҳамоно бо маcрaфи зиёд анҷом дода мешавад. Нашрия менависад, ки бархе аз масъулони вазоратхонаҳои Тоҷикистон дутоӣ мошини хидматӣ доранд, дар ҳоле, ки барои мисол кормандони умури дохила гоҳо ба иллати набуди мошин саривақт ба маҳалли ҳодиса расида наметавонанд. Нашрия пешниҳод мекунад, дар ҳоле, ки соҳаи кишоварзӣ тақрибан ба бахши хусусӣ тааллуқ дорад, ҳифзи шӯъбаҳои кишоварзӣ дар ҳукумати марказӣ, вилоят ва ноҳия зарурат надорад.

«Азия плюс» навиштааст, ширкати «Самарқанд эйрвейз»-и Ӯзбакистон тасмим гирифтааст, парвози ҳавопаймоҳои боркашро миёни Тошканд ва Душанбе дар соли равон роҳандозӣ кунад. Дар назар аст, барои анҷоми ин кор аз самолётҳои сохти русии АН-26 ва ИЛ-76 истифода шавад.