Маргталаб 4 ироқиро ба қатл расонд

Имрӯз дар шаҳри Баъқубаи Ироқ бомбгузори маргталаб болои як гашт(патрул)-и зидди ал-Қоида ҳамла карда, камаш чор нафарро ба қатл расонд. Гаштҳои зидди силоҳбадастони Ал-Қоидаро қабилаҳои ироқӣ бо кумаки ИМА ташкил кардаанд. Як рӯз пеш дар Бағдод бомбгузори маргталаб болои маросими ҷанозаи мусулмонони шиа ҳамла карда, камаш 30 нафарро ба ҳалокат расонда буд.