Қаҳрамонҳои нави гуштии озоди Тоҷикистон

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи гуштии озод бо пирӯзии паҳлавонони шаҳри Душанбе ба анҷом расид.

Сардовари ин мусобиқот Ҳикматулло Зайдуллоев ба радиои Озодӣ гуфт, сабқати қаҳрамонӣ бо ширкати ҳудуди 100 гуштигир аз манотиқи мухталифи кишвар дар толори мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ тӯли ду рӯз идома кард. Вай афзуд: «Ҳадафи ин мусобиқот муайян кардани дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон буд, ки шарафи кишварро соли равон дар мусобиқоти байнулмилалӣ ҳимоя хоҳад кард.»

Дар рақобатҳои инфиродӣ 7 нафар паҳлавонони шаҳри Душанбе – Тоҷиддин Хоҷаев дар вазни то 55 кг, Эраҷ Табаров дар вазни то 60 кг, Аъзам Сӯфиев дар вазни то 66 кг, Комил Шералиев дар вазни то 74 кг, Назар Муродбеков дар вазни то 84 кг, Эраҷ Азизов дар вазни то 96 кг ва Сослан Соколаев дар вазни то 120 кг - ба дарёфти унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гардиданд. Танҳо дар сабқати паҳлавонони вазнашон то 74 кг Комил Шералиев, аз шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мақоми аввалро касб карда, соҳиби медали тилло шуд.