Профессор 5 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе профессори шинохта Гузел Майтдиноваро ба муддати 5 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Бар асоси ҳукми додгоҳ, доктори улуми таърих профессори Донишгоҳи (Славянии) Русӣ-Тоҷикӣ ва директори Маркази таҳқиқотҳои геополитикии донишгоҳи мазкур Гузел Майтдинова аз рӯи қисми 3-и моддаи 356 (зӯроварӣ нисбати корманди додгоҳ ҳангоми иҷрои қарори додгоҳ)-и Ойинномаи кайфарии Тоҷикистон муҷозот шуда, метавонад баъди 3 соли адои ҷазо ба озодӣ барояд.
Дар ҳамин ҳол Шарофат Арабова, духтари профессор Г. Майтдинова, гуфт, аз рӯи ин парвандаи ҷиноӣ чаҳор ҷаласаи додгоҳӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни онҳо ба профессори машҳур иттиҳомҳои таҳқиру расонидани қароҳатҳои ҷисмонӣ ва муқовимат ба иҷрои қарори додгоҳ ҷурмҳо ироъа мешуд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ин мурофиъаи додгоҳӣ як намоиши музҳикеро мемонд ва дар он нишондодҳои шоҳидон, ки ба як овоз аз ҷой надоштани иттиҳомоти ба Г. Майтдинова воридшаванда сухан гуфтанд, мутлақан ба инобат гирифта нашуд. Хонум Ш. Арабова афзуд, додгоҳ ҳатто чунин қонунвайронкуниҳои фоҳиш аз ҷониби муҷриёни додгоҳӣ чун убур аз ваколатҳои худ, ихроҷ аз манзил бидуни доштани аснодӣ лозим, ғайриқонунӣ тахриб кардани хона ва ғайраро ба эътибор нагирифт: «Дар баробари ин такрори онро, ки дар назди қонун ҳама баробаранд, қатъ намекард».
Хонум Шафоат Арабова дар охир гуфт: «Модарамро бо аъмоле айбдор мекарданд, ки ӯ аслан накардааст, Вай барои ба президенти кишвар нома навишта, дар он асомии ҳама додгустарон (судяҳо)-и ҳангоми баррасии парвандааш ба ин кор алоқамандро овардааст. Дар мурофиъа ӯ талаб кард, ки туҳматгарону шоҳидони тақаллубӣ Б. Зоиров ва Г. Назаров ба курсии айбдоршавандаҳо шинонда шаванд».
Гуфта мешавад, вакили додгоҳии Г. Майтдинова дар мавриди аз ҷумла гузаронидани ташхиси такрории тиббӣ ва, бино бар ҷой надоштани ҳодисаи ҷиноят, қатъ намудани парванда 5 дархост омода намуд, вале онҳо аз ҷониби раиси мурофиъаи додгоҳӣ рафъ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 17-уми октябри соли ҷорӣ ҳукумати шаҳри Душанбе амалиёти аз манзили шахсиашон зӯран ихроҷ кардани аҳли оилаи Г. Майтдиноваро шурӯъ карданд. Ҳанӯз тобистони соли 2006 мудирияти ҳукумати пойтахт ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷиҳати аз хонаҳои истиқоматии фонди истиқоматии хусусӣ ихроҷ кардани гурӯҳи истиқоматкунандагони кӯчаи 1-уми Ш. Руставелӣ дар алоқа ба гирифтани заминҳо барои заруратҳои давлативу ҷамъиятӣ шикоят бурда буд. 10-уми марти соли 2007 ҳукумати пойтахт ба иҷрои қарори раиси шаҳр дар бораи дар ҷои собиқ қаҳвахонаи «Бадахшон» сохтмони Қасри ҷавонон шурӯъ намуд. Баъди ду моҳ ҳукумати шаҳр қарор кард, ки бар тибқи он 14 манзили, ба истилоҳ, инфиродӣ таҳти тахриб қарор мегирифт. Бар ивази тахриби хонаҳояшон ба ин оилаҳо манзилҳое пешниҳод гардид, ки соҳибони манзилҳои тахрибшаванда баробарқиматии онҳоро зери суъол қарор доданд.
Ҳамин тариқ, Г. Майтдинова ба ҷои хонаи куҳна, вале ба 100 метри мураббаъ арзанда ҳукумати шаҳр ба ӯ манзилеро дар бинои 9-ошёна дар канораи шаҳр, ки осонсур (лифт)-аш кор намекард, пешниҳод кард. Бар тибқи ҳамон қарори ҳукумат, то 11-уми июни соли 2007 ҳама сокинони ин 14 хонаи тахрибшаванда мебоист манозилашонро озод мекарданд. Ба он, ки аз ҷониби додситонии шаҳри Душанбе дар баробари қабули қарор оид ба ихроҷи Г. Майтдинова қонуншиканиҳои зиёд ҷой доштанд, нигоҳ накарда, 17-уми октябри соли равон ҳукумати пойтахт ба амалиёти ихроҷи оилаи профессор Майтдинова шурӯъ намуд. Байни Майтдинова ва муҷриёни додгоҳӣ муноқиша сар зад, ки дар натиҷаи он амалҳои Майтдинова ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои истиқоматии худ аз ҷониби додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамчун ҷиноят арзёбӣ шуданд.