Ҳимояти сафири Амрико аз оштӣ бо толибҳо

Сафири Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон Вилём Вуд мегӯяд, ба гуфтушуниди оштӣ бо толибоне, ки марбут ба Ал қоида нестанд, назари мусбат дорад. Изҳороти ӯ дар ҳоле садо дод, ки Кобул ду дипломати аврупоиро бо иттиҳоми музокирот бо толибҳо ихроҷ кардааст. Сафири Амрико дар Кобул гуфт, мутмаъин аст, ки дипломатҳо бо нияти хайр амал кардаанд